Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати мақомоту имомҳо ба рақси «валс»-и арӯсу домод


Мақомоти Узбакистон ба рақси валси арӯсу домод ва намоиши лаҳзахои видеоию аксҳои «Love story» қабл аз оғози арусӣ, мухолифат кардаанд.

Дар Узбакистон мақомот ва рӯҳониён ба рақси валси арӯсу домод ва намоиши лаҳзахои видеоию аксҳои «Love story» қабл аз оғози арӯсӣ мухолифат кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин аъмол ҷавобгӯи анъанот ва созгор ба андешаи миллӣ нест. Имомхатибҳон низ дар мавъизаи худ дар намози ҷумъа ин гуна аъмолро муғойир ба шариати исломӣ хондаанд.

Ин мамнӯъият нест, танҳо пешниҳод аст

Раҳбари ширкати баргузоркунандаи арӯсиҳо дар шаҳри Тошканд бо номи Низомиддин ба бахши узбакии «Озодлик» гуфтааст, ки намояндагони Маркази ҷумҳуриявии фарҳангу маориф зимни муроҷиат ба ин ширкат, тавсия додаанд, то дар маросими арӯсӣ аз рақси оғӯш ва навори видеоӣ аз таърихи ишқи навқавонон, худдорӣ кунанд.

Раҳбари ин ширкат гуфт: Нахуст ба мо занг заданд, сипас моро ба ҷаласа даъват карда, тавзеҳ доданд, ки рақси валс ва намоиши «Love story» ба мафкураи миллӣ бегона аст. Дар ширкати мо давраҳои омӯзишии рақси валс барои навхонадорон фаъолият мекунад. Мамнӯъият расмӣ набуд, танхо тавсия дода шуд.

Ба гуфтаи ӯ, бо ин вуҷуд кормандони ширкат тасмим гирифтанд, то дар баргузории арӯсӣ аз рақси валс ва истифодаи навори видеоӣ аз таърихи ишқи навхонадорон, худдорӣ кунанд.

Рақси барои фарҳанги узбакӣ бегона

Бино ба иттилои манбаи «Озодлик», дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангу маориф барои намояндагони беш аз 140 муассисаи баргузоркунандаи маросими арӯсӣ дар шаҳри Тошканд «корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯи роҳҳои поксозии арӯсиҳои узбакӣ аз таъсири фарҳанги ғарби» анҷом додаанд.

Афзун бар ин, дар рӯзномаи «Оила даврасида» («Дар гирди хонавода») дар мавриди рақси валс ва намоиши наворҳои видеоӣ дар арӯсиҳои Узбакистон матлаби интиқодӣ мунташир шудааст. Ба навиштаи Дилафрӯз Тиллоева, муаллифи ин мақола, рақси валс ва намоиши аксҳои дар оғӯши ҳам будаи арӯсу домод дар маросими арӯсӣ ба тафаккури узбакӣ мухолифат дорад.

Як манбаъ дар Кумитаи занони ҳукумати вилояти Тошканд ба «Озодлик» гуфтааст, дар ҳафтаи гузашта ба манзури танзими баргузории арӯсиҳои миллӣ ва решакан кардани паёмадҳои манфии фарҳанги ғарбӣ ба ин гуна маросим, ин кумита дар ҳамкорӣ бо хазинаи хайрияи ҷамъиятии «Маҳалла», ҷунбиши ҷавонони «Камолот» ва раёсати тандурустӣ чораҳое андешидааст.

-Рақси валси навхонадорон дар арӯсиҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Аз нигоҳи аввал, ин ба фарҳанги мо бегона буда, сониян, харҷӣ бехуда маблағ аст. Зеро арӯсу домод бояд ҳадди аққал як ҳафта дар давраҳои вижа рақси валсро омӯзанд. Маблағи онро домод пардохт мекунад. Аз ин лиҳоз, ин мавзӯъро бо соҳибони ширкатҳои баргузоркунадаи арӯсиҳо матраҳ кардаем-мегӯяд манбаи «Озодлик».

Имомҳо мухолифи рақси валс

Имом-хатибҳои маҳаллӣ низ дар мухолифат ба рақси валс дар арӯсиҳо садо баланд кардаанд. Раҳмонбердӣ Раҳмонов, имом-хатиби масҷиди «Мирзо Юсуф»-и пойтахти Узбакистон дар матбуот матлабе интишор карда ва аз рақси валси навхонадорон дар арӯсиҳо интиқод кардааст.

Ӯ навиштааст: «Баъзе арӯсу домодҳо аз бӯсобӯсӣ дар ҳузури садҳо тан аз меҳмонон шарме намекунанд. Ба навбаи худ, калонсолон инро «муд» мехонанд. Ҳоло дар ҳамаи арӯсиҳои узбакӣ рақси валс иҷро мешавад. Чанде рӯзе қабл яке аз дӯстон ҳодисаеро қисса кард, ки дар як арӯси арӯс дар иҳотаи ҷавонмардҳо ва домод дар ҳалкаи духтарон вориди толор шудаанд. Дар арӯсии дигар, арӯсро дар даруни «қуттӣ» овардаанд. Ҳоло хатаре вуҷуд дорад, ки ин «анъана» дар арӯсиҳои манотиқи дигари кишвар роиҷ шавад. Иллати ин зуҳуроти номатлуб дур шудан аз арзишҳои миллӣ, фарҳангу анъаноти мардуми мо ва талош барои намоиши дороиву ҳашамат аст. Оё мо наметавонем ин мушкилро дар чорчӯби анъаноти миллӣ ҳал кунем»?

Бино ба иттилои манобеи «Озодлик» дар Узбакистон, дар мавъизаҳои намози ҷумъа дар масоҷиди дигари шаҳри Тошканд низ ба мутобиқат надоштани рақси валс дар арӯсиҳои узбакӣ ба арзишҳои миллӣ таъкид шудааст.

Талошхои ғайримуассир барои танзими арӯсиҳо

Дар зарфи 15 соли ахир ҳукумати Узбакистон барои танзими маросимҳое чун арӯси талошҳое анҷом додааст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба тадобири ахир, ин талошҳои ҳукумат натоиҷи дилхоҳе надодааст.

28 октябри соли 2008 Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, дар бораи ҷилавгирӣ аз баргузории ҷашнҳои боҳашамат фармоне содир карда буд, ки дар он ба «намунаҳои дабдабанок, бузурманишӣ ва харҷи аз ҳад зиёд дар баргузории арӯсиҳо, ҷашнҳои хонаводагӣ, ёдбуди афроди фавтида ва маросими мотам», ишора шуда буд.

Ҳамчунин, дар соли 2012 шаҳрдории Тошканд дар мавриди тартиби баргузории арӯсиҳо, ҷашнҳои хонаводаги, ёдбуд ва тадобири дигар дар толорҳои арӯсӣ, ресторанҳо ва ошхонаҳои пойтахт қароре тасвиб карда буд. Аммо то ҳол, ин аснод иҷро нашудааст.

XS
SM
MD
LG