Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳисобҳои бонкии ширкатҳои Гулнораро боздошт карданд


Гулнора Каримова, соли 2012

Гулнора Каримова, соли 2012

Бино ба гузоришҳо аз Узбакистон, ҳисобҳои бонкии ширкати матбуотии Terra Group, ки ба Гулнора Каримова-духтари раиси ҷумҳури ин кишвар тааллуқ дорад, боздошта шудаанд.

Рӯзи сешанбе мақомоти расмии “Infinbank” дар Тошканд ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки сабаби боздошти ҳисобҳои бонкии Terra Group оғози расидагӣ ба фасоди молӣ дар ин ширкат будааст. Кормандони Terra Group таъйид кардаанд, ки ҳоло ин ширкат баста ва ба дари бахши муҳосиботи он мӯҳр зада шудааст.

Зоҳиран чунин иқдом бахши дигаре аз муборизаҳо бо Гулнора Каримова-духтари калонии раҳбари худкомаи Узбакистон Ислом Каримов арзёбӣ мешавад, ки ҳафтаҳои охир созмонҳо ва нашрияҳои вай баста шуданд ва ё ба онҳо расидагӣ сурат мегирад.

Се шабакаи радиоӣ ва 4 шабакаи телевизионии Гулнора, ки барои таблиғи фаъолиятҳои мухталифи тиҷоратии вай мавод ба нашр мерасонданд, пахши барномаҳояшонро боздоштанд ва мақомот мегӯянд, ки сабаби он анҷоми корҳои фаннӣ ва таъмир будааст.

Боздоштани фаъолияти ин шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо оғози ҷашнвораи ҳунар ва мӯди либос дар Тошканд мусодиф омад, ки онро Гулноара Каримова соле як бор баргузор мекунад ва дар матбуот ба таври ҳамаҷониба таблиғ мешавад.

Гулнора Каримова ё овозхон Гугуша

Гулнора Каримова ё овозхон Гугуша

Дар посух ба чунин кор Гулнора бори аввал рӯзи чаҳоршанбе аз тариқи Twitter вокуниш нишон дод. Вай эътироф кард, ки Ожонси матбуотии Узбакистон бо овардани 12 мавриди нақзи қонун шабакаҳои телевизионии ForumTV, SoFTS ва TV-Markaz-TV-и вайро бастааст.

Гулнора дар ҷавоб навиштааст: “Ин нуқсонҳо, албатта, аблаҳона ба назар мерасанд”. Вай ин
суханонро дар ҷавоб ба суоли як ҷонибдораш навишааст, ки сабаби бастани ин шабакаҳоро пурсидааст. Шабакаи чаҳорум, ки NTT ном дорад ва он ҳам баста шудааст, ба яке аз ҳамкорони Гулнора тааллуқ дорад. Ба ҷуз аз бастани чанд шабакаи телевизиониву радиоӣ дастикам ду созмони дигар барои иртиботу ҳамкорӣ бо Гулнора зери бозпурсиву бозҷӯӣ қарор доранд. Онҳо Бунёди хайрияи “Форум” ва Маркази таҳлиливу мутолеоти сиёсӣ мебошанд, ки гӯё молиёт ё андози худро пардохт накардаанд.

Дар давоми ҳафтаҳои охир Гулнора Каримоваи 41 сола шикастҳои дигар ҳам хӯрдааст. Акбаралӣ Абдуллоев-холабачаи вай, ки яке аз миёнравҳои қавии тиҷорати нафт дар водии Фарғона ва шахси наздик ба Гулнора ба шумор меравад, дар аввали моҳ боздошт шуд. Вайро барои ташкили гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ муттаҳам медонанд.

Лола Каримова-Тиллоева бо шавҳараш Темур Тиллоев

Лола Каримова-Тиллоева бо шавҳараш Темур Тиллоев

Лола Каримова-Тиллоева хоҳари хурдии Гулнора моҳи гузашта дар як мусоҳиба розеро ошкор кард. Вай дар мусоҳиба бо бахши узбакии радиои Би Би Си гуфт, ки вай ва хоҳарбузургаш 12 сол аст бо ҳам гап намезананд ва байни онҳо “ҳеҷ иртиботи хонаводаӣ ё хешовандӣ” вуҷуд надорад.
Гулнора дар ҷавоб ба ин гуфтаҳои хоҳараш ба воситаи шабакаи Instagram вайро муттаҳам кард ва навишт, ки Лола бо “фолбину ҷодугар”-ҳо рафту омад мекунад. Вай ҳамчунин изҳори ташвиш кард, ки модари онҳо Татяна Каримова низ ба ҷодугарҳо эътиқод пайдо кардааст.

Як силсила шикастҳо зоҳиран ояндаи сисёсии Гулнораро тира сохтааст. Ин духтари раиси ҷумҳур, ки замоне дипломат буд ва аз вай ситораи ҳунари овозхонии поп ва тарроҳи либос ҳам ном мебаранд, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2015 гӯё ҷойгузини падари 75 солааш пешбинӣ мешуд. То замони гирифторӣ ба чунин ҳол дар матбуоти Узбакистон ба таври густарда заминасозӣ мекарданд, ки Гулнора аз падараш меросбари мақоми раёсати ҷумҳурӣ хоҳад буд.

Истифодаи ҳамаҷонибаи матбуот, ба вижа истифодаи “рангоранг”, изҳороти таблиғотии вай дар Twitter даричае ба Узбакистон буд, ба кишваре, ки дар
инзиво қарор дошт ва дар он ҷо ҳуқуқи башар вазъи тоқатфарсо дорад.
Пешомадҳои охир гувоҳӣ медиҳад, ки шояд Ислом Каримов аз Гулнора ба ғазаб омдааст, зеро дар Шветсарияву Фаронса ва Шветсия ба нақши вай дар шустушӯи пул расидагиҳои пурдомана анҷом мегирад.

Моҷарои духтару падарро нуктаи дигар бузург мекунад, ки Гулнора рӯзи сешанбе дар сафҳаи Twitter-и худ раҳбари худкомаи Узбакистонро ба Иосиф Сталин монанд кардааст. Гулнора аз филми давраи Шӯравӣ, ки “Писари падари миллат” ном дорад, чунин иқтибос овардааст: “Рафиқ Сталин буд ва хоҳад монд” ва илова кардааст: “Вай падари ман аст ва падари ман хоҳад монд то замоне, ки ман нафас мекашам”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG