Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили дифоъ: «Тоҷиев аз шиканҷа худро аз тиреза партофтааст»


Юсуф Дониёров.
Юсуф Дониёров.

Юсуф Дониёров, вакили дифоъи Умедҷон Тоҷиев, сокини ноҳияи Исфара, узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз 11 рӯзи боздошти зерҳимояаш тавонист бо вай мулоқот кунад.

Тоҷиев рӯзи 2–уми ноябр зимни бозпурсӣ худро аз тирезаи ошёнаи сеюми ШКД–1-и шаҳри Исфара ба зер андохта, дар беморхонаи Исфара 3 шабонарӯз бистарӣ буд, сипас ӯро ба боздоштгоҳи мувақатии рақами 2 – и Хуҷанд интиқол доданд.

Юсуф Дониёров баъди аввалин вохӯрӣ бо зерҳимояаш ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Озодӣ: Ҷаноби Дониёров, шумо бо зерҳимояатон – Тоҷиев вохӯрдед, вай дар боздоштгоҳ чӣ ҳол дорад?

Дониёров: "Ман бо ёрии додситони шаҳри Исфара, ки худашон ба иҷозанома имзо гузоштанд, бо зерҳимояам – Тоҷиев вохӯрдам. Дар бораи ҳолати вай гуфтаниам, одаме, ки ҳар ду пояш шикастааст, чӣ ҳол доштанаш мумкин?"

Озодӣ: Ҳар ду пояш шикастааст? Дар беморхонаи шаҳри Исфара гуфта буданд, танҳо пойи чапаш шикастааст?

Дониёров: "Ин хато рафтааст, ҳар ду пойи Умедҷон шикастааст".

Озодӣ: Оё дар боздоштгоҳи Хуҷанд барои табобати вай шароит ҳаст?

Дониёров: Ман дар ин бора бо табиби боздоштгоҳ суҳбат кардам, вай мегӯяд, дар ҳоли ҳозир зерҳимояам бо ёрии ҳамҳуҷраҳояш шину хез ва қазои ҳоҷат мекунад. Лекин беҳтар аст маҷруҳеро, ки ба пойи худ раҳ гашта наметавонад, дар беморхона табобат кунанд."

Озодӣ: Умедҷон Тоҷиев дар бораи аз тирезаи ошёнаи сеюми бинои ШКД –1 дар шаҳри Исфара париданаш чӣ мегӯяд?

Дониёров: "Вай тан гирифт, ки худашро аз тиреза берун партофтааст, аз зӯрии шиканҷа. Вайро рӯзи 30 – юми октябр боздошт карда, ба ШКД–1-и Исфара меоранд. Аввал мегӯянд, ки нисбаташ парвандаи маъмурӣ оғоз кардаанд. Баъд дар додгоҳи шаҳри Исфара ӯро ба муҳлати 10 шабонарӯз маҳкум ба ҳабс мекунанд. Ва аз ҳамон рӯз ӯро зери шиканҷа мегиранд. Ба дастонаш завлона зада, ба он бо латтаи тар барқ дода, шиканҷа мекунанд. Зерҳимояам - Умедҷон ҳанӯз мо аз дар надаромада, фақат як гапро такрор мекард, ки «ман тамоман бегуноҳам!» Вай гуфт, ки соли 2009 низ ӯро ба гумони таъсиси гурӯҳи террористӣ 3 шабонарӯз боздошт карда будаанд. Аммо он вақт натавонистанд вайро айбдор кунанд. Он вақт баъди халосӣ Тоҷиев аз амалҳои ғайриқонунии кормандони милисаи шаҳри Исфара ба додситонӣ шикоят менависад. Рӯзи 30 – юми октябри соли равон кормандони имрӯзаи милисаи шаӯри Исфара ӯро боз дастгир карда меоранд ва гуфтаанд, ки ҳамон рӯзҳо бар зидди милисаҳо навишта буд, «қаламат тез», акнун хоҳӣ - нахоҳӣ, ҳамон айбро ба гардан мегирӣ ва зери шиканҳа мекашанд."

Озодӣ: Ҳоло алайҳи Тоҷиев чӣ иттиҳом пешниҳод шудааст?

Дониёров: "Бо моддаи 187, қисми 2 – и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон рӯзи 4 – уми ноябр айб эълон карда шуда, 5 – уми ноябр додгоҳи Исфара барои нигоҳ доштани вай дар маҳбас санксия додааст."

Озодӣ: Шумо бо зерҳимояатон як ба як суҳбат мекардед ё дар ҳузури дигарон?

Дониёров: "Не, ба сабаби он ки вайро дар замбари тиббӣ оварданд, назди мо, дар 3 – 4 метр дуртар духтури боздоштгоҳи муваққатӣ ҳам ҳозир буданд. Он кас гапҳои Тоҷиевро бармало мешуниданд. Яъне, он кас тасдиқ карда метавонанд, ки ба Тоҷиев ин гапҳоро ман ёд надодам ё нагуфтам, ки ин гапро бигӯ ё нагӯ."

Озодӣ: Вале рӯзҳое, ки Тоҷиевро дар беморхонаи Исфара бистарӣ кардаву наздаш ягон пайвандашро роҳ намедоданд, мақомот гуфта буданд, ки гӯё бо вай вакили дифои дигаре суҳбат кардааст ва Тоҷиев назди ӯ иқрор кардааст, ки худро ба мақсади гурехтан аз тирезаи ошёнаи 3 – юм поён андохт?

Дониёров: "Ин дуруст нест. Дар ин бора худи Тоҷиев гуфт, ки дар беморхонаи шаҳри Исфара, дар ҳолати нима беёду беҳуш буданаш зани фарбеҳе наздаш омад. Вай гуфтааст, ки ӯро адвокат таъин кардаанд. Аммо Тоҷиев гуфтааст, ки ба хидмати вай ниёз надорад, вакили дифоъро пайвандонаш барояш пайдо мекунанд. Ҳамин тавр, ин ки Тоҷиевро замони дар беморхонаи Исфара бистарӣ буданаш вакили дифоъ - Баҳрӣ Исҳоқова таҳти ҳимояташ гирифта бошад, нодуруст баромад."

Озодӣ: Дар пайи он ки Тоҷиев вақти бозпурсӣ худро аз ошёнаи 3 – юми бинои ШКД – 1 - и шаҳри Исфара поён партофт, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон – Рамазон Раҳимов дар замон ба таҳқиқи ин ҳодиса дастур ва ба думбол чанд корманди ин ниҳод дар шаҳри Исфараро ҷазоҳои маъмурӣ дод, то сабукдӯш шудан аз вазифа. Шумо ба ҳайси вакили дифои Тоҷиев аз ҷузъиёти таҳқиқ, ки то куҷо расид, хабар доред?

Дониёров: "Не, чизе гуфта наметавонам. Чунки дар ягон ҷо ба ман нагуфтанд, ки назари зерҳимояамро ҳамчун ҷабрдида пурсида бошанд."

Озодӣ: Хуб, баъд аз мулоқот аз Тоҷиев ҳимояти шумо аз вай чӣ гуна сурат хоҳад гирифт?

Дониёров: "Аввал дархост хоҳем кард, ки бо назардошти вазнинии саломатии Тоҷиев вайро барои табобат аз СИЗО ба беморхона гузаронанд. Баъд аз рӯйи Кодекси мурофиавии Тоҷикистон ҳаракат хоҳем кард бегуноҳии зерҳимояамро исбот кунем."

Озодӣ: Оё боздошт ва шиканҷаи Тоҷиев ба фаъолияти вай ба ҳайси узви Шӯрои олии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Исфара иртиботе дорад? Вай дар ин бора чизе гуфт?

Дониёров: "Не, дар ин бора бо Тоҷиев суҳбат надоштем. Гуфтугӯи мо аслан фақат дар бораи дастгир шуданашу сабаби аз тиреза париданаш буд. Чунки вазъи саломатии вай имкон намедиҳад зиёд гап занад ва суҳбати мо камтар аз 1 соат давом кард."

Озодӣ: Ҷаноби Дониёров, ин чиз ҳам ба шумо рӯшан шуд, ки чаро мақомот то имрӯз пайвандон, хешу таборони Тоҷиевро иҷозати бо вай вохӯрдан намедиҳанд?

Дониёров: "Ба фикри ман, ягона сабаб ин аст, ки Тоҷиев ба гуноҳе иқрор нашудааст. Ва маҳрум кардани вай аз дидор бо пайвандонаш фишор болои зерҳимояам аст, ки гуноҳи нокардаро ба гардан бигирад."
XS
SM
MD
LG