Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба хабарҳо, имсол танҳо аз вилояти Фарғонаи Узбакистон беш аз 80 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 15 шаҳрванди Тоҷикистонро ба далели вайрон кардани қоидаҳои будубош ихроҷ кардаанд.

Хабаргузории русии “Спутник- Узбекистан” бо такя ба манобеаш дар мақомоти интизомии вилояти Фарғонаи Узбакистон хабар дод, ки танҳо дар се моҳи аввали соли равон ва танҳо аз ҳудуди ин вилоят беш аз 80 шаҳрванди кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла 15 шаҳрванди Тоҷикистон ва 37 шаҳрванди Қирғизистонро ихроҷ кардаанд.

Дар вазорати умури дохилаи Узбакистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шарҳи ин хабар худдорӣ карданд. Дар раёсати умури дохилаи вилояти Фарғона баргузории амалиёти тафтиши шиносномаҳо ва ошкор шудани мавридҳои вайрон шудани қоидаҳои будубош аз сӯи шаҳрвандони хориҷиро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ҳанӯз ин амалиёт пурра натиҷагирӣ нашудааст.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи манбаи “Спутник - Узбекистан”, тайи се моҳи аввали соли равон, бино ба ин манбаъ, ба шӯъбаҳои вуруду хуруҷ ва сабти номи вилояти Фарғона барои сабти ном беш аз 2200 шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ муроҷиат кардаанд. Аз ҷумла 921 шаҳрванди Русия, 572 шаҳрванди Қирғизистон ва 555 шаҳрванди Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни амалиёти тафтиши режими шиносномаҳо дар вилояти Фарғона 182 шаҳрванди СНГ (Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ), ки мӯҳлати сабти номашон ба охир расида буд ваё бидуни сабти ном дар ин вилоят кору зиндагӣ мекарданд, ошкор шудаанд. 42 нафари онҳо шаҳрвандони Қирғизистон, 33 нафар аз Тоҷикистон ва 89 тан онҳое будааанд, ки мақомоти Узбакистон мақоми онҳоро ҳамчун “фуқароси эмас”, яъне афроди бидуни шаҳрвандӣ, муайян кардаанд.

Аз ҳазорон нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аксаран узбактаборон ва зодагони вилоятҳои тоҷикнишини Узбакистон, ки асосан дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба ин кишвари ҳамсоя паноҳ бурданд, танҳо теъдоди ангуштшуморе тавонистанд дар Узбакистон ҳаққи шаҳрвандии комил ба даст биоранд. Аксари ин мардум бо вуҷуди инак беш аз 20 соли кору зиндагӣ дар Узбакистон ҳамчунон бо мақоми муаллақи “фуқароси эмас” ба сар мебаранд.

Дар солҳои охир ба ин шумор ҳамчунин афроде афзуданд, ки ба манзури таҳсил, кор ё тиҷорат ба Узбакистон сафар мекунанд.

Узбакистон бо Тоҷикистон аз ибтидои солҳои 2000-ум низоми раводид ҷорӣ кардааcт, вале барои сокинони навоҳии наздимарзии ин кишвари ҳамсояаш, ки аксаран узбактаборҳоянд, ҳаққи равуои бидуни виза ба мӯҳлати то 5 рӯзро ҳанӯз иҷозат медиҳад. Аз ин имтиёз умдатан онҳое истифода мебаранд, ки ба тиҷорати хурди наздимарзӣ машғуланд ва аз Тоҷикистон ба Узбакистон бештар меваву сабзавот бурда ва аз он кишвар ба Тоҷикистон маҳсулоти саноатӣ ворид мекунанд.

Яке аз гузаргоҳҳои марзи Тоҷикистон бо Узбакистон

Яке аз гузаргоҳҳои марзи Тоҷикистон бо Узбакистон

Аммо онҳое, ки сокини навоҳии наздимарзӣ нестанд, бояд аз номи хешу таборашон дар Узбакистон ҳатман даъватнома дошта бошанд ва баъди расидан худро сабти ном кунанд. Бисёриҳо, ҳарчанд дар хонаи хешу табори худ ҳам ба сар баранд, ба далели мушкилоти қоғазбозиаш маҷбуранд худро дар меҳмонхонаҳо сабти ном кунанд.

Ҳалима, як сокини нафақахӯри Душанбе, ки чанде пеш ба аёдати наздиконаш ба Самарқанд рафта буд ва бо қарори мақомоти Узбакистон берун карда шуд, мегӯяд, далели берун карданаш танҳо ҳамин буд, ки дар меҳмонхона сабти номи расмӣ дошт, вале чанд рӯз дар манзили меросии падараш ба сар бурдааст: “Аз ОВИР омада, гуфтанд, ки дар куҷое сабти ном дорӣ, бояд ҳамонҷозиндагӣ кунӣ. Ду рӯз саргардонам карданд идора ба идора ва сипас қарори берун кардан (выдворение) бароварданд. Барои вайрон кардани қоидаҳои будубош 250 доллар ҷарима ҳам супурдам. Боз ба ман гуфтанд, ки ба ман раҳм карда, 10 маоши ҳадди ақал ҷаримаам бастаанд, вагарна бояд 20 маош, яъне 500 доллар ҷарима месупурдам. Дар охир як милисаро ба ман вобаста карданд ва ӯ маро то сарҳади Тоҷикистон оварда, гусел кард. Дар шиносномаам мӯҳр ҳам заданд, ки “аз қаламрави Узбакистон берун карда шудааст.”

Тибқи “Низомномаи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Узбакистон”, ки ҳанӯз соли 1996 тасвиб шудааст, шаҳрвандони хориҷие, ки барои муддати беш аз 3 рӯз меҳмони ин кишвар мешаванд, бояд дар шӯъбаҳои сабти ном (ОВИР) худро сабт кунанд ва ҳаракатҳояшон дар қаламрави Узбакистонро бо мақомоти марбута ҳамоҳанг кунанд. Бино бар ин санад, дар сурати вайрон шудани қоидаҳои будубош аз сӯи хориҷӣ, мақомоти Узбакистон метавонанд замони будубоши ӯро маҳдуд кунанд ваё ӯро аз қаламрави ин кишвар берун кунанд.

Мушкили дарёфти раводид равуои мардум байни Тоҷикистону Узбакистонро коҳиш дода, бахусус барои онҳое, ки дар ду тарафи марз хешу табор доранд, дарди сари зиёд эҷод мекунад. Ба ҳадде ки бархе наметавонанд ба тӯю сӯр ва ҳатто ба маросими дафни наздикони дар он сӯи марз мондаашон саривақт рафта бирасанд.

Ҳамсӯҳбати мо Ҳалима мегӯяд, ки ӯ акнун бо мӯҳри дар шиносномааш задаи мақомоти Узбакистон се моҳ ҳаққи сафар ба он кишвар ва аёдати наздиконашро надорад. Ӯ мегӯяд, ба ҳар сурат, хуб шуд, ки ӯро на депортатсия, балки танҳо берун карданд, вале боз ҳам: “Хеле алам мекунад ва сахт мерасад ба одам. Охир наход одам ба Ватани худаш рафта натавонад?”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG