Пайвандҳои дастрасӣ

Чанд фоли неки нахустин консерти Фирӯза Ҷумъаниёзова дар Душанбе (ВИДЕО)


Фирӯза Ҷумъаниёзова

Фирӯза Ҷумъаниёзова

Баъди қариб ду соли танаффус як овозхони Узбакистон дар пойтахти Тоҷикистон консерт медиҳад. Бисёриҳо консерти Фирӯза Ҷумъаниёзоваро як фоли нек барои ояндаи равобити Душанбеву Тошканд медонанд.

Консерти Фирӯза Ҷумъаниёзова, Ҳунарманди халқии Узбакистон рӯзи 17 ноябрдар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Марҳабо Азизова, сарвари Маркази продюсерии «Марҳабо», масъули баргузории ин консерт ба Радиои Озодӣ гуфт, ризоияти овозхони ӯзбак ба даст оварда шуда, тамоми асноди сафари ӯ ба Тоҷикистон, аз ҷумла раводид, таҳия шудааст: «Як консерти хубе барпо хоҳад шуд. Фирӯза бо раққосаҳояш меояд. Онҳо ҳашт нафар хоҳанд буд. Бар иловаи ин тамоми ҳайати навозандагони ӯ низ ба Душанбе хоҳанд омад. Новобаста аз бархе мушкилот ҳама масъалаҳо ҳал шудаанд. Ду рӯз қабл аз консерт омодагиҳо дар Кохи Ваҳдат шурӯъ мешаванд…»

Ин аввалин консерти як овозхони Узбакистон дар Тоҷикистон дар қариб ду соли охир хоҳад буд. То соли 2011 овозхонони узбак бидуни мушкил дар шаҳрҳои Тоҷикистон консертҳои худро баргузор мекарданд, аммо пас аз ташдиди муносибатҳои ду кишвар рафтуомади онҳо қатъ шуд. Соли 2011 дар Душанбе консерти Юлдуз Усмонова, матраҳтарин овозхони узбак низ бо «далоили фаннӣ» мувақатан ба таъхир гузошта шуд. Ва ин таъхирро ҳоло ду сол мешавад.





Ширкатҳои продюсерӣ, ки ба баргузории консертҳо машғуланд, мегӯянд, даъвати онҳоро тайи ду соли ахир дигар «ситора»-ҳои Узбакистон, аз ҷумла Озодбек Назарбеков ва Севинч Мӯъминова, низ қабул карда натавонистаанд.

Зӯҳро Ҷумъаниёзова, модари Фирӯза Ҷумъаниёзова, ки фаъолиятҳои духтари худро танзим мекунад, дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гуна мушкиле барои сафар ба Тоҷикистон надоранд: «Ҳоло тамринҳо идома доранд. Таронаҳои нав низ омода мешаванд ва таронаҳои пешинаро низ тамрин мекунем. Ҳар касе таронаи нав хоҳад, таронаи нав ва ҳар касе таронаи пешина мехоҳад, таронаи пешинаро гӯш хоҳад кард. Дар бораи дигар тафсилот, вақте омадем, сӯҳбат хоҳем кард.»

Ҷонибек Муродов

Ҷонибек Муродов

То чанд соли пеш овозхонони тоҷик низ дар шаҳрҳои Узбакистон бо ибтикори ширкатҳои продюсерии он кишвар барнома иҷро мекарданд. Соли 2008 дар Бухорову Самарқанд овозхони маъруфи тоҷик Валиҷон Азизов консерт дод ва ба дунболи ӯ соли 2009 Шабнами Сурайё ва Ҷонибеки Мурод, низ аз сарояндагони матраҳи Тоҷикистон, дар ин ду шаҳр ва бар илова, дар шаҳри Қаршӣ барнома иҷро карда буданд.

Ҷонибек Муродов мегӯяд, дар кул вазъ то соли 2010 хеле мусоид буд ва дар хотир дорад, ки ӯ дар як моҳ дар 10 тӯйи арӯсӣ дар Узбакистон даъват шуда буд: «Акнун мо баромад карда наметавонем. Фақат ба таври қочоқӣ ё «пиратӣ» дар бозорҳои Узбакистон дискҳои моро мефурӯшанд. Ҳатто баъзе рафиқонамон мегӯянд, ки даъвати мо ба тӯйҳо низ манъ шудааст ва ҳатто мегуфтаанд, ки дар тӯйҳо таронаҳои тоҷикӣ ҳам нахонед. Хулоса, он ҷо сахт гирифтаанд.»

Аммо ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ин бор барои баргузории консерти Ҳунарманди халқии Ӯзбакистон Фирӯза Ҷумъаниёзова ҳам монеаҳои ҷиддӣ буда наметавонанд. Қарори маълум, «Узбекнаво», иттиҳодияи эстрадии таҳти назорати ҳукумати Узбакистон ҳанӯз соли 2010 муҷаввизи ӯро барои ширкаташ дар як консерт дар Тоҷикистон лағв карда буд.

Ин идора дар Узбакистон чандин ҳунармандони унвондору қаторӣ, аз ҷумла Дилфӯза Раҳимова, Отабек Муталхӯҷаев, Дилшод Раҳмонов, Ботур Қодиров ва дигаронро аз муҷаввиз маҳрум кардааст. Онҳо ҳуқуқи ширкат дар консерту маъракаҳо дар қаламрави ҳатто Узбакистонро аз даст додаанд. Ҷасур Умиров, як овозхони ҷавони муваффақи ӯзбакро «Узбекнаво» ҳатто бо эъзомаш ба пахтачинӣ ҷазо дода буд.

Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон (акси солҳои 90)

Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон (акси солҳои 90)

Бо ин ҳол, як иддаи дигар бар инанд, ки консерти Фирӯза Ҷумъаниёзова метавонад «парастуи аввал» ё паёми неке дар марҳалаи кунунии муносибатҳои Узбакистону Тоҷикистон баъд аз интихоби дигарбораи Эмомалӣ Раҳмон ба маснади президентӣ бошад. Таври маълум, Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон аз аввалинҳо шуда, ҳамтои тоҷикашро бо ин пирӯзӣ табрик кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG