Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҷавобии ҳайати Узбакистон ба Қирғизистон. АКС, ВИДЕО


​Як ҳайати иборат аз 140 нафар ба раҳбарии Адҳам Икромов, муовини нахуствазири Узбакистон ба Қирғизистон рафтааст, то ҳамкории солҳои охир ба сардӣ гароидаи ду ҳамсояи девор ба деворро беҳбуд бахшад. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки ин ҳайатро муовини нахуствазир Муҳаммадқалий Абдуғозиев рӯзи 26 октябр дар гузаргоҳи марзии “Дӯстук” истиқбол гирифтааст.

Барои ҳайати Узбакистон дар вилояти Ӯши Қирғизистон баргузории маъракаҳои фарҳангӣ ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар назар гирифта шудааст. Дар поёни боздиди ин ҳайат қарор аст, чанд санади расмӣ ҳам имзо шуда, ба соддатар шудани равуои сокинон сабаб гардад.

Дар ҳамин ҳол, Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон бо Шавкат Мирзиёев - иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон суҳбати телефонӣ анҷом дода, ба майли бесобиқаи Тошканд барои беҳбуди равобит бо Бишкек баҳои баланд додааст. Сафари ҳайати Узбакистон ба вилояти Ӯши Қирғизистон ҷавоби боздидест, ки дар аввали моҳи октябр як ҳайати расмӣ аз Бишкек ба Андиҷон анҷом дода буд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, пешвози ҳайати 130-нафарии онҳо рӯзи 2 октябри имсол аз ҷониби мақомоти Ӯзбакистон дар гузаргоҳи марзии "Дӯстук" самимӣ ва онгуна буд, ки чанд соли гузашта дида нашудааст. Шӯҳратбек Абдураҳмонов, ҳокими вилояти Андиҷон, низ гуфт, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев шахсан телефонӣ аз ӯ хостааст, то аз меҳмонони қирғиз ба хушӣ истиқбол гиранд.

Дар поёни сафари ҳайати Қирғизистон ба Узбакистон ҷонибҳо ба сари мизи корӣ нишаста, масъалаи ҳамкориро низ баррасӣ карданд ва ёддоштеро ба имзо расонданд. Муҳаммадқалий Абдуғозиев, муовини нахуствазири Қирғизистон гуфт, ин ёддошт мақомоти маҳаллии наздимарзиро муваззаф мекунад, ки дар як моҳ як бор ҷамъ шуда, мушкилҳоро баррасӣ намоянд.

​Адҳам Икромов, муовини нахуствазири Узбакистон гуфт, "дар асоси ин ёддошт ҳалли мушкил дар сатҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҳокимону пулисҳо имконпазир шудааст. Пинҳон намекунем, ки дар миёни мо мушкилҳои ҳалношуда зиёданд. Аммо ба тадриҷ метавонем онҳоро ҳаллу фасл кунем. Тақвияти ҳамкориҳои моро ҳазорон нафар дар Узбакистону Қирғизистон мунтазиранд."

Миёни Қирғизистону Ӯзбакистон мушкилоти мисли таъйин ва аломатгузории марз ва рафтуомадҳои тиҷоратӣ вуҷуд доранд, ки аз мушкилоти ҳалталаби байни ду кишвар ба шумор мераванд.

Сафари ҳайати Қирғизистон ба Узбакистон ва баръакс баъди тақрибан ду моҳи марги Ислом Каримов, раҳбари пешини Узбакистон сурат мегирад. Коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ин нармии муносибот ба интихоботи моҳи декабри Узбакистон пайванд мегирад, ки Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президент яке аз довталабони асосии ин маъракаи сиёсӣ аст.

Коршиносон мегӯянд, Мирзиёев бо ташкили сафари ҳайати Қирғизистон ва майлаш барои ҳалли мушкили марзҳо мехоҳад, бештар ҳимояти сокинони Андиҷону Намангон ва Фарғонаро ба даст орад. Сокинони водии Фарғона, ки манотиқеро аз ҷумҳуриҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон муттаҳид мекунад, аз қарнҳо пеш бо ҳам иртиботи хешутабориву корӣ доранд. Сокинонаш нисбатан муҳофизакори мазҳабӣ ҳастанд, дар миёни онҳо ӯзбактаборҳо хеле зиёданд ва аз лиҳози саноатӣ ҳам ин минтақа пешрафта ба ҳисоб меравад.

Аксҳои бештар дар инҷост:

Ҳоло Узбакистон майли худро барои беҳбуд бахшидани равобит бо Тоҷикистон низ баён кардааст. То кунун вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов ва як ҳайати тоҷирони он кишвар ба Душанбе ва Суғд омада, роҳҳои беҳбуд бахшидани равобитро баррасӣ намудаанд. Ахиран сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов хабар дод, ки қарор аст дар моҳи ноябр як ҳайати расмӣ аз Душанбе ба Тошканд сафар кунад.

Коршинос: "Тоҷикистону Узбакистон чорае ба ҷуз ҳамкории беҳтар надоранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:02 0:00

XS
SM
MD
LG