Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкон: Дипломати рус ҳангоми садамаи маргбор сархуш буд


Қирғизистон - Макони садамаи нақлиёт
Қирғизистон - Макони садамаи нақлиёт

Мудири бахши осебшиносии Маркази хадамоти тиббию машваратӣ ва тибби варзишии Бишкек Доолосбек Сооронбаев мегӯяд, аз котиби якуми сафорати Русия дар Қирғизистон Виктор Пухов, вақте ки ӯ ба бемористон оварда шуд, бӯйи шароб меомад ва ӯ нагуфт, ки дар садамаи роҳ захмӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар сабти муроҷиати Пухов навишта шудааст, ӯ ҳушёр набуд ва ба пизишкон гуфтааст, ки ду соат пеш дар кӯча афтид. Пухов ҳамчунин ҷойи кори худро пинҳон доштааст.

Пештар сухангӯи сафорати Русия дар Қирғизистон Даря Пахомова хабар дод, ки Пухов Қирғизистонро тарк кардааст. Пахомова ҳамчунин тасдиқ намуд, ки мошини хидматии сафорат Toyota Land Cruiser Prado-ро дар аснои садама Пухов идора мекард.

Гузориш шудааст, ки 16 феврал мошини хидматии сафорат ҳангоми сурх будани чароғак роҳро гузашта, ба «Мерседес-Спринтер» бархӯрд. Ронандаи «Мерседес», шаҳрванди Қирғизистон Евгений Лексин ҳалок шуд. Ронандаи мошини сафорат ба бемористон интиқол ёфт.

XS
SM
MD
LG