Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Яҳё Ҷомеъ мӯҳлат доданд, ки аз президентӣ даст кашад


Адам Барроу, президенти мунтахаби Гамбия
Адам Барроу, президенти мунтахаби Гамбия

Мӯҳлати зарбулаҷале, ки Яҳё Ҷомеъ дар тӯли он бояд ихтиёран аз мақом даст мекашид, то ҳадди ниҳоӣ тамдид шуд. Аммо хабаргузории Reuters мегӯяд, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Африқои Ҷанубӣ натиҷаи гуфтушуниди Ҷомеъро бо президентҳои Мавритания ва Гвинея интизоранд. Қарор аст, Ҷомеъ то нимарӯзи 20 январ изҳороти расмӣ пахш кунад ва қудратро ба президенти мунтахаб, Адам Барроу супорад. Дар акси ҳол, нерӯҳои кишварҳои ҳамсоя, ки дар Гамбия мутақар шудаанд, амалиёти низомиро барои иҷборан аз қудрат дур кардани ӯ идома медиҳанд.

19 январ наздик ба 7 ҳазор сарбози Синегал, Нигерия, Гана, Того ва Мавритания ба Гамбия ворид шуданд. Амалиёти таҳти унвони "Барқарор кардани демократия"-ро Шӯрои амнияти СММ пуштибонӣ кард. Дар зарбулаҷали фармондеҳии неруҳои муттаҳида аз Яҳё Ҷомеъ талаб шудааст, ки ихтиёран аз мақом даст кашад ва кишварро тарк кунад.

Яҳё Ҷомеъ 22 сол пеш дар пайи як табаддулоти назомӣ ба қудрат расид.

1 декабри соли 2016 дар Гамбия интихоботи президентӣ баргузор шуд ва дар он рақиби Ҷомеъ, Адам Барроу 45,5 дар сад райъ гирифт. Ба тарафдории Ҷомеъ 36,7 дар сад овоз доданд. Аммо Яҳё Ҷомеъ натиҷаи интихоботро эътироф накард ва дар кишвар вазъи фақулодда эълон кард. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон Яҳё Ҷомеъро дар байни раҳбарони давлатҳои африқоӣ яке аз ҳокимони худкомаи бераҳм унвон мекунанд.

19 январ Адам Барроу дар қаламрави сафорати Гамбия дар Синегал савганди президентӣ ёд кард.

XS
SM
MD
LG