Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди эронитабори Амрико 18 сол ҳукми зиндон гирифт


Додгоҳи Эрон як шаҳрванди эронитабори Амрикоро, ки ҳамзамон шаҳрвандии Эронро низ дорад ва аз 18 июн дар боздошт буд, бо "ҷурм"-и ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида ва "таҳқири муқадасот" ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар ин бора яке аз хешони ӯ, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, хабар дод. Ин нафар, ки ба хотири амнияташ нахост номаш ошкор шавад, гуфт, аз ҳукми сангин алайҳи Робин Шаҳинӣ 46-сола "шок" шудааст.

"Ҳеҷ исботе гуноҳаш ба ҷуз якчанд пайғом ва блог дар Фейсбук вуҷуд надорад"- гуфт ӯ ва афзуд, ки хонаводаи Шаҳинӣ алайҳи ҳукми додгоҳ ба додгоҳи болотар шикоят мебаранд. Робин Шаҳинӣ аспирант аз Сан-Диего аст, ки ҳангоми боздиди модараш дар шимоли Эрон, аз ҷониби Хадамоти амният боздошт шуд.

Ӯ аз аз нафарони дорои душаҳрвандӣ аст, ки гуфта мешавад дар муборизаи қудрат дар байни ҳукумати президенти муътадил Ҳасан Руҳонӣ ва муҳофизакорони ашадӣ, қурбонӣ шудааст. Муҳофизакорон ба боз шудани ҷомеаи кишвар мухолиф ҳастанд, ки баъди имзои созишномаи ҳаставии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ ва лағви таҳримҳо алайҳи Эрон, имконпазир шудааст.

Ҳафтаи гузашта мақомоти Эрон падару писар Сиёмак Намозӣ ва Боқир Намозиро, ки шаҳрвандии Амрико ва Эронро доранд, бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида, ба 10 соли зиндон, маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG