Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия як фаъоли сиёсиро аз зиндон озод кард


Элдар Дадин пас аз раҳоӣ
Элдар Дадин пас аз раҳоӣ

Мақомоти Русия Элдар Дадин, як фаъоли сиёсиро аз зиндон озод кардаанд. Пеш аз ин Додгоҳи олии Русия ҳукми Элдар Дадинро, ки бо гуноҳи ширкат дар тазоҳуроти беиҷоза ба зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи 22-уми феврал беэътибор кард ва амр дод, ӯро озод кунанд. Бар асоси ҳукм, ҳамчунин парвандаи Элдар Дадин бояд баста шавад.

Хабаргузории ИТАР ТАСС, аз қавли Анастасия Зотова, ҳамсари Дадин навишт, ки ӯро рӯзи 26-уми феврал озод кардаанд. Телевизиони давлатии Русия лаҳзаи аз зиндон берун омадани Элдар Дадинро намоиш дод, ки ӯро зиндоне дар Олтой нигаҳ медоштанд.

Ин фаъоли сиёсии Русияро, созмонҳои байналмилалӣ маҳбуси сиёсӣ медонистанд, чун ӯро бар асоси қонуни баҳсбарангез дар бораи ширкат дар тазоҳурот ба дувуним соли зиндон маҳкум карданд. Бар асоси ин қонун, ширкат дар бештар аз як тазоҳуроти ғайриқонунӣ дар муддати 180 рӯз ҷазо дорад. Элдар Дадин, ягона инсон дар Русия аст, ки бар асоси ҳамин қонун ҷазо гирифтааст.

Ӯ соли гузашта бо ирсоли номаи саркушодае гуфт, ки ӯ ва дигар зиндониёро дар маҳбаси Карелия азобу шиканҷа додаанд. Баъдан Элдар Дадин ба зиндоне дар вилояти Олтой фиристода шуд. Ӯро моҳи декабри соли 2015 ба зиндон маҳкум карданд ва ӯ як соли ин ҷазоро адо кардааст.

XS
SM
MD
LG