Пайвандҳои дастрасӣ

Азимов: Ӯзбакистон ҳаргиз тарҳи Роғунро дастгирӣ нахоҳад кард


Рустам Азимов дар ҳамоиши Рӯзи Ӯзбакистон,Тошканд, 2 майи соли 2010.

Рустам Азимов дар ҳамоиши Рӯзи Ӯзбакистон,Тошканд, 2 майи соли 2010.

Муовини аввали сарвазири Ӯзбакистон Рустам Азимов мегӯяд: «Ӯзбакистон ҳаргиз ва дар ҳеч шароите аз тарҳи Роғун ҳимоят нахоҳад кард»

Муовини аввали сарвазири Ӯзбакистон Рустам Азимов изҳор доштааст, ки тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки аз ҳимояти Бонки Ҷаҳонӣ бархӯрдор шудааст, ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ нест.

Ӯзбакистон натиҷаҳои ташхиси тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғунро, ки бо сарпарастии Бонки Ҷаҳонӣ ҷараён гирифта, натиҷаҳои он рӯзи 18 июл дар Алмато эълон шуданд, напазируфт. Дар ҳоле ки ин эътирози Ӯзбакистон ҳанӯз дар ҳамон ҷаласа бо ширкати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа садо додааст, суханронии Рустам Азимов танҳо рӯзи 1 августи сори равон дар торнамои расмии Ҳукумати Ӯзбакистон ба нашр расид.

"ТАРҲИ КУҲНАШУДА"

Азимов гуфтааст, ки ҷараёни ташкили ташхиси тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун, интихоби мушовирон, сармоягузорӣ, мушаххас кардани супоришҳои фаннӣ ва дигар параметрҳои муҳимтарин, ки ба натиҷаи ниҳоии ташхис таъсир доштанд, ба меъёрҳои эътирофшудаи байнулмилалии пажӯҳиш ва арзёбии бетарафона, объективона ва шаффофи тарҳ ҷавобгӯ нестанд.

Муовини аввали сарвазири Ӯзбакистон аз он изҳори норозигӣ кардааст, ки сармоягузории ташхиси фаннии тарҳи Роғун бар дӯши Ҳукумати Тоҷикистон гузошта шудааст, ки тарафи манфиатдор ба шумор меравад.

Рустам Азимов тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғунро «куҳнашуда» номид ва гуфт, он 44 сол пеш, дар давраи азаматписандии Шӯравӣ омода шуда, аз нигоҳи ҳалли муҳандисӣ ва меъёрҳои бинокорӣ ва ҳамчунин шартҳои муосири зистмуҳитӣ ғайри қобили татбиқ аст.

Ба ақидаи ноиби аввали сарвазири Ӯзбакистон, гурӯҳи коршиносонни Бонки Ҷаҳонӣ, баъд аз 3 соли кор натавонист, ба суолҳои ҳаётан муҳими марбут ба ин тарҳ посух диҳад. Вай ин масъалаҳоро ҳамчун масъалаҳои ҳалношуда номбар кард: Хатари офатҳои фаннии марбут ба шароити геологии макони нерӯгоҳ, ярчҳои имконпазир, қабати намак, ҳимояи ҳуқуқи кишварҳои миёна ва поёноби Омӯ ба ҳаҷм ва режими тазминшудаи маҷрои об, махсусан дар давраи обёрӣ, хатар барои муҳити зисти минтақа, таҳлили роҳҳои ивазкунандаи ҳалли камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли сармо.

ПЕШНИҲОДИ БОЗ ЯК ТАШХИСИ ДИГАР

Ҷаноби Азимов заҳмати сесолаи гурӯҳи коршиносонни Бонки Ҷаҳониро «як реферати донишҷӯӣ» номид, ки ба тарҳи Роғун баҳоои ҳиирфаӣ надодааст. Вай пешниҳод кардааст, ки боз як ташхиси ин бор амиқтар гузаронда шавад ва ба гузинаҳои ивазкунандаи Роғун, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна, ангиштӣ ва тарҳҳое рӯ оварда шавад, ки бо сармогузории кам мушкили барқи Тоҷикистонро ҳал кунанд ва мувозанати оби минтақаро ба ҳам назада, хатари фалокатҳои техногенӣ, зистмуҳитӣ ва иҷтимоиро ба миён наоранд.

Маҳалли сохтмони Роғун

Маҳалли сохтмони Роғун

Аз 14 то 18 июл дар шаҳри Алма-Ато зери назари Бонки ҷаҳонӣ баҳси намояндагони ҷомиаҳои шаҳрвандии кишварҳои болообу поёноби Осиёи Марказӣ бар сари натиҷаҳои ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғун доир шуд. Дар баҳси намояндагони 46 ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони шаш кишварҳои болооб ва поёноб (Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон) ширкат доштанд. Дар нишасти Алма-Ато намояндагон аз ҳукумати Тоҷикистон, ширкати «Нерӯгоҳи «Роғун» ва созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ширкат карданд.

Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 18 июл бо пахши як баёния гуфт, дар даври панҷуми машваратҳо, намояндагони кишварҳои поёнобу болооб ҳисоботи кӯтоҳи давраи 2-юми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва ташхиси паёмадҳои зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғунро, ки бо пуштибонии молии Корпортасияи байналмилалии рушд омода шудаанд, баҳс кардаанд.

Ин ду ҳисобот маҳсули ниҳоии ташхиси нерӯгоҳи Роғун аз сӯи коршиносони мустақили ширкатҳои Coyne & Bellier ва Poyry мебошад. Ин ташхисҳо арзёбии амнияти сарбанд, идораи захираҳои обӣ ва истифодаи обанборҳо, таҳлили иқтисодию молиявӣ, сохтани нирӯгоҳ ва чолишҳои марбут ба он, таъсири зистмуҳитӣ ва иҷтимоӣ, таъсир ба кишварҳои атроф ва ҳам таҳлили алтернативаҳои нерӯгоҳи Роғунро дар бар гирифтанд.

Анна Бҷерде, директори омӯзишӣ ва стратегии Бонкӣ Ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна, ки раҳбарии ин нишастро ба ӯҳда дошт, мегӯяд, ки ин мулоқот нуқтаи болотарин баррасиҳои мақомоти давлатӣ, таҳлилгарони мустақил ва коршиносони байналмилалӣ роҷеъ ба ташхиси нерӯгоҳи Роғун буд. Ба гуфтаи ин масъули Бонки ҷаҳонӣ, тавассути ин раванд онҳо тавонистанд яқин ҳосил кунанд, ки ташхис ба шаффофият рӯбарӯ будааст.

БОНКИ ҶАҲОНӢ: РОҒУНРО СОХТАН МУМКИН АСТ

Бар пояи ин гузориш, нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун хатарнок нест, вале бояд доимо монитор шавад. Бино ба нақшаи кории Бонки ҷаҳонӣ, шарҳу баррасиҳои ташхиси нерӯгоҳи «Роғун» то 29 июл идома карда ва дар нимаи аввали моҳи август хулоса шуда, бо ҳамин ташхисе, ки асосан бо талаби Узбакистон 4 сол боз идома дорад, ба поён мерасад.

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун, дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе, бо иқтидори 3600 мегаватт ва тавони тавлиди 13,1 миллиард киловат/соат нирӯи барқ дар як сол ҳанӯз дар поёни солҳои 70 оғоз ёфта, сарбанди 335-метриаш мебоист баландтарин сарбанди дунё мешуд. Вале бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ин сохтмон нотамом монда, дар як сели шадиди баҳори соли 1992 нақбҳои обпартоӣ аллакай сохташудааш зери лой монда, тақрибан 70 метр сарбанди бунёдшудаашро ҳам сел шуста бурд.

Сароҷ Кумар Ҷа

Сароҷ Кумар Ҷа

Ҳоло барои сохтани танҳо навбати аввали ин нирӯгоҳ 590 миллион доллар ва барои бунёди пурраш 2,2 миллиард доллар лозим аст, ки худи давлати Тоҷикистон чунин сармояро надорад. Ҳукумати Тоҷикистон баъди ин ҳама талошҳои бебарори ҷустуҷӯи сармояи хориҷӣ дар оғози соли 2010 ба шурӯи мустақилонаи ин сохтмони барояш ҳаётан муҳим ибтикор кард ва тавассути як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғун аз мардум ва корхонаҳову ширкатҳо тақрибан 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале баъди ҳамагӣ се моҳ маҷбур шуд, таҳти фишори кишварҳои поёноб ва бо дархости созмонҳои байналмилалии молӣ саҳмияфурӯширо қатъ кунад.

ТОҶИКИСТОН: ОБ КАМ НАМЕШАВАД

Давлати Тоҷикистон ба кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ дар Алма-ато итминон додааст, ки аз обанбори Роғун тарзе истифода мекунад, ки маҷрои кунунии дарёҳои фаромарзӣ тағйир нахоҳад ёфт.

Бинобар ин Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, сохтмони неругоҳи Роғун дар ҷаҳорчӯби қонунҳои байналмилалии муосир имконпазир аст. Сароҷ Кумар Ҷа, роҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи миёна дар гуфтааст « бинобар натиҷаҳои гузориши гурӯҳи коршинсони мустақил бунёди садди Роғун дар доираи қонунҳои байналмиллаии муосир бо дарназардошти машваратҳои коршиносон ва ҳамчунин таҳти назорати мониторинги доимӣ имконпазир аст.»

Аммо ҷаноби Ҷа гуфтааст, сармоягузорӣ шудани тадқиқоти Роғун ва маънои онро надоранд, ки бонк дар оянда сохтмони онро сармоягузорӣ мекунад. Дар идомаи суҳбат ин масъули Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки ҳангоми арзёбии тарҳи Роғун, коршиносон ҳамчунин варианти таъмини Тоҷикистон бо нерӯи барқ бидуни бунёди ин нерӯгоҳро низ баррасӣ карданд. Аммо ба гуфтаи Кумар Ҷа, бинобар арзёбии коршиносн бунёди нерӯгоҳи Роғун роҳи аз ҳама арзони таъмини Тоҷикистон бо нерӯи барқ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG