Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шабнишинии хатмкунандаҳои мактаб мамнӯъ шуд


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Муаллимон, раҳбарони синфҳо ва мудирони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба таври хаттӣ вазифадор шудаанд, ки аз баргузории шабнишинии хатмкунандаҳо ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

Зимни як номаи замонатӣ муаллимону раҳбарони синфҳо ва мудирони мактабҳои Узбакистон ӯҳдадор шудаанд, ки ба баргузории шабнишиниҳои хатмкунандаҳо ва ҷамъоварии маблағ барои харидории тӯҳфаҳо ба муаллимону мудирони мактабҳо, иҷоза нахоҳанд дод.

Як мудири мактаби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Тошканд ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин замина аз Идораи маориф дастури мушаххас расидааст. Ӯ гуфт: "Дар соли ҷорӣ талабот сахттар шудааст. Дирӯз мо шогирдонро бо падару модаронашон даъват карда ва аз онҳо номаи кафолатӣ гирифтем. Ба онҳо гуфтем, дар соли ҷорӣ ҳеҷ гуна маблағ ҷамъоварӣ намешавад. Муаллиме, ки ба чунин амал даст мезанад, аз кор барканор хоҳад шуд."

Дар ҳоле ки мамнӯият барои баргузории шабнишинии хатмкунандаҳо дар Узбакистон дар солҳои қаблӣ низ вуҷуд дошт, аммо хатмкунандаҳои бештари мактабҳо шабнишинӣ баргузор карда ва барои харидории тӯҳфаҳо пул ҷамъоварӣ мекарданд. Дар соли ҷорӣ кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар иҷрои ин дастур ба Идораи маориф кӯмак хоҳанд кард.

Як корманди Шӯъбаи маорифи ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанд ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар соли ҷорӣ ниҳодҳои қудратӣ ин равандро ҷиддан назорат хоҳанд кард. Дар сурати ошкор шудани шабнишинӣ он билофосила қатъ карда шуда ва падару модарону хатмкунандаҳо огоҳонида мешаванд. Мумкин аст мудири мактабу муаллимон аз вазифаҳояшон маҳрум шаванд. Дар ин бора мудирони мактаб ба таври хаттӣ огоҳонида шудаанд."

Дар номаи Идораи маориф таъкид шудааст, чорабиниҳои "Занги охир" ва "Хайр мактаб ва салом коллеҷ" бо ширкати хонандаҳои синфҳои нуҳум дар майдони кушоди мактаб дар муддати на бештар аз як соат баргузор хоҳад шуд. Ба муаллимон танҳо дастагулҳо тақдим шуда, аммо додани тӯҳфа ба онҳо мамнӯъ аст.

Вокуниши падару модарон ба ин гуна талаботи Идораи маориф мухталиф аст. Сокини вилояти Сирдарё бо номи Фазилат мамнӯъ шудани шабнишинӣ ва тақдими тӯҳфа ба муаллимонро иқдоми дуруст медонад. Аммо Муҳаббат, сокини шаҳри Хоразм аз ин мамнӯият интиқод карда ва гуфт, ки шабнишинии хатмкунандаҳои якумр дар хотираҳо мемонад ва аз ин лиҳоз, ҳеч бадӣ надорад, ки хатмкунандаҳо дар боғи истироҳатӣ ё ресторан дилхушӣ кунанд.

Маросими "Занги охир" дар яке аз мактабҳои Душанбе

Маросими "Занги охир" дар яке аз мактабҳои Душанбе

Дар соли ҷорӣ ҳудуди ним миллион нафар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Узбакистонро хатм мекунанд.

Дар Тоҷикистон низ барои баргузории маросимҳои "Занги охир" маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда ва шабнишиниҳои бошукӯҳи хатмкунандаҳо мамнӯъ шудааст.

Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маросими "Занги охир" на дар майдони мактаб, балки дар синфхона ё маҷлисгоҳ бояд баргузор шавад. Тӯли ин маросим ҳудуди 45 дақиқа муқаррар шуда, ҳузури падару модарон ва додани гулдастаю тӯҳфаҳо ба муаллимон манъ шудааст. Масъулони вазорати маориф ба манфиати хонандаҳою падару модарони онҳо донистаанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, барои харидории сару либоси идона, тӯҳфаи омӯзгорон ва хароҷоти дигар ҳудуди 400 то 500 доллари амрикоӣ маблағ лозим будааст ва на ҳамаи падару модари чунин имкони молӣ дорад.

Таҷлили бошукӯҳ аз “Занги охир” дар мактабҳои Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдати ва риояи талаботи қонуни танзими ҷашну маросим соли 2007 бо фармони Вазири вақти маориф Абдуҷаббор Раҳмонов манъ шуда буд. Масъулини вазорати маориф мегӯянд, махсусан дар шаҳр бо вуҷуди фармону дастурҳо хонандагон талош мекарданд, занги охирро бошукӯҳ ҷашн гиранд. Соли 2014 хонандаҳои мактаби 90-и пойтахт бо мошинҳои зиёде ба занги охир омаданд ва дар пай раҳбару муовини ин мактаб аз вазифаҳои худ сабукдӯш шуданд.

Дар солҳои қаблӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар Душанбе, "Занги охир" бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешуд. Хатмкунандагон аввал бо иштироки овозхонҳову раққосаҳо дар мактаб базм барпо менамуданд ва баъд аз хатми он ба кӯчаҳои шаҳр мерехтанд. Аз кӯчаҳои шаҳр ҷашн ба тарабхонаҳо ва ҳатто сайр ба берун аз шаҳр мекӯчид.

XS
SM
MD
LG