Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ӯзбакистон қади Сӣ Ҷинпинро «паст» карданд


Акси таҳриршудаи як оҷонсии давлатии Ӯзбакистон аз нишасти СҲШ дар Уфаи Бошқирдистон

Акси таҳриршудаи як оҷонсии давлатии Ӯзбакистон аз нишасти СҲШ дар Уфаи Бошқирдистон

Хабаргузориҳои расмии Ӯзбакистон қомати президенти ин кишварро дар аксҳо баробари қади раҳбари Чин нишон додаанд.

Хабарнигорони оҷонсиҳои расмии Ӯзбакистон аксҳои нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро, ки рӯзҳои 9-11 июл дар шаҳри Уфаи Бошқирдистон баргузор шуд, таҳрир карданд ва дар онҳо қомати президенти кишвари худро ба қади раҳбари Чин баробар нишон додаанд. Дар аксҳои якҷояи раҳбарони Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон қомати Каримов баробар бо қади раҳбари Чин тасвир шудааст, дар ҳоле, ки дар асл қади Ҷинпин аз Каримов балантар аст.

Ин тағйиротро хабарнигори бахши Ӯзбакии радиои Озодӣ Фаррух Юсуфий ҳангоми тамошои хабару аксҳо дар Интернет мушоҳида кардааст. Ба эътимоди вай, аксбардорон ва ё ҳатто муҳаррирони ин аксҳо қади Син Ҷинпини 62-соларо то қади Ислом Каримови 77-сола «поин» овардаанд.

- Дар асл қади Ислом Каримов тахминан 170 см ва қади Ҷинпин – 180 см аст. Бояд гуфт, ки «таҳрир» ё фотошопи чеҳраи президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов барои хабаргузориҳои давлатии ин кишвар як таҷрибаи маъмулӣ шудааст. Онҳо ингуна корҳоро дар гузашта ҳам мекарданд, - мегӯяд хабарнигор.

Фаррух Юсуфий

Фаррух Юсуфий

Ба гуфтаи Фаррух Юсуфий, маъмулан ба таҳрири аксҳои президент хабаргузориҳои давлатии мисли uzreport.uz ва uza.uz роҳ медиҳанд.

- Тафовут дар он аст, ки дар гузашта хабаргузориҳои расмӣ ҳамеша симои президентро суфтаву зебо нишон медоданд ва кӯшиш мекарданд, ки осори доғи сурхаконро аз пӯсташ “пок” кунанд. Вале ин ки ҳоло қади президенти Чинро онҳо “кӯтоҳ” кардаанд, барои мо ногаҳонӣ буд, - мегӯяд Юсуфий.

Аксбардорони ботаҷриба мегӯянд, дар замони шӯравӣ чунин “таҳрирҳо” ё фотошопу ретуш дар нисбати суратҳои раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин карда мешуд. Ҳодисаи дигареро дар ин замина моҳи октябри соли 2014 хабарнигорони Русия ошкор кардаанд. Дафтари матбуоти раҳбари Чувашистон дар як акси дастфишонии президенти Русия Владимир Путин бо раҳбари ин ҷумҳурӣ Михаил Игнатйев тавассути фотошоп намояндаи президент дар минтақаи Поволжйе Михаил Бабичро аз акс комилан “берун” карданд.

Ин мавзӯъ ба як баҳси интернетӣ табдил шуд, вале дафтари матуботи Чувашистон хомӯширо ихтиёр кард. Фаррух Юсуфий мегӯяд, ки эҳтимолан журналистони корманди матбуоти давлатӣ бо ин амали худ хостанд “болотар” аз Каримов будани қади Ҷинпинро пинҳон кунанд ва нагузоранд, ки “раҳбари Чин баландтар аз президенти Ӯзбакистон бошад”. Таърихи аксбардорӣ ҳокист, ки ҳунари таҳрир - фотошоп ё ретуши чеҳраву манзараҳо дар акс ҳамеша ҷой доштааст. Танҳо масъала ин аст, ки мақсади ин таҳрир "на ислоҳ, балки беҳтар кардани” сифати акс аст, мегӯянд аксбардорони касбӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG