Пайвандҳои дастрасӣ

Ушаков: Русия омода аст ба Тоҷикистон кӯмак кунад


Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия гуфт, ки дар мулоқоти рӯ ба рӯи Путин ва Раҳмон дар Душанбе ҳаводиси ахир дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Дар мулоқоти рӯ ба рӯи президентон Путин ва Раҳмон ҳаводиси ахир дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад, гуфт Ушаков ва таъкид кард, ки Русия омода аст ба Тоҷикистон кӯмак кунад ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ пуштибонӣ намояд. Изҳороти Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, рӯзи 11 сентябр дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав пахш шуд. Ба гуфтаи ин мақомдори рус, даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи 4 сентябр дар Тоҷикистон, аз мавзӯъҳои аслии мавриди гуфтугӯҳои Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд. Мулоқоти ду раиси ҷумҳур 14 сентябр дар Душанбе сурат мегирад.

«Оқои Раҳмон дар бораи тафсилоти ҳодисаҳои ахир ва тадобире, ки ин кишвар барои аз байн бурдани онҳо андешидааст, маълумот медиҳад», гуфт Ушаков.

Рӯзи 4 сенятябр дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон як даргирии мусаллаҳона сурат гирифт, ки чандин нафарро аз гурӯҳи ҳамлагар ва низомиёни давлатӣ кушта бар ҷой гузошт. Ба гуфтаи мақомот ба гурӯҳи муаллаҳ, ки ба яке аз пойгоҳи низомии воқеъ дар пойтахт ҳуҷум бурд, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон Ҳалим Назарзода раҳбарӣ мекард. Дар пайи амалиёти вежаи нерӯҳои давлатӣ ин гурӯҳ, ки теъдодаш мушаххас нест, дар манотиқи кӯҳдомани дараи Ромит паноҳ бурд.

Нишасти матбуотии Ушаков дар Маскав дар остонаи баргузории ҷаласаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ сурат гирифт. Ин ҷаласа рӯзҳои 14 ва 15 сентябр дар пойтахи Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар нишаст раҳбарони кишварҳои узви ин созмон – Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Русия иштирок мекунанд. Зимнан, дар чаҳорчӯби ин барномаҳо сафари расмии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон дар назар аст, ки рӯзи 14 сентябр оғоз меёбад.

XS
SM
MD
LG