Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Путин ба иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар робита ба марги Ислом Каримов ба унвонии Неъматулло Юлдошев – иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳури Узбакистон – изҳори тасаллият кард. Бино ба Қонуни асосии Узбакистон баъди даргузашти раиси ҷумҳури ин кишвар масъулияти идораи давлат то се моҳ ба уҳдаи раҳбари палатаи болоии порлумони Узбакистон вогузор карда мешавад. Дар ин муддат бояд интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбакистон баргузор ва президенти нав интихоб шавад.

Дар барқияи фиристодаи Кремлин ба унвонии Тошканд гуфта мешавад, “рафтани ӯ барои Узбакистон, ҳамчунон Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳои шарик дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай талафоти бузург аст.” Путин дар идомаи ин барқия бо таъкиди ин ки Ислом Каримов дар минтақа сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаро пеш мебурд,гуфтааст, ин сиёсат боис ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни кишварҳои минтақа шудааст. “Саҳми Ислом Каримовро дар ташаккул ва рушди ҳамкориҳои стратегӣ миёни кишварҳои моро намешавад инкор кард. Муътақид ҳастам, ки бо кӯшишҳои якҷоя минбаъд ҳамкориҳои Русияву Узбакистонро ба манфиати халқҳои бародари мо рушд хоҳем дод,” – афзудааст ӯ.

Владимир Путин ба Неъматулло Юлдошев хостааст, тасаллияти ӯро ба наздикони Каримов ва тамоми мардуми Узбакистон расонад.

Ислом Каримов рӯзи 27-уми август бо сактаи мағзӣ дар бемористон бистарӣ шуд ва баъд аз шаш рӯзи ин ҳодиса ҳукумати Узбакистон аз даргузашти ӯ хабар дод. Маросими видоъ ва дафни Каримов рӯзи 3 сентябр дар Самарқанд баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG