Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хоразм духтари 13-сола аз бародараш кӯдак зоид


Дар ноҳияи Шовоти вилояти Хоразми Ӯзбакистон духтари 13-сола аз бародараш обистан шуд ва тифлеро ба дунё овард. Падари кӯдак - бародари 25-солаи ин духтар боздошт шудааст.

Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, ин воқеа дар гузари Оқкӯли деҳаи Бурёчии вилояти Хоразм рӯй дода, номи духтарча (Қ.С) ва бародари ӯ (Қ.Ж) маълуманд, аммо бино бар андешаҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ ифшо намешаванд.

Сирри байни хоҳару бародар рӯзи 20-уми январ, замоне фош шуд, ки вазъи саломатии духтарчаи 13-сола бад шуд ва ӯро ба бемористон, сипас ба зоишгоҳ интиқол доданд. То ин вақт духтарча тавонистааст, ҳомила будани худро аз наздикон, ҳамсинфонаш дар мактаб ва ҳамсоягон пинҳон дорад.

Дар ҳоле, ки полис ҳанӯз хулосаи таҳқиқотро нагуфтааст, атрофиён баъди боздошти бародари духтари наврас бовар ҳосил кардаанд, ки ин кори ӯ будааст.

Яке аз ҳамсоягони ин хонавода ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтааст: “Акаи худаш ин корро кардааст. Вай мутаваллиди соли1989 аст ва то ҳол издивоҷ накардааст. Падару модари духтар аз ҳама гуна сӯҳбат сари ин воқеа каноргирӣ мекунанд. Духтарро рӯзи 20-уми январ ба таваллудхона бурданд ва баъдаш ин воқеа ошкор шудааст. Инҳо гузари Оқкӯлро шармандаи ҷаҳон карданд.”

Бо фош шудани ҷузъиёти воқеа бародари духтарча боздошт шуда, шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шовоти вилояти Хоразм мегӯяд, барои таҳқиқи ҳодиса аз рӯйи банди 118-и Кодекси ҷиноии Ӯзбакистон – “таҷовуз ба номус” парванда боз кардааст. Ин банди қонун барои қаробати ҷинсӣ бо шахсе, ки ба синни 14 нарасидааст, аз 10 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар ҳоле ки падару модари духтарча аз ҳама гуна сӯҳбат худдорӣ мекунанд, ба хабарнигори “Озодӣ” имкон даст надод, аз маҳалли будубош ва вазъи модари наврасу тифли он огоҳ шавад.

Омӯзгорон ва хонандагони мактаби рақами 38-и ноҳияи Шовот, ки духтарча ин ҷо таҳсил мекард, мегӯянд, ҳарчанд дар рафтори ҳаммактаби онҳо баъзе дигаргуниҳо ба мушоҳида мерасид, аслан пайхас нашудааст, ки духтарча обистан аст.

Фаъолони маҳаллаи Оқкӯл маъмурияти мактабро низ айбдор мекунанд, ки аз вазъу ҳоли ин хонандаи мактаб бехабар мондааст. Онҳо мегӯянд, воқеа дар ҳоле иттифоқ афтодааст, ки мудири ин мактаб Роҳат Матёқубова ҳадафи тафтиши ҷиноист, аммо парвандаи ӯ, ба гуфтаи намояндаи шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шовоти вилояти Хоразм, ба ҳомиладор шудани духтарчаи ноболиғ ва таваллуди ӯ рабт надорад.
XS
SM
MD
LG