Пайвандҳои дастрасӣ

Хонуме, ки ба зоишгоҳ роҳ наёфт, ба Ӯзбакистон истирдод мешавад


Як шаҳрванди Узбакистон, ки дар остонаи дари таваллудхонаи Владивосток фарзанд ба дунё овардааст, аз Русия ихроҷ мешавад.

Як хонуме аз Ӯзбакистон, ки масъулини зоишгоҳи Владивосток намехостанд ӯро ба беморхона роҳ диҳанд, баъди таваллуди фарзанд ихроҷ мешавад. 8 ноябр матбуоти русӣ дар бораи ҳодисае хабар дод, ки то ҳол аз пурбаҳстарин мавзӯъҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти ин кишвар шудааст.

Хонумеро, ки бо кӯмаки ёрии таъҷилӣ ва ходимони полис ба зоишгоҳи рақами 1-и шаҳри Владивосток оварданд, аввал нагузоштанд ба зоишгоҳ ворид шуда зери назари табибон таваллуд кунад. Баъди баҳсу даъвоҳои зиёд, ниҳоят ӯро ба таваллудхона роҳ доданд ва ӯ фарзанди сеюми худ - писарчаеро ба дунё овард. Масъулини таваллудхона надоштани пул, суғуртаи тиббӣ ва бидуни санад будани ин муҳоҷирзанро баҳона оварда намехостанд, ӯро ба зоишгоҳ роҳ диҳанд.

Баъди як рӯзи нигоҳдорӣ дар зоишгоҳ, ин шаҳрванди Ӯзбакистон зоишгоҳро тарк кард, вале баъди як рӯз боздошт шуд. Мақомот бо баҳонаи надоштани санади иқомат дар Русия ӯро истирдод карданианд.


«Имрӯз кормандони мақомоти муҳоҷирати Русия шаҳрванди Узбакистонро, ки аз таваллудхонаи рақами 1 гурехта буд дастгир карданд. Тавре маълум шуд, вай ба ҳудуди Русия соли 2011 ворид шуда, бо анҷом ёфтани муҳлати будубош ба ватанаш барнагаштааст ва қонуни муҳоҷиратро вайрон кардааст», гуфтааст як корманди хадамоти муҳоҷират ба хабаргузории Интерфакс.

Бори охир ин шаҳрванди Узбакистон худро дар қайди Красноярск мондааст, вале баъдан бозпас гирифтааст.

Ин зан ғайр аз тифли чандрӯзаи худ боз ду кӯдаки ноболиғ дорад, ки эҳтимол меравад онҳоро ҳам дар Русия таввалуд карда бошад.

Ба гуфти мақомоти Русия айни ҳол ҳамаи асноди зарурӣ барои аз ҳудуди Русия хориҷ кардани ин шаҳрванд омода мешавад ва дар назар аст рӯзҳои наздик ӯро ба Ӯзбакистон истирдод кунанд.

Айни замон, баҳсе, ки ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти русӣ бархостааст, асосан марбут ба масъулияти ахлоқии табибони рус дар баробари ин хонум аст. Онҳое, ки аз рафтори масъулини зоишгоҳ ҳимоят мекунанд, мегӯянд, ки ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд ва бидуни санад ва пул мехоҳанд фарзанд ба дунё оранд. Вале мунаққидон аз савганди Ҳиппократ ёдовар шуда, мақомоти зоишгоҳ ва Вазорати беҳдошти Русияро дар он гунаҳгор мекунанд, ки хунсардона ва бидуни ҳеҷ эҳсоси гуноҳ гузоштанд, ки як зани бечора дар рӯи замин дар ҳавои сард таваллуд кунад.

Фаъолони ҳуқуқи башар ин кори масъулинро интиқод карда мегӯянд, ки чунин муносибати ғайриинсонӣ нисбати як муҳоҷири бесанад фардо метавонад нисбати шаҳрвандони худи ин кишвар ҳам татбиқ шавад, дар ҳоле, ки масъулияти табиб дар расондани кӯмаки ҳатмӣ ба бемор дар ҳама гуна шароит, ҳатто шароити ҷанг мебошад.




Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG