Пайвандҳои дастрасӣ

91,1 фоиз. Интихоботи президентӣ дар Узбакистон анҷом ёфт


Ислом Каримов ва рақибонаш

Ислом Каримов ва рақибонаш

Кумиссиюни марказии интихоботи Узбакистон мегӯяд, дар интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ беш аз 91 дарсад овоз додаанд. Касе аз пеш ба исми ғолиби ин маърака ҳам шак надорад.

Кумиссиюни марказии интихоботи Узбакистон мегӯяд, то соати 20 00 ба вақти маҳаллӣ, ки овоздиҳӣ дар беш аз 9000 қитъаи раъйдиҳӣ дар интихоботи рӯзи 29 марти президентии ин кишвар анҷом ёфт, дар интихоботи рӯзи 29 марти раёсати ин ҷумҳурӣ аллакай 91,1 фоиз ё 8 миллиону 928 ҳазор интихобкунандагони сабтиношуда дар ин кишвари Осиёи Марказӣ овоз додаанд.

Раиси Кумиссиюни марказии интихобот Мирзо-Улуғбек Абдусаломов дар Тошканд гуфт, дар тӯли рӯзи овоздиҳӣ ба ин ниҳод ягон шикоят дар бораи қонуншиканӣ дар ҷараёни овоздиҳӣ нарасидааст.

Кумисссиюни интихоботи Узбакистон аллакай соати даҳи субҳи 29 март ба вақти маҳаллӣ интихоботи президентии ин кишварро баргузор шуда эълон карда буд. Дар иттилоияи ин кумиссиюн гуфта мешавад, “то соати 10:00 аз 20 миллион 798 ҳазору 52 шаҳрванди шомилшуда ба рӯйхати интихобкунандагон аллакай беш аз 36,55 дарсадашон дар овоздиҳӣ ширкат карданд. Тибқи моддаи 55-уми Қонун “Дар бораи интихоботи президенти Узбакистон” интихобот баргузоршуда эътироф мешавад.” Ин қонун барои баргузоршуда эътироф кардани интихобот ширкати 33 дарсади интихобкунандагонро кофӣ мешуморад.

Овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Узабкистон соати шаши субҳи 29 март оғоз ёфт ва то соати ҳашти шом идома хоҳад кард. Дар ин маърака 21 миллион мардуми соҳиби ҳаққи овоздиҳии Узбакистон бояд аз байни 4 номзад раҳбари ин кишвари Осиёи Марказӣ барои 5 соли ояндаро интихоб кунанд. Аммо ҳамагӣ натиҷаи ин интихоботро ҳам аз пеш ҳалшуда меҳисобанд ва бар инанд, ки раисиҷумҳури кунунии Узбакистон Ислом Каримов бе ягон шак боз ба як давраи дигари панҷсолаи раёсат даст хоҳад ёфт.

Мунтақидони Ислом Каримови 77-сола мегӯянд, ки ӯ ва ҳамин тавр, аксари ҳамтоёни ӯ дар минтақа интихоботи президентиро ба як мазҳака табдил додаандд, ки дар он ҳатто рақибони сабтиномшудаи президент мардумро ба тарафдорӣ аз ӯ ташвиқ мекунанд, то ба таблиғи номзадии худ.

Дар баробари Ислом Каримов дар интихоботи президентии Узбакистон 3 номзади дигар - Ҳотамҷон Кетмонов, раиси ҳизби халқии демократӣ, Наримон Умаров, раиси ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” ва Акмал Саидов, раиси як маркази ҳуқуқи башари наздик ба ҳукумат ва узви фирқаи порлумонии ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ” (“Миллий Тиқланиш”) - низ сабти ном шудаанд.

Вале ба бовари аксар, ин номзадҳо танҳо ба хотири алтернативӣ ва зоҳиран демократӣ ҷилва додани интихоботи президентии Узбакистон аст. Ин номзадҳо, тарве ҷараёни корзор нишон дод, худро ҳамеша ҷонибдори сиёсати ҳукумати имрӯза ба қалам дода, аз мардум ҳатто даъват мекарданд, ки ба тарафдорӣ аз Ислом Каримов овоз диҳанд. Айнан мисли рақибони Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии соли 2013, ки якеаш эътироф кард, ки ҳатто писари худи вай тарафдори Раҳмон аст.

Бо чунин ҷавви ҳоким бар интихоботи комилан таҳти контроли ҳукумати Каримов дар Узбакистон ҳама мутмаинанд, ки агар ҳолати фавқулоддае пеш наояд, ин интихоботро низ Ислом Каримов ба осонӣ хоҳад бурд.

Рафиқ Нишонов

Рафиқ Нишонов

Ислом Каримов соли 1989, баъди раиси Шӯрои Миллатҳо, яке аз маҷлисҳои парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шудани Рафиқ Нишонов ба мақоми котиби якуми кумитаи марказии ҳизби ҳокими коммунисти Узбакистон расид ва соли баъд раиси Шӯрои олӣ ва дар соли 1991 раисиҷумҳури Узбакистон интихоб шуд. Ӯ ба ин тартиб, инак 26 сол боз ин кишвари пураҳолитарини Осиёи Марказиро бо панҷаҳои оҳанин идора мекунад ва бо касби боз як давраи раёсат метавонад то соли 2020 дар мақоми раҳбарии Узбакистон хоҳад монд.

Ӯ дар соли 2020, агар умр вафо кунад, синнаш ба 82 хоҳад расид. Аммо дар дунё раҳбарони аз Каримов ҳам кӯҳансолтар ҳастанд. Барои мисол, Ҳуснӣ Муборак, вақте дар соли 2011 дар натиҷаи эътирозҳои мардум аз мақоми раҳбарии Миср сарнагунаш карданд, алакай 83 сол умру 30 сол собиқаи раҳбарӣ дошт. Ё Роберт Мугабе, раисиҷумҳури кишвари африқоии Зимбабве, ки 35 сол боз бар ин фақиртарин кишвари дунё раҳбарӣ мекунад, моҳи гузашта ба синни 91 расид ва дар ҳоли ҳозир кӯҳансолтарин президенти дунё ба шумор меравад.

Дар худи Осиёи Марказӣ ҳам Нурсултон Назарбоев ҳаст, ки баробар бо Ислом Каримов дар соли 1989 ба раҳбарии ин кишвар омад ва ҳамагӣ 2 сол аз президенти Узбакистон “ҷавонтар” аст. Дар Қазоқистон низ рӯзи 26 апрели соли равон интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ таъин шудааст, ки ин бор ҳам бидуни рақобати воқеӣ мегузарад ва бовар меравад, ки ин маърака замони раёсати Назарбоеви 75-соларо боз барои 5 соли дигар тамдид хоҳад кард.

Муҳаммад Солеҳ

Муҳаммад Солеҳ

Ислом Каримов бо як шеваи бераҳмонаи раҳбарӣ ва бо сиёсати нисбат ба дигарандешон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар оштинопазираш фарқ мекунад. Тайи беш аз чоряк асри раҳбарӣ ӯ тавонист тамоми гурӯҳҳои мухолифинро аз саҳнаи сиёсӣ танг кунад ва мухолифони асосиаш, аз ҷумла адиб Муҳаммад Солеҳ – раҳбари ҳизби Эрк ва рақиби Каримов дар интихоботи президентии соли 1991-ро маҷбур ба тарки Узбакистон кард. Ҳамин тавр, ӯ садҳо тан за тарафдорони аҳзоби мухолиф ва ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳазорон нафари дигарро бо иттиҳоми пайравӣ ба ақидаҳои мазҳабии тундгароёна ба зиндон андохтааст.

Ҳукумати Узбакистон бо инзивоъгароӣ дар баробари масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ва бо вазъи ҳатто дар миқёси режимҳои худкомаи Осиёи Марказӣ шадидан манфии ҳуқуқи башараш фарқ мекунад. Узбакистон ҳамин тавр, чун ҳама режимҳои худкома ба мушкилоте, чун фасоди саросарӣ, контроли тамоми риштаҳои иқтисоду тиҷорати кишвар аз сӯи ниҳодҳои амниятӣ ва рушди нисбат ба имконот ва зарфиятҳои кишвар хеле кундтари иқтисод рӯбарӯст.

Гулнора Каримова - дар ҳабси хонагӣ

Гулнора Каримова - дар ҳабси хонагӣ

Ислом Каримов барои лаҷом задани фасод гоҳо аз чораҳое фавқулоддае, чун ба ба зиндон кашондани мансабдорони баландпоя ва ҳатто ба зиндон кашондани хешовандони наздикаш кор мегирад.

Аз ҷумла Акбаралӣ Абдуллоев, ҷияни як замони хеле пурнуфузи ҳамсари Ислом Каримов – Татяна Каримова – ба тасарруфи 800 миллион доллар «ҳақ» аз даромади корхонаҳои нафту сементи водии Фарғона айбдор шуда, Ислом Каримов ҳатто духтари калониаш Гулнора Каримоваи феълан 43-соларо, ки як замон вориси тахти ӯ ба шумор мерафт, баъди расонаӣ шудани моҷарои садҳо миллион доллар ҳаққситонии ӯ аз ширкатҳои ғарбӣ ба ҳабси хонагӣ андохтааст.

Ислом Каримов дар маҷмӯъ 2 фарзанд дорад. Духтари хурдии ӯ Лола Исломқизӣ Каримова-Тилоева 36 сол дошта, намояндаи доимии Узбакистон дар ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги СММ аст.

Созмонҳои ғарбӣ, аз ҷумла дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА то кунун ягон интихоботи на парлумонӣ ва на президентӣ дар Узюакистонро озоду одилона ва ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи демократӣ эътироф накардаанд. Вале Ислом Каримову ҳукумати ӯ ва ҳамин тавр, ҳукуматҳои дигари худкомаро маъмулан аз ин баҳогузориҳои манфии нозирони САҲА чандон парвое нест. Одатан ин арзёбиҳо танҳо ба кумакҳои бе он ҳам ночизи Ғарб ба масоиле, чун ҳуқуқи башару ислоҳоти сиёсӣ дар ин кишварҳо як каме асар дорад, вале дар масоили муҳимтаре, чун сармоягузорӣ ба риштаҳои муҳими иқтисод ва пуштибонии иқтисодии ин ҳукуматҳо таъсире намегузорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG