Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Узбакистон: "Таъхири парвозҳо ягон ангезаи сиёсӣ надорад." ВИДЕО, САДО


Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов таъхири парвозҳо дар хатсайри Тошканд-Душанберо ба камбуди ҳуҷҷатгузориҳо рабт дод ва гуфт, ки инҷо ягон ангезаи сиёсӣ вуҷуд надорад ва набояд "гурбаи сиёҳро дар хонаи торик кофт".

Сафири Узбакистон, ки рӯзи 4 апрел дар Душанбе зимни муаррифии хатсайри ҳавоии Тошканд-Душанбе-Тошканд, ки аз ҷониби ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” анҷом мешавад, гуфт, таъхири ин парвозҳо ба чанд омил, аз ҷумла таъхир дар оғози фурӯши билетҳо ва то ба ҳол боз нашудани дафтари ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон дар Тошканд рабт дорад.

Ин суханони сафири Узбакистон дар ҳоле садод дод, ки қарор буд субҳи 4 апрел нахустин ҳавопаймои мусофирбари Тошканд-Душанбе ба Тоҷикистон меомад, вале ин парвоз ҳам феълан то як ҳафта ба таъхир афтод. Ҳамингуна парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” ҳам, ки ҳанӯз 20 феврал бояд анҷом мешуд, то ҳол дар ҳолати муаллақ боқӣ монда, суолу нофаҳмиҳоеро дар ин замина эҷод кардааст.

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов таъхири парвозҳо дар хатсайри Тошканд-Душанберо ба камбуди ҳуҷҷатгузориҳо рабт дод.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 4 апрел дипломати баландпояи Узбакистон дар Тоҷикистон, бори дуюм баъди ин ҳама таҳаввулот талош кард ба овозаву ҳадсзаниҳо нуқта гузорад ва таъхири парвозҳоро бештар як омили фанниву ташкилотӣ номид ва эҳтимоли вуҷуди тасмимгириҳои сисёсии пасипардагӣ дар ин қазияро комилан рад кард.

Шоҳқосим Шоҳисломов гуфт, “барқарор шудани парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард. Ман медонам, ки шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон кайҳо боз мунтазиранд, ки ин хатсайр кушода шавад, то вақти зиёди худро дар роҳ сарф накунанд. Ҳамин тавр, хоҳишмандони омадан ба Тоҷикистон аз Узбакистон низ зиёд аст.”

Таъкиди дубораи сафир ба баланд будани нархи чипта

Сафири Узбакистон бори дигар ба масъалаи нархи чипта дар ин хатсайр дахл кард ва гуфт, нарх бояд ҳатман паст карда шавад. Зеро ба қавли ӯ, “бояд мардуми оддӣ парвоз кунанд. Соҳибкорон тавассути моҳ ҳам метавонанд ҳар ҷой, ки хоҳанд раванд.”

Орифҷон Рӯзимуродов, роҳбари намояндагии ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” низ тасдиқ кард, ки нархи чипта арзон карда мешавад. Ӯ гуфт, ҳоло дақиқ гуфта наметавонад, ки чӣ қадар арзон мешавад. Чун ба қавли Рӯзимуродов, ин тасмим дар ҳамоҳангӣ бо ширкати “Сомон Эйр” гирифта мешавад.

Дар ин маросим раҳбари намояндагии ширкати ҳавопаймоии Узбакистон -- "Ҳаво Йӯлларӣ" гуфт, ки то охири ҳафтаи ҷорӣ ҳама ҳуҷҷатҳо барои роҳандозии ин парвозҳо таҳия мешаванд ва қарор аст нахустин парвоз рӯзи сешанбеи 11 апрел аз Тошканд ба Душанбе сурат бигирад. Қарор буд ин парвоз, имрӯз, 4 апрел анҷом мешуд.

“Тавре гуфтам ба қайдгирии намояндагӣ ва сабти мақомоти дахлдорро ҳамагӣ рӯзе пеш ба итмом расондем. Охирин ҳуҷҷатҳоро дирӯз такмил кардем ва фурӯши чиптаҳоро ба роҳ мондем. То ин замон ба таври густурда фурӯши чипта набуд. Агар таваҷҷуҳ карда бошед, ҳамагӣ дар ду рӯзи охир тавассути расонаҳо ва эълони тоблуҳо ба тарғиби фурӯши чипта пардохтем,”-афзуд, Орифҷон Рузимуродов.

Сафири Узбакистон: "Таъхири парвозҳо ягон ангезаи сиёсӣ надорад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки фардо, 5 апрел як ҳайат аз Тоҷикистон ба шумули намояндагони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, вазоратҳои умури хориҷӣ, адлия, нақлиёт ва ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" озими Тошканд мешавад ва як рӯз баъд бо мақомоти Узбакистон роҷеъ ба масоили вобаста ба парвозҳо, аз ҷумла боз кардани намояндагии "Сомон Эйр", гуфтугӯ хоҳанд кард.

Дар маросими муаррифии хатсайри ҳавоии Тошканд -Душанбе-Тошканд, ки дар меҳмонхонаи "Шератон"-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, мақомоти тоҷик, сафирони Амрико, Бритониё, Русия, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо, ширкат доштанд.

Низоми раводид рамзӣ аст

Шоҳқосим Шоҳисломов дар масъалаи низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбекистон гуфт, он бештар хусусияти рамзӣ доранд, чун "арзонтарин виза" мебошад. Сафири Узбекистон гуфт, “ман доимо мегӯям, ки низоми раводид на бар зидди Тоҷикистон ва на ба хотири Узбекистон ҷорӣ шудааст. Низоми раводид ба хотири таъмини амният ҷорӣ шудааст, барои онки мутаассифона дар атрофи мо қувваҳое ҳастанд, ки метавонад ба зиндагии муқаррарӣ халал расонанд. Раводид миёни Тоҷикистон ва Узбекистон рамзӣ аст. 6 доллар барои виза чунин нарх дар ягонҷо нест, ба ғайр аз миёни Тоҷикистон ва Узбекистон.”

Ба қавли ҷаноби Шоҳисломов, “ҳукуматҳои ду кишвар созиш кардаанд, ки нархи аз ҳама пастро барои виза муқаррар кунанд, то шаҳрвандон донанд, ки на танҳо як коғази хушку холӣ, балки виза дарёфт кардаанд. Барои муқоиса бояд бигӯям, ки раводид миёни Узбакистон ва Туркманистон 55 доллар аст, аммо бо Тоҷикистон ҳамагӣ 6 доллар мебошад. Масъалаи низоми раводидро бо дарназардошти беҳбуди вазъи ҷаҳонӣ дар атрофи минтақаи мо, баррасӣ мекунем”

Таърихчаи оғози парвоз миёни Душанбе-Тошканд

Нахустин парвоз аз Душанбе ба Тошканд қарор буд рӯзи 20 феврали соли ҷорӣ анҷом мешуд, вале баъди манъи қабули ҳавопаймои Душанбе, мақомоти Узбакистон гуфтанд, ки парвоз ба далели саривақт таҳия нашудани асноди зарурӣ аз тарафи ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон ба таъхир афтодааст. "Узбекистон ҳаво йуллари" гуфт, қарор буд асноди расмӣ дар бораи парвозҳо аз Душанбе ба Тошканд, чанд рӯз пеш аз парвоз ирсол гардад.

Коре, ки ба иддаи онҳо дар вақташ анҷом нашуд. Дар ниҳояти амр ҷониби Тоҷикистон масъулияти ин ҳолатро ба дӯши худ гирифт, мудири тиҷоратии ширкати "Сомон Эйр" Алишер Рустамов ва масъулини дигарро сабукдӯш ва аз пеш омадани чунин вазъ аз мусофирону ҳамкоронашон дар Узбакистон узрхоҳӣ кард.

Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон, эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд хоҳад буд, иқдоме, ки ҳанӯз қолаби амалӣ касб накардааст.

XS
SM
MD
LG