Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси “Чегара посбонларӣ” дар Узбакистон


Марзи Узбакистон

Марзи Узбакистон

Дар Узбакистон барои кумак ба нирӯҳои марзбонӣ дар амри ҳифозати 6 221 километр марзи ин кишвар отрядҳои ихтиёриён бо номи “Чегара посбонларӣ” таъсис медиҳанд.

Дафтари матбуоти ҳукумати Узбакистон рӯзи 6 октябр ба хабаргузории Интерфакс хабар дод, ки кобинаи вазирон Низомнома дар бораи “Чегара посбонларӣ” (“Посбонҳои марз”) - отрядҳои махсуси кумакрасонҳои ихтиёрӣ ба нирӯҳои марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбакистонро тасдиқ кардааст.

Тибқи қарори ҳукумат, ин отрядҳои ихтиёриён “барои расондани кумаки амалӣ ба нирӯҳои марзбонӣ дар амри таъмини ҳифозати маҳкам марзҳои давлатии ҷумҳурӣ, ҳамчунин барои ошкор кардани фаъолииятҳои ғайриқонуние, ки дар ноҳияиҳои наздимарзӣ ва мустақиман дар худи хатти марзи давлатӣ таҳия ва анҷом мешаванд,” таъсис меёбанд. Дар санад ҳамчунин бидуни ташреҳи зиёд гуфта шудааст, ки “Чегара посбонларӣ” “фаъолияти худ ҷиҳати ҳифозати марзҳои давлатиро дар асоси ихтиёрӣ, бар пояи аслҳое, чун қонуният, адолати иҷтимоӣ, башардӯстонӣ ва ватандӯстӣ амалӣ мекунанд.”

Гуфта мешавад, як вазифаи асосии “Чегара посбонларӣ” ошкор кардани мавридҳо ё нишонаҳои омодагӣ ба убури ғайриқонунии марз ва марзшиканиҳо ва хабар кардани мақомоти нирӯҳои марзбонӣ дар бораи чунин мавридҳо хоҳад буд. Вазифаи дигари ин кумакрасонҳо огоҳ кардани аҳолии манотиқи марзӣ аз қоидаҳои режим дар марз ва таъмини амнияту тартибот дар манотиқи наздимарзист.

Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон

Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон

Низомномаи тасвибшуда роҳҳову василаҳои бо ҷоизаҳо тақдир кардани ихтиёриёни хеле фаъолро низ дар назар гирифта, ҳамчунин мегӯяд, бо иҷозати фармондеҳони манотиқи марзӣ дар ҷараёни баргузории чорабиниҳо ё амалиётҳои вижа дар марз ихтиёриён аз “Чегара посбонларӣ”-ро метавонанд бо васоили мухобирот ва васоили назоратие, чун дурбинҳо, низ таъмин кунанд. Аммо дар бораи шумори эҳтимолии аъзои “Чегара посбонларӣ” ва имкони бо силоҳ таъмин кардани ин афрод дар сурати пеш омадани кадом хатаре ба амнияти марзҳои Узбакистон дар Низомнома чизе гуфта нашудааст.

Тӯли марзи давлатии Узбакистон 6 221 километр буда, ин кишвар аз ҷумла бо Қазоқистон 2203 километр, бо Туркманистон 1621 километр, бо Тоҷикистон 1161 километр, бо Қирғизистон 1099 километр ва бо Афғонистон 137 километр марзи мустақим дорад.

Таъсиси “Чегара посбонларӣ” ба хотири кумак ба нирӯҳои марзбони Узбакистон дар ҳолест, ки ба далели хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон то поёни соли 2014 мақомоти амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз эҳтимоли ба ин сӯи Омӯ ҳаракат кардани ҷангиён аз Афғонистон ва дигарбора дар саҳнаи ин минтақа фаъол шудани гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ”-ву Ҳаракати исломии Узбакистон ва муттаҳидони онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд.

Аммо бо онки Узбакистон ҳифозати ҳамагӣ 137 километр марзи мустақимаш бо Афғонистонро, ки куллан аз рӯи рӯди Омӯ мегузарад, ба сурати умум таъмин кардааст, нигарониҳои амниятиаш бештар аз ноҳияи ҷануби Қирғизистон ва Тоҷикистон аст. Сеяки марзи Узбакистон – 2260 километраш бо ҳамин ду кишвари Осиёи Марказист ва Тошканд дар гузашта шоҳиди талошҳои ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон барои вуруд ба ин кишвар аз тариқи марзи Тоҷикистон (дар соли 1999) ва Қирғизистон (дар соли 2000) будааст.

Ҷангиёни узбак дар урдугоҳе дар Покистон

Ҷангиёни узбак дар урдугоҳе дар Покистон

Баъди ин ду талоши номуваффақи ҷангиён ба фармондеҳии Ҷумъаи Намангонӣ, ки баъдан дар соли 2001 дар Афғонистон кушта шуд, Узбакистон бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ карда, марзҳояш бо ин кишварро бо баҳонаи пешгирӣ аз вуруди эҳтимолии гурӯҳҳои ситезаҷӯ минакорӣ кард. Бино ба ҳисоби Маркази миначинии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ дар марзи Узбакистон бо Тоҷикистон 54 майдони минакоришуда мавҷуд аст.

Гуфта мешавад, аз соли 1999 то 2011 дар майдонҳои минакоришудаи марзи Тоҷикистону Узбакистон 76 нафар бар асари таркиши мина кушта шуда, 87 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Аксари қурбониҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва қисме аз Узбакистон будаанд. Вале то кунун дар бораи аз таркиши мина осеб дидани кадом ҷангии Ҳаракати исломии Узбакистон, ки баҳонаи аслии минакории марз аз сӯи Тошканд шуда буд, гузориш нашудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG