Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти "фаъолона"-и Ислом Каримов ба майдон


Охирин акси Каримов. 18 феврал

Охирин акси Каримов. 18 феврал

Расонаҳои расмии Узбакистон аз “мулоқотҳои фаъолона”-и раиси ин ҷумҳуроӣ Ислом Каримов бо интихобкунандагон дар чанд вилоят хабар медиҳанд.

Расонаҳои расмии Узбакистон ахиран аз “мулоқотҳои фаъолона”-и раисиҷумҳур Ислом Каримов бо интихобкунандагон дар вилоятҳои Хоразму Навоӣ ва Бухоро хабар доданд. Ин дар ҳолест ки Ислом Каримови 77-сола тақрибан аз поёни моҳи январ дар мазҳари ом зиёд зоҳир намешуд ва мухолифинаш иддао доштанд, ки ӯро маризӣ аз пой афтондааст.

“Жаҳон” – хабаргузории расмии вазорати хориҷаи Узбакистон - хабар дод, ки Ислом Каримов рӯзи 26 феврал бо интихобкунандагон дар вилояти Хоразм мулоқот кардааст. Бино ба гузориши Кумиссиюни марказии интихоботи Узбакистон, раисиҷумҳур ба дунболи Хоразм барномаи пешазинтихоботиашро дар вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ ҳам ба мардум шарҳ додаааст.

Бино ба гузориши хабаргузории “Жаҳон”, Ислом Каримов дар Хоразм дар шаҳри барномааш гуфтааст, ки ӯ дар давраи ояндаи раҳбариаш ба ислоҳоти фарогири тамоми соҳоти зиндагии кишвар ва боз ҳам боло бурдани сатҳи некӯаҳволӣ ва сифати рӯзгори мардум тамаркуз мекунад. Хоразм аз минтақаҳои таърихии Узбакистон аст ва Каримов ба ин далел гуфтааст, “шаҳрҳои қадими кишвари мо, табиати нотакрор ва фарҳанги бою ноби мо аз қадим таваҷҷӯҳи тамоми ҷаҳонро ба худ мекашад. Барои рушди зербинои муосири сайёҳӣ, бозсозӣ ва эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ва мазорҳои муқаддас корҳои фаъолона идома доранд.”

Дар мулоқотҳо бо Каримов аз толор ҳам мардум баланд шуда, маъмулан дастовардҳои даврони раёсати ӯро ситоиш мекунанд. Дар Хоразм, барои мисол, собиқадори меҳнат К.Ортиқов ва адиб Г.Ибодуллоев гуфтаанд, ки “дар даврони истиқлол таҳти раҳбарии Каримов корҳои азими созандагӣ анҷом ёфтааст” ва “интихоботи президенти Узбакистон ба меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ ҷавоб медиҳад.” Онҳо аз мардум хостаанд, то рӯзи 29 март дар интихобот фаъолона ширкат карда, ба Ислом Каримов овоз диҳанд.

Аз он қабл дар бораи сафари Ислом Каримов ба вилояти Андиҷон ва Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон ва мулоқотҳояш бо сокинони ин манотиқ гузориш шуда буд.

Номзадҳо ба интихоботи президентии Узбакистон

Номзадҳо ба интихоботи президентии Узбакистон

Рӯзи 29 март дар Узбакистон интихоботи навбатии президентӣ доир мешавад. Барои ширкат дар ин маърака ба ғайр аз Ислом Каримов, 3 номзади дигар – Ҳотамҷон Кетмонов, раиси ҳизби халқии демократӣ, Наримон Умаров, раиси ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” ва Акмал Саидов, раиси як маркази ҳуқуқи башари наздик ба ҳукумат ва узви фирқаи порлумонии ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ” - низ сабти ном шудаанд.

Вале ба бовари аксарияти кулл, ин номзадҳо танҳо ба хотири алтернативӣ ва зоҳиран демократӣ ҷилва додани интихоботи президентии Узбакистон асту бас. Дар асл, ҳама мутмаинанд, ки агар ҳолати фавқулоддае пеш наояд ва умр вафояш кунад, ин интихоботро низ Ислом Каримов ба осонӣ хоҳад бурд.

Гузоришҳо дар бораи “мулоқотҳои фаъолона”-и Ислом Каримов бо интихобкунандагон дар 5 вилоят сарусадоҳои қаблӣ дар бораи аз пой афтидани ӯ ба иллати маризии сахтро рад мекунанд.

Хабари ба кома афтодани Ислом Каримов ҳанӯз дар поёни моҳи январ аз сӯи як гурӯҳи мухолифини ӯ дар хориҷ бо номи Ҳаракати халқии Узбакистон бархост ва ба расонаҳои ҳатто ғарбӣ роҳ ёфт. Бино бар ин манбаъ, Ислом Каримов шоми 28 январ дар қароргоҳаш дар Кӯксарой аз ҳуш рафта, тақрибан як рӯз дар ҳолати кома боқӣ мондааст.

Ҳаракати халқии Узбакистон, ки ба он рақиби дерини Каримов – Муҳаммад Солеҳ - раҳбарӣ мекунад, ҳамчунин иддао дорад, ки баъди ин Ислом Каримов чанд рӯз ба кор наомад.

Тозакунии роҳҳо ба пешвози Каримов. Андиҷон. 24 феврал

Тозакунии роҳҳо ба пешвози Каримов. Андиҷон. 24 феврал

Манобеи наздик ба Оқсарой (Кохи раёсатҷумҳурии Узбакистон дар Тошканд) дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ овозаҳо дар бораи бад шудани вазъи саломатии Каримовро бепоя хонданд, вале рӯзи 6 феврал дар телевизион нашр нашр нашудани суханронии ӯ дар анҷумани ҳизби либерал-демократии Узбакистон ба оташи овозаҳо дар ин бора равғани бештар рехт.

Телевизиони давлатии Узбакистон ин суханрониро баъди 12 рӯз – шоми 18 феврал - билохира нашр кард, вале дигар натавонист пеши роҳи селу гумонҳо дар бораи вазъи саломатии раисиҷумҳурро бигирад. Ва ин овозаҳо то даме ки Ислом Каримов “фаъолона” ба мулоқоти интихобкунандагон ба Хоразму Навоӣ ва Бухорову Қароқалпоқистон нашитофт, ҳамчунон фурӯкаш накард.

Овозаҳо дар бораи бад шудани вазъи саломатии Ислом Каримов тақрибан ҳар сол пайдо мешаванд. Дар соли 2003 ҳатто овоза шуда буд, ки гӯё Ислом Каримов мурдаасту ӯро ба таври пинҳонӣ гӯручӯб кардаанд, вале ба хотири нашӯрондани мардум ин хабарро пинҳон мекунанд.

Рақсидани Каримов дар Наврӯзи соли 2012

Рақсидани Каримов дар Наврӯзи соли 2012

Ҳамин тавр мухолифони Каримов дар соли 2009 ду дафъа бо такя ба “манобеи огоҳ”-ашон дар бораи ба ҳолати кома афтодани президент хабар доданд. Дар соли 2013 сомонаҳои наздик дар мухолифони дар хориҷа қарор доштаи Каримов исрор карданд, ки ӯ сактаи қалб шудаву як пояш аллакай дар гӯр аст. Аммо ҳафтае баъди ин овоза Ислом Каримов бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Як сол аз он пеш, вақте боз аз по афтодани раисиҷумҳури Узбакистонро овоза карданд, моҳе баъди ин овозаҳо Ислом Каримов дар тантанаҳои наврӯзии Тошканд зоҳир шуд ва ҳатто дар пеши чашми мардум хеле рақсид.

Ислом Каримов, ки аз соли 1989, инак 26 сол боз зимоми раёсати Узбакистон, пураҳолитарин кишвари Осиёи Марказиро дар панҷаҳои оҳанинаш нигоҳ доштааст, рӯзи 30 январ ба синни 77 расид. Дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи 29 март ӯ замони раҳбариашро то соли 2020, ки ӯ ба синни 82 хоҳад расид, тамдид мекунад.

Дар дунё раҳбарони аз Каримов ҳам кӯҳансолтар ҳастанд. Барои мисол, Ден Сяопин то 85-солагиаш раҳбари расмии Чин буду, боз 8 соли дигар, то дами маргаш дар синни 93 сози аввалро дар сиёсати Пекин мезад.

Роберт Мугабе

Роберт Мугабе

Ҳуснӣ Муборак ҳам, вақте дар соли 2011 дар натиҷаи эътирозҳои мардум аз мақоми раҳбарии Миср сарнагунаш карданд, алакай 83 сол умру 30 сол собиқаи раҳбарӣ дошт. Ё Роберт Мугабе, раисиҷумҳури кишвари африқоии Зимбабве, ки 35 сол боз бар ин фақиртарин кишвари дунё раҳбарӣ мекунад, ҳафтае пеш ба синни 91 расид ва дар ҳоли ҳозир кӯҳансолтарин президенти дунё ба шумор меравад.

Дар худи Осиёи Марказӣ ҳам Нурсултон Назарбоев ҳаст, ки баробар бо Ислом Каримов дар соли 1989 ба раҳбарии ин кишвар омад ва ҳамагӣ 2 сол аз президенти Узбакистон ҷавонтар аст. Зимнан, дар Қазоқистон низ рӯзи 26 апрели соли равон интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсати ин ҷумҳурӣ таъин шудааст, ки бовар меравад, замони раёсати Назарбоеви 75-соларо боз 5 соли дигар тамдид хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG