Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Горизонт то... Романтика -- ёдгориҳои "биҳишти гумшуда"


Дӯкони қадимафурӯшие дар Душанбе сокинонро ба сайри даҳсолаҳои пеш, махсусан ба муҳити Шӯравии собиқ мебарад.

Телевизиони маъруфи "Горизонт", навъҳои мухталифи суратгирҳои "Зенит" ва "Москва", радиои "Романтика" ва "Рекорд", нишонҳои мухталифи сарисинагӣ, китобҳо ва ҳазору як ашёи дигаре, ки замоне истифода мешуданду акнун ба моли атиқа табдил шудаанд, дар дӯконе дар маркази шаҳри Душанбе ба намоиш ва фурӯш гузошта шудаанд. Ин дӯкон "Атиқафурӯшӣ" ном дорад ва ба як осорхона монанд аст. Осорхонае, ки як наслро ба ёди ҷавониҳо, ёди давроне мебарад, ки то ҳанӯз бархе аз он чун даврони тилоӣ ном мебаранд.

Муассисони ин дӯкон коллексионерҳо - падару писар ҳанӯз 15 соли пеш, баъди қариб 10 соли пошхӯрии Шӯравӣ, ба ҷамъоварии молу маводи он замон ва пештар аз он шурӯъ кардаанд. Аммо 3 сол пеш ба ин фикр расидаанд, ки барои дӯстдорони моли атиқа ин ҳамаро ба фурӯш гузоранд. Саидҷон Ҳайдаров, молики ин дӯкон мегӯяд, ба маҳсулоти онҳо бештар афроди мисли худашон коллексионерҳо ва хориҷиҳо тавҷҷӯҳ доранд.

"Масалан, меҳмонҳо аз Русия, Чин, хулоса мардуми мухталиф меоянд. Ашёи писандидаро мехаранд. Бештар суратгирҳоро мехаранд. Инҳо аксарият ҳолати хуб доранд ва метавонанд аз он истифода кунанд," – гуфт ӯ.

Саидҷон мегӯяд, дар баробари ашёе, ки худи онҳо солҳои пеш ҷамъоварӣ кардаанд, имрӯз ҳам бархе аз сокинони кишвар аз рӯи зарурат, ёдгориву ашёи аз замони Шӯравӣ дар хонаҳояшонбударо оварда ба онҳо мефурӯшанд. Аккосиҳои Шӯравӣ дар ин дӯкони атиқафурӯшӣ аз 100 то 300 сомонӣ, радиоҳои маъруфи солҳои 60 – 70-ум, мисли “Романтика” ва “Рекорд” аз 150 то 400 сомонӣ, пластинка 50 сомонӣ ва нишонҳои сарисинагӣ ҳам аз 1 то 4 сомонӣ нарх доранд.

Ортиқи Қодир, наттоқ ва ҳунарпешаи маъруфи тоҷик, ки ба тамошои маҳсулоти Шӯравӣ дар дӯкони атиқафурӯшӣ омада буд, мегӯяд, ӯ ҳам дар хона то ҳанӯз баъзе аз ёдгориҳои он замонро дорад. Ӯ гуфт, ҳар бор бо дидани шиносномаи Шӯравӣ ва чизҳои дигари боқӣ аз он замон “дилаш гум мезанад” ва ёди он рӯзҳоро мекунад. “Ҳеч вақт фаромӯш намекунем, чӣ хел мо октябрят шуда будем. Баъд моро ба сафи пешоҳангон, яъне пионерон қабул карданд ва ин барои мо ин қадар ифтихор буд. Баъд комсомол шудем ва мукофотҳои махсус доштем,” – нақл кард ӯ.

Оқои Қодир мегӯяд, имрӯз вуҷуди чунин осорхонаву дӯконҳо муҳиманд ва чунин маконҳо ҷомеаро ба гузаштае мебарад, ки бо вуҷуди баъзе “минусҳояш” мардумсолор буд ва мардуми додхоҳ ҳатман додраси худро пайдо мекард.

Дар зимн, ҳоло ин дӯкон ягона фурӯшгоҳи хотираҳо ва маҳсулоти замони Шӯравӣ нест. Гуфта мешавад, ҳоло қариб ҳафт чунин нуқта дар пойтахт ба хоҳишмандон ва коллексионерҳо имкони соҳиб шудан ба ашёву ёдгориҳои замони Шӯравиро фароҳам овардааст.

СССР дар зеҳни аксар мардуми тоҷик чун як кишвари орому амн боқӣ мондааст ва бархе аз он “биҳишти гумшуда” таассуф мехӯранд ва бархе умедвори бозгашти айёме ҳастанд, ки табобат дар беморхонаҳову таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо бепул буд ва кас ҳам дар Қафқоз ва ҳам дар Сибир худро дар ватанаш эҳсос мекард. Тангдастӣ ва сахтиҳои зиндагии имрӯза ба андешаи таҳлилгарон боис шуда, ки ҳасрати даврони Шӯравӣ то ҳанӯз дар дили мардуми кишварҳои пасошӯравӣ кам нагардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG