Пайвандҳои дастрасӣ

Олимони Узбакистон мегӯянд, онҳо ба зудӣ бо ҳадафи кашфи қаҳрамонҳои олимпии оянда озмоиши генетикии кӯдаконро сар мекунанд.

Бо назардошти он ки генҳои инсон метавонанд зарфиятҳои ирсии ӯро нишон диҳанд, солҳо ин ақида дар ҳаво мечархид, ки бо омӯзиши онҳо мешавад ояндаи шахсро муайян кард. Аз ин ҷост, ки олимони Узбакистон мехоҳанд, бо санҷиши генетикии наврасони аз 10-сола боло варзишгарони эҳтимолиро кашф намоянд.

Рустам Муҳаммадов, мудири озмоишгоҳи генетикии Пажуҳишгоҳи кимиёи биоорганикии Узбакистон рӯзи 5-уми январ хабар дод, ки пас аз як марҳилаи омодагӣ, санҷиши генетикии наврасон дар аввалҳои соли 2015 зери назари Фарҳангистони улум ва Кумитаи миллии олимпии Узбакистон ва федератсияҳои футбол, шиноварӣ ва қаиқронӣ оғоз хоҳад ёфт.

Муҳаммадов ва ҳамкоронаш ду сол ба ин сӯ генҳои варзишгарони муваффақи Узбакистонро меомӯзанд. Вай ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз як соли дигар тадқиқоти ӯ ба поён мерасад ва ин ҳайат хоҳад тавонист, маҷмӯаи 50 генеро муаррифӣ кунад, ки ба чемпионҳои оянда хосанд. Вай мегӯяд: "Кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, монанди Иёлоти Муттаҳида, Чин ва давлатҳои Аврупо бо таҳқиқи коди ирсии инсон генҳоеро кашф карданд, ки гароиши шахсро ба навъҳои муайяни варзиш нишон медиҳанд. Мо мехоҳем, бо ин шева қаҳрамонони ояндаи худро интихоб намоем.”

Аз диди ҷаноби Муҳаммадов, пас аз санҷиши ин 50 ген дар намунаи хуни наврас, ба падару модари ӯ гуфта хоҳад шуд, ки ӯ дар кадом намуди варзиш беҳтарин тавонмандиҳоро хоҳад дошт.

Изҳороти Муҳаммадов нишон медиҳад, ки аввалин бор кумитаи олимпии як кишвар ба таври расмӣ шарики барномаҳои генетикии варзишист. Ин андеша ҳамеша баҳсбарангез буд ва агар бархе онро ҷабҳаи пеши илму варзиш медонанд, бархи дигар мегӯянд, чунин пайванд як бунбасти масъалаҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва равониро ба вуҷуд меорад. Вале, ба фарқ аз хӯрдани маводи генетикии қувватафзо барои дастёфт ба натиҷаҳои беҳтари варзишӣ, озмоиши генетикии зарфиятҳои спортӣ аз тарафи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ манъ нашудааст.

Олим ва хабарнигори варзиш, муаллифи китоби пурфурӯши “Гени варзиш”, Дейвид Эпстейн мегӯяд, воқеан варзишгарон генҳои муайян доранд, вале даргумон аст, бо озмоиши онҳо чемпионҳои ояндаро муайян кард: "Аслан, чандон маъние надорад, ки варзишгари ояндаро аз рӯйи генҳояш муайян кунанд. Ин бештар ба табиати инсон рабт дорад, то ба ирсияташ. Бояд бештар табиати физиологии шахсро таҳқиқ кард. Сониян, чандон рӯшан ҳам нест, ки аксари генҳо чӣ вазифа доранд. Ва агар бар пояи шумораи каме аз онҳо тасмимгирӣ шавад, мушаххас кардани пешомад душвор хоҳад буд, зеро агар ин ду бахш чунин кор мекарда бошанд, садҳо ҳазор бахши дигари коди генетикии инсон чӣ хоҳад кард?”

Ҷаноби Эпстейн меафзояд, бори аввал шунидааст, ки санҷиши генетикии кӯдакон метавонад, зарфиятҳои варзишии онҳоро муайян кунад. То ҳол бештар дар бораи ғанисозии таркиби генҳо хабарҳое ба нашр мерасид. Барои намуна, мушаххас шудааст, ки гени ACTN3 танҳо дар нахи мушакҳои зудҷамъшаванда мавҷуд буда, қобилияти ҷаҳидан ва давиданро таъмин мекунанд. Агар инсон чунин генро надошта бошад, ҳаргиз ба қуллаҳои варзиши олимпӣ нахоҳад расид. Аммо мавҷудияти он ба сари худ ва бе омезиш бо ҳазорон гени дигар тазмини ғалабаи олимпӣ буда наметавонад.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ифшои рамзи ирсии шахс қонунӣ нест ва санҷиши маҷбурии ин рамз низ дар бисёр кишварҳо манъ аст. Гузашта аз ин бисёриҳо ба ҷанбаи ахлоқии чунин санҷиш ишора мекунанд. Аммо устоди фалсафа дар Донишгоҳи Стокҳолм, Торбйорн Тансйо мегӯяд, агар озмоиш ба тағйири коди ирсӣ роҳ боз накунад, он зидди ахлоқ нахоҳад буд. Вай меафзояд, агар таҷрибаи Узбакистон камтарин натиҷа ҳам диҳад, қадами баъдии он дасткории генетикаи наврасон хоҳад буд, то табиат ва зарфиятҳои муайяни инсон тағйир дода шавад, зеро ахиран олимон аз ин роҳ ба табобати бархе аз бемориҳо муваффақ шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG