Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия баёнияи Амрикоро интиқод кард


Давлати Русия баёнияи ахири Амрико интиқод кард ва гуфт, нерӯҳои ҳавоиаш кӯмак ба сарбозони ҳукумат дар Сурияро ҳамчунон идома хоҳанд дод. Ҷон Кирбӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 28-уми сентябр гуфт, «агар Русия барои қатъи ҳамла ба шаҳри Ҳалаб фавран иқдом накунад» Амрико тамоми ҳамкориҳо бо Русияро дар масъалаи Сурия бас мекунад. Ҷон Кирбӣ афзуд, ба манфиати Русия аст, ки муноқиша дар Сурия қатъ шавад, чун ифротиён метавонанд, бо истифода аз бебандуборӣ «ба зидди манофеи Русия ва ҳатто шаҳрҳои Русия ҳамла кунанд. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, ин баёнияро номуносиб хонд ва гуфт:

"Ин баёния ҳадди аққал номуносиб аст, ҳақиқат надорад ва муҳимтар аз ҳама ба ҳамаи мо барои пешрафта дар роҳи мубориза бо терроризм кӯмак намекунад."

Пештар аз ин Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия, баёнияи Ҷон Кирбиро, «туғёни эҳсос» номид ва гуфт, ба назари кишвараш ин суханон баробар ба ҳимоят аз терроризм аст.

XS
SM
MD
LG