Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлдуз Усмонова ба Тоҷикистон сафар мекунад


Юлдуз Усмонова
Юлдуз Усмонова

Ҳунарпешаи мардумии Узбакистон Юлдуз Усмонова соли равон ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад ва ҳамчунин албоми таронаҳои форсии худро нашр мекунад.

Ҳунарпешаи мардумии Узбакистон Юлдуз Усмонова соли равон ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад ва ҳамчунин албоми таронаҳои форсии худро нашр мекунад. Дар ин бора ӯ дар мусоҳибаи ихтисосие бо ҳафтаномаи «Азия-Плюс», чопи Душанбе хабар додааст.

Вай гуфтааст, ҳанӯз мӯҳлати дақиқи ин сафарро хабар дода наметавонад, вале "ҳис мекунад", ки мулоқоташ бо мухлисон дар Тоҷикистон то поёни ҳамин сол ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Овозхони машҳур инчунин гуфтааст, ки тарҳи як маҷмӯаи таронаҳои форсияш омодаи нашр аст ва зудӣ ба фурӯш хоҳад баромад.

Дар ин мусоҳибааш Юлдуз Усмонова ҳамчунин гуфтааст, ки ба зудӣ дар шабакаи Би-би-сӣ намоише бо ширкати ӯ ва роҷеъ ба таронаҳои форсияш забт хоҳад шуд. "Аз ҷумла дар бораи таронаи пуровозаи "Намекунӣ", ки ман бар матни Лоиқ Шералӣ навиштам ва ҳангоми сафари ахирам ба кишвари шумо (Тоҷикистон) сурудам. Дертар ин таронаро бо матни дигар овозхони дар тамоми олами форсизабонон шинохташудаи эронӣ Гугуш, ки аз оғози роҳи ҳунариям барои ман як намунаи пайравӣ буд, сароид. Он вақт ман таронаҳои ӯро месурудам, акнун ӯ таронаҳои маро мехонад."

Юлдуз Усмонова аз он изҳори нороҳатӣ кард, ки аз ӯ ҳамчун оҳангсози ин тарона, ки дар иҷрои Гугуш "Намедонӣ" шудааст, ёд карда намешавад.

Садои Юлдуз Усмонова то соли 2012 дар Узбакистон мамнӯъ буд. Вай дубора ҳаққи ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳоро замоне дарёфт, ки ​баъд аз 5 соли зиндагӣ дар Туркия ба ватанаш баргашт. Ба навиштаи расонаҳо, Усмонова барои он Узбакистонро тарк карда буд, муносибаташ дар​ соли 2007-ум бо мақомоти баландпояи Узбакистон "хароб" шуда буд. Дар ин байн овозхон бо чанд барномаи консертӣ ба дидори мухлисонаш ба Маскаву Душанбе Ишқобод ҳам рафт ва баъди яке аз консертҳои хотирмонаш дар Қӯрғонтеппа ба матни шоираи тоҷик Офоқ соли 2008-ум яке аз таронаҳои маъруфи худро ба забони тоҷикӣ (“Биё, ҷонам, биё”) ҳам эҷод кард.

Ҳунарпешаи пурмоҷарои Узбакистон дар соли 2009 дар Кохи Борбади Душанбе ҳамроҳ бо устоди мусиқии тоҷик Далери Назар консерти муштарак дода буд. Паёми ӯ барои сафари навбатӣ ба Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран Юлдуз Усмонова барои суханонаш дар ҳаққи мардуми худ мавриди баҳсу интиқод дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор ёфтааст. Вай дар гуфтугӯ бо торнамои "Сайёд.ком" аз мардуми Ӯзбакистон интиқод кард, ки дар борааш дурӯғу тӯҳмати зиёд паҳн мекунанд. Вай аз мардум даъват кард, ки ба қадри "Юлдузе, ки яктост" расанд.

Зимни ин Юлдуз Усмонова аз нашрияҳои Тоҷикистон низ интиқод кард, ки дар ҷое ӯро ба даст доштан дар истеъмол ва қочоқи маводи мухаддир айбдор кардаанд. Овозхон ин гуфтаҳоро қатъиян рад намуд ва гуфт, мухлисонаш набояд ба ин овозаҳо бовар кунанд.

Дар миёни форсизабонон Юлдуз Усмонова бо таронааш шӯҳрат ёфтааст:

XS
SM
MD
LG