Пайвандҳои дастрасӣ

Як овозхон ва оҳангсози узбак дар рӯзҳои аввали моҳи барои мусалмонон муқаддаси Рамазон таронаи наваш бо номи “Ё Рамазон”-ро нашр кардааст.

Шаҳноз Саидқосимова, овозхон ва оҳангсози 36-солаи узбакистонӣ дар оғози моҳи барои мусалмонон муқаддаси Рамазон таронаи наваш бо номи “Ё Рамазон”-ро нашр кард. Дар ин тарона, ки ба гуфтаи Шаҳноз Саидқосимова матнашро низ худи ӯ навиштааст, асосан шарофатҳои ин моҳ тавсиф шуда, дар нақароташ низ батакрор “Хуш омадӣ, Рамазон” хонда мешавад.

Шаҳноз Саидқосимова дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ аз соли 2004 ба ин тараф дар мавзӯъҳои мазҳабӣ тарона мехонад, вале: “Ман то ҳол ин таронаҳоро ҳамчун суруди оддӣ мехонам. Хондани ман аз сабки салавот ва ношиде, ки дар Туркия ё кишварҳои Араб мехонанд, фарқ мекунад. Ман ҳанӯз ба дараҷае насабзидаам, ки салавот ё ношид бихонам. Вале “Ё Рамазон” ҳам мебинам, ки аз тарафи мардум хуб қабл шуд.”

Шаҳноз Саидқосимова мегӯяд, меҳру ҳаваси иҷрои сурудҳои исломиро дар дили ӯ овозхони фақиди узбак Ҳусниддин Холиқов андохтааст. Ӯ мегӯяд, ҳоло як хонандаи дигар бо номи Шӯҳрат Қаюмов низ чунин таронаҳо мехонад.

Шаҳноз Саидқосимова мегӯяд, матни оҳанги тамоми таронаҳояшро қабл аз нашр аз назари Кумитаи дини Узбакистон ва устодони Донишкадаи исломии Тошканд мегузаронад ва танҳо баъди гирифтани иҷозати онҳо пешкаши мухлисон мекунад. Шаҳноз ҳатто барои мусоҳибааш бо Озодӣ низ аз Кумитаи дин иҷозат пурсид ва гуфт, танҳо дар бораи эҷодиёташ сӯҳбат мекунад ва масоили сиёсиро аз вай напурсанд.

"99 номи Аллоҳ"

Шаҳноз Саидқосимова мегӯяд, орзу дорад, ки ситораҳои аввали Узбакистон муштаракан дар оғози моҳи Рамазаон ваё дар арафаи идҳои мусалмонӣ таронаҳои исломӣ бихонанд. Ӯ мегӯяд, худи ӯ то имрӯз 6 таронаи исломӣ навиштааст, вале таронаи ҳафтумаш, ба гуфтаи худи Шаҳноз, бояд он 6 таронаи қаблиро “ба як нӯл бизанад.” Шаҳноз Саидисломова гуфт: “Ин тарона “99 номи Аллоҳ” ном дорад, ки як-як ҳамаи 99 исми Парвардигори моро тавсиф мекунад. Матну оҳанги “99 номи Аллоҳ”-ро низ алакай аз назари Кумитаи дин ва устодони Донишкадаи исломии Тошканд гузарондам ва иҷозати онҳоро гирифтам. Ин тарона дар сабки ношид иҷро хоҳад шуд.”

Шаҳноз Саидқосимова 36 сол дошта, бахши равобити байналмилалии Донишкадаи шарқшиносии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ худро овозхон, оҳангсоз ва шоир муаррифӣ мекунад. Шаҳноз дар Узбакистон бештар бо оҳангҳояш маъруф аст ва 136 тарона навиштааст, ки асосан хонандаҳои дигар, бо шумули ситораҳои маъруфи узбак иҷро мекунанд. Вале чанд таронаи навиштаашро Шаҳноз худаш иҷро кардааст. Аз ҷумла 6 таронаеро, ки дар васфи моҳи Рамазон сурудааст. Ӯ мегӯяд, “99 номи Аллоҳ”-ро ҳам худаш хоҳад хонд.

Самӣ Юсуф

Самӣ Юсуф

Хондани таронаҳои мазҳабӣ дар байни овозхонҳои эстрадаи тоҷик низ зиёд ба чашм мерасад. Вале кам иттифоқ уфтода, ки ягон овозхони тоҷик махсус бахшида ба оғози моҳи Рамазон таронаеро нашр карда бошад. Бештари овозхонҳои эстрадаи тоҷик таронаҳои хонадаи маъруфи таронаҳои исломӣ Самӣ Юсуфро бозхонӣ мекунанд ва баъзан ба шевае ки ба ҷои мухлиси бештар барои ин овозхонҳо баракс дардисар ҳам овардааст.

Таронаҳои исломӣ дар Тоҷикистон

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Чанд сол пеш вақте Парвина Шукруллоева таронаи “Муҳаммад”-и Самӣ Юсуф дар васфи паёмбари Исломро бо либоси нисбатан бози аврупоӣ иҷро кард, ки ба вокуниши тунди доираҳои мазҳабии Тоҷикистон рӯбарӯ шуд. Баъди ӯ вақте Шабнами Сурайё ҳамроҳ бо Ҷонибеки Мурод таронаи “Аллоҳу”-ро иҷро мекард, шояд аз таҷрибаи талхи Парвина сабақ гирифта буд, ки дар консертҳояш ҳангоми иҷрои “Аллоҳу” ҳиҷоб ба сар мекард. Садриддини Наҷмиддин низ чанд сол пеш таронае дар васфи Муҳаммад иҷро карда буд, ки хеле маъруф шуд.

Аммо ба сурати умум, бозори таронаҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон аз бозори овозхонҳои эстрадӣ ҷудост ва дар хондани таронаҳои исломӣ дар ин кишвар хонандаҳое, чун Умари Темур, Муҳаммадсаиди Аҳмад ва Сӯфӣ Зафар, пешдастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG