Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймое аз "Адмирал Кузнетсов" суқут кард


Ҳавопаймои бисёрсоҳавии Су-33-и Русия ҳангоми фурӯдоӣ ба майдони ҳавопаймобари "Адмирал Куснетсов" суқут кард. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба манобеи Вазорати дифои Русия гузориш додааст. Пилоти ҳавопаймо худро берун афканд ва чархболи наҷот ҷони ӯро ҳифз кард.

Биноба маълумоти ин идора садама бар асари канда шудани кабеле рух додааст, ки ҳангоми фурӯдоӣ ба майдони киштӣ ба ҳавопаймо кӯмак мекунад.

Миёнаҳои моҳи ноябр Вазорати дифои Русия аз садамаи ҳавопаймои ҷангии Миг-29 гузориш дод, ки ба гурӯҳи киштиҳои "Адмирал Кузнетсов" шомил аст. Вазорат гуфт, ки ин ҳавопаймо дуртар аз киштии ҳавопаймобар ба об афтид. Дар ин ҳодиса низ пилоти ҳавопаймо ҷон ба саломат бурд.

Ягона ҳавопаймобари Русия, "Адмирал Кузнетсов" ҳамроҳ бо гурӯҳе аз киштиҳо дар баҳри Миёназамин қарор дорад. Нахустин зарбаҳои ин киштӣ ба ҳадафҳое дар Сурия 15 ноябр оғоз шуданд.

XS
SM
MD
LG