Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент ҳамсарашро ноиби аввали худ таъин кард. ВИДЕО


Озарбойҷон - Боку. Меҳрубон Алиева ва Илҳом Алиев.
Озарбойҷон - Боку. Меҳрубон Алиева ва Илҳом Алиев.

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, ҳамсараш Меҳрубон Алиеваро ноиби аввали раиси ҷумҳур таъин кард. Фармони таъини Алиева ба сифати ноиби аввали раиси ҷумҳури Озарбойҷон рӯзи 21 феврал дар вебсайти президент нашр шуд.

Илҳом Алиев зимоми ин кишвари ғанӣ аз нафтро моҳи октябри соли 2003 аз падараш Ҳайдар Алиев ба мерос гирифт. Алиеви калонӣ, ки аз соли 1993 раҳбари Озарбойҷон буд, баъди ду моҳи ба қудрат расидани писараш аз дунё даргузашт.

Меҳрубон Алиеваи 52-сола ҳоло раҳбари Бунёди Ҳайдар Алиев ва ҳамзамон сафири ҳусни нияти ЮНЕСКО ва Созмони Исломӣ дар умури маориф, илм ва фарҳанг аст.

Ӯ то таъин шудан ба мақоми ноиби аввали раиси ҷумҳур, намояндаи мардумӣ дар порлумон ва муовини раиси ҳизби ҳоким - "Озарбойҷони Нав" буд, ки раҳбарияшро Илҳом Алиев бар дӯш дорад.

Илҳом ва Меҳрубон Алиевҳо соли 1983 издивоҷ карданд.

Илҳом Алиев ҳамсарашро муовини аввали Президенти Озарбойҷон таъин кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00

XS
SM
MD
LG