Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади 74 паноҳанда дар соҳилҳои Либия ошкор шуд


Либия - Қаиқи наҷотдиҳандаи созмони ғайридавлатии Испания ба заврақи чӯбини пуродами паноҳандагон аз Еритерия наздик мешавад. Баҳри Миёназамин, августи соли 2016.
Либия - Қаиқи наҷотдиҳандаи созмони ғайридавлатии Испания ба заврақи чӯбини пуродами паноҳандагон аз Еритерия наздик мешавад. Баҳри Миёназамин, августи соли 2016.

Рӯзи 21 феврал дар қисмати ғарбии Триполи, пойтахти Либия, дар соҳилҳои Баҳри Миёназамин ҷасади 74 паноҳандаи ғарқшуда ошкор шуд. Наҷоти як нафар даст дод ва ӯ дар ҳоли кома ба бемористон интиқол ёфт.

Тавре Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, мавҷ бархе аз мусофиронро бо пораҳои қаиқ ба соҳил партофтааст ва ҷасадҳои дигар дар баҳр, дар фосилаи наздик аз соҳил қарор доранд.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки онҳо барои берун кашидани ҳамаи ҷасадҳо шароит надоранд. Гуфта мешавад, ин қаиқ, ки ҳудудан 100 мусофир дошт, рӯзи якшанбеи гузашта ғарқ шуд.

Ба маълумоти Салиби Сурх, аз оғози соли 2017 беш аз 365 нафар мехостанд, худро ба кишварҳои Аврупо расонанд, дар Баҳри Миёназамин ғарқ шуданд. Бахши умдаи қаиқҳо, ки паноҳандагонро ғайри қонунӣ интиқол медиҳанд, аз соҳилҳои Либия шино мекунанд. Аз онҷо то Италия 300 километр роҳ аст.

XS
SM
MD
LG