Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи миллатгароёна ба Наргис Зокирова дар Маскав


Наргис Зокирова, сарояндаи маъруфи ӯзбак, мегӯяд, ҳангоми ҳунарнамоӣ дар ресторани Blackstage дар шаҳри Маскав мавриди ҳамлаи ду зани миллатгаро қарор гирифтааст.

Наргис Зокирова, сарояндаи 45-сола аз Узбакистон ва намояндаи сулолаи овозхонҳои маъруфи Зокировҳо, дар ҷараёни консерташ дар як ресторани шаҳри Маскав бар асари ҳамлаи ду зани миллатгарои рус ҷароҳат бардоштааст.

Хонуми Зокирова ва ҳаводоронаш дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram аксҳо ва иттилоъ дар мавриди ин ҳодисаро чоп кардаанд. Ин хабар дар матбуоти Русия ва торнамоҳои Узбакистон низ нашр шудааст.

Торнамои eltuz.com аз қавли шоҳиде бо номи Хушнудбек навиштааст, ин ҳодиса ҳангоми корсерти Наргисдар ресторани Backstage, ки дар маҷмааи КрокусСити Ҳолли Маскав воқеъ аст, рух додааст.

Торнамо навиштааст: "Дар қисмати меҳмонони олиқадр (VIP) зане бо қадаҳи машруб ба саҳна баромада, Наргисро барои узбак буданаш дашном кард ва қадаҳро ба ҷониби сароянда ҳаво додааст".

Тибқи гузоришҳои матбуоти саргармкунандаи Русия, ду зан бо дашному таҳқир ба Наргис Зокирова ҳамла карда, мақомоти тарабхона ин ду занро танҳо бо кӯмаки посбонҳоин аз саҳна берун бурдаанд. Гуфта мешавад, ин ду зан дар Русия соҳиби мақоми баланде будаанд.

Наргис ин вазъро дар саҳифаи Facebook-и худ чунин тасвир кардааст: "Ана меҳмони олиқадр! Ӯ қадаҳ дар даст наздам омада "ту ..." гуфта дод зад. Баъдан ин зан бо нидои "Мисли ту як зани узбак дар манзили ман ташноб тоза мекунад" қадаҳро ба сӯям ҳаво дод. Қадаҳ ба дастгоҳи фаннӣ бархӯрда пор-пора шуд ва шишапораҳо ба рӯи саҳна рехтанд. Дар ҳамин ҳол, муҳофизон, ки таъмини амнияти маро ба ӯҳда доштанд, ба таври сеҳрангез нопадид шуданд. Созмондиҳандагон барои рӯпӯш кардани ин ҳодиса талош карданд."

Ҳаводорони Наргис Зокирова дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостори муҷозоти занҳои ҳамлагар шудаанд.

Коргардони синамои Узбакистон Мастура Исҳоқова, ки аз наздикони Наргис Зокирова аст, дар мавриди ин ҳодиса гуфт: "Наргис Зокирова барои ман нахуст сароянда аст. Ҳасади ҳасудону ҳайрати ҳаводорон як навъ вокуниш аст. Афроди аз фарҳанг дуру ҷоҳил ба чунин амали ваҳшатнок даст мезананд. Имкон дорад, ба мо касе ё чизе хуш наояд. Дар чунин ҳолат аз рафтан ба консерти одаме, ки хушаш надорӣ, бояд парҳез кард. Ман ин занро, ки бо қадаҳ чеҳраи Наргисро захмӣ кардааст, новобаста аз қурбу манзалаташ шадидан маҳкум мекунам."

Қаблан низ Наргис Зокирова дар Русия ба чунин ҳодисаҳо рӯ ба рӯ шудааст. Соли гузашта дар ҷараёни корсерташ дар шаҳри Нижневартовск Наргис Зокирова барои бидуни иҷоза дар Русия фаъолият кардан аз ҷониби кормандони ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷират боздошт шуда буд.

Кормандони ФМС он замон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, хонуми Зокирова, ки шаҳрванди Амрикост, бо визаи сайёҳӣ ҳаққи фаъолияти консертӣ надорад.

Наргис Зокирова соли 1995 ба Амрико кӯч карда ва пас аз дастёбӣ ба мақоми дуюм дар озмуни "Голос" ("Садо")-и шабакаи аввали телевизони Русия ҳамчун овозхон матраҳ шуд.

XS
SM
MD
LG