Пайвандҳои дастрасӣ

"Духтарони тоҷик" ошиқони худро аз "Одноклассники" ба "ҷиҳод" мехонанд


Акс аз "Одноклассники" гирифта шудааст.

Акс аз "Одноклассники" гирифта шудааст.

Бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, бо зери исми духтарон ҷалби ҷавонони муҳоҷир ба ҷиҳод, ба як шеваи нави таблиғ ва дом афтодани ҷавонон табдил ёфтааст.

Ҷавони муҳоҷири тоҷик, ки соле боз дар муҳоҷиратӣ меҳнатӣ дар Русия ҳаст, тариқи шабакаи иҷтимоӣ аз духтари ношиносе ба ҷиҳоди зидди “кофирон” дар Сурия даъват шудааст. Далер, ин ҷавони муҳоҷир замоне бо ин “духтар” зери исми “Мусулманка Мубориз” шинос шуд, ки ҳангоми фароғат аз кори сохтмон ва вуруд ба шабакаи “Одноклассники” аз ӯ дархости дӯстӣ гирифт.

"МУСУЛМАНКА МУБОРИЗ" АЗ ДАЛЕР ЧӢ МЕХОСТ?

Ин ҷавон мегӯяд, чун дар ин шабака ҳамеша барои худ дӯстдухтар меҷуст, аз ин хеле шод шуда, тақрибан якуним моҳ сӯҳбати ӯ бо ин “духтар” зери исми мустаор давом кард. Пас аз чанд рӯзи сӯҳбати маъмулӣ, ин “духтар” ба сӯҳбати мазҳабӣ шурӯъ кард ва ба оҳистагӣ диққати ӯро ба “ҷангҳои муқаддас” дар Сурия ҷалб кардааст. Далер мегӯяд, ӯ барояш наворҳое равон мекард, ки дар он куштори бераҳмонаи атфолу занон намоиш дода мешуд ва ин “духтар” ҳам инро кори дасти “кофирон” медонист, ки мусалмононро қатли ом мекунанд. Ин ҷавон, ки ҳадафаш аз ошноӣ чизи дигаре буд, ба хотири наранҷонидан ва рӯзе аз наздик бо ӯ дидор кардан, ҳарфҳояшро бо тааасуф аз “хории мусалмонон” қабул мекард. Талоши ин ҷавон барои сӯҳбати телефонӣ бо ин духтар натиҷа надодааст ва ӯ ваъда мекардааст, ки то рӯзи вохӯрӣ аз ӯ рақами телефон напурсад.

Ин “духтар” чун мебинад, ки аз ҳарфояш Далер мутааcсиф шудааст ва зоҳиран ӯ ҳам ба “кофирони мусалмонкӯш” нафрат пайдо кардааст, барояш ваъдаи дидор медиҳад: “Маслиҳат буд, ки ӯ бояд ба пеши ман биояд. Ман гуфтам, ки агар биёӣ, Сурия меравем, аммо ин аз рӯи дил буд, чун фақат ман ӯро дидан мехостам. Тахминан се рӯз дар шабака пайдо нашуд ва баъди се рӯз ҷавоне ба сохтмони мо омада гуфт, ки ӯ бародари Насиба ҳаст. Гуфт, хоҳараш чиптаи тайёра ёфта ба Сурия рафтааст. Ба ман гуфт, ки ту агар хоҳӣ ки ба кӯмаки мусалмонони азобкашидаамон равем, биё ҳамроҳам равем ва он ҷо ҳамроҳ бо Насиба кӯмак мекунем.”

Далер мегӯяд, бархӯрди ӯ, ки аз наздик ба ҷавони “муҷоҳид” монанд набуд, “бародари Насиба”-ро ҳайратзада кард ва ӯ зуд аз наздашон фирор кард ва ба дунбол саҳифаи “Мусулманка мубориз” ҳам нопайдо шуд. Ин ҷавон мӯътақид аст, ки он “духтар” ҳамин ҷавон будааст, ки бо фиреб мехост, ӯро ба ҷиҳод барад.

ҲИДОЯТ БА СУРИЯ...

Ба мисли Далер муҳоҷирони зиёде аз меҳмон шудани духтарони зоҳиран мазҳабӣ дар саҳифаи “Одноклассники”-ашон сӯҳбат мекунанд. Қурбонмад, як ҷавони дигари муҳоҷир мегӯяд, чунин духтаре ҳам бо ӯ ба сӯҳбат нишаст, вале пас аз оне, ки сӯҳбатро ин ҷавон ба самти зиёд фаҳш бурд, ин духтар ба якборагӣ аз сафи дӯстонаш ғайб зад.

Аксари муҳоҷирон мегӯянд, бо зери исми духтарон ҷалби ҷавонони муҳоҷир ба ҷиҳод ба як шеваи нави таблиғ ва дом афтодани ҷавонон табдил ёфтааст.

Маълум нест, ки афроде мисли “Мусулманка Мубориз” чанд нафареро бо ин шева барои ҷиҳод ба Сурия ҷалб сохтааст, аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳудуди 200 ҷавони тоҷик дар Сурия алайҳи нерӯҳои Башор Асад меҷанганд, аксаран тариқи Русия-Туркия вориди ин кишвар шудаанд.

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Аммо як ҷавони тоҷик, ки ба иқрори худ дар Сурия меҷангад ва бо исми мустаоре дар “Одноклассники” саҳифа дорад, дар сӯҳбат ба воситаи ин шабака ба “Озодӣ” гуфт, ӯ ба воситаи ин шабака даъват нашудааст, балки пас аз шинос шудан ба марде барояш раҳнамоӣ шудааст, то аз “Одноклассники” истифода барад, то бештар “аз ҳақиқат огоҳ шавад”. Аммо ӯ инкор накарда, ки тариқи Русия ба Сурия рафтааст. Ӯ навишт, “дар Русия хидматгорони зиёди ислом ҳастанд, ки ҷавонони мусалмононро аз фарзи исломӣ, яъне ҷиҳод дар роҳи Худо огоҳ мекунанд.”

Ба назар мерасид, ин ҷавон аз рафтани худ ба Сурия ё ба истилоҳи ӯ “Давлат-ул исломӣ” чандон пушаймон нест.

"ОДНОКЛАССНИКИ"--ҶАВЛОНГОҲИ "ҶИҲОДИЁН"

Дар шабакаи “Одноклассники ҳазорон корбареро метавон пайдо кард, ки зери номҳои арабӣ бо забони тоҷикӣ бо нашри наворҳо сокинонро ба ҷиҳод даъват мекунад. Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани фароҳамкунандагони интернет мегӯяд, ба он хотир ин гурӯҳҳо бештар аз тариқи шабакаҳои иҷтмоӣ ҷавононро барои шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ даъват мекунанд, ки ин то андозае барояшон бехтар аст. Аммо ӯ мегӯяд, дар сурати шикояти корбар аз як корбар, ки ақидаҳои ифротгароёна паҳн мекунад, шабака ба ӯ ҳушдор медиҳад ва дар сурати расидани чунин шикоят, саҳифаашро мебанад. Аммо Атоев мегӯяд, наворҳои ҷавонони ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд шудааст:

“Дар замини холӣ ҳама чиз мерӯяд. Модоме ки ин шабакаро корбаронаш зиёд аст, бояд таҳлил кунем, чаро ҷавонон ба он таваҷҷӯҳ доранд. Дар баробари маводҳои ифротгароёна, мо бояд маводе интишоре кунем, ба ободкорӣ раҳнамоӣ кунад. Мутаассифона мебинем, ин гуна наворҳои даъват хеле зиёд аст. Мо нерӯҳои худро бар зидди наворҳои созанда равон кунем, ки таваҷҷӯҳро ба дигар сӯ барад. Аммо пеш аз ҳама бояд мо сабаби таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин шабакро омӯзем.”

ҶАВОНОНИ РӮҲАФТОДА...

Каромат Шарифов.

Каромат Шарифов.

Ҷавонони рӯҳафтода ва бекор дар Русия бештар ҳадафи афроде қарор мегиранд, ки ҷавононро ба Сурия ҷалб мекунанд. Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик мегӯяд, афроде дар Русия бо ба дом афтондани чунин ҷавонон барои ирсолашон ба Сурия ва Ироқ маблағи зиёд дарёфт мекунанд. Ӯ мегӯяд, бештар ҷавононеро ҷалб мекунанд, ки дар Тоҷикистон мушкилоти зиёд доранд ва намехоҳанд, бо бозгашт ба Тоҷикистон рӯ ба рӯ ба мушкилот шаванд. Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик, ки ба қавли худ бо беш аз сад ҷавоне, ки чунин азм доштааст, сӯҳбат кардааст, мегӯяд:

“Мо бо ҷавонони зиёде сӯҳбат доштем, ки бекорӣ дар Тоҷикистон дилашонро гирифта буд ва тарғиб шуда буданду мехостанд ба Сурия бираванд. Бисёрашон дар Тоҷикистон қарздор буданд ва сад мушкили дигар доштанд, ки ба ёд оварданашон аз сафар бармегардонд, онҳоро. Мо кӯшиш кардем, ки чанде аз онҳоро баргардонем. Ҳарчанд, ҳамеша дар бораи зиндагӣ дар Тоҷикистон бо нороҳатӣ сӯҳбат мекарданд. Оқибати зиёд шудани инҳо хуб нест, зеро бо силоҳу ақидаашон баргаштан ба Тоҷикистон хатар дорад. “

ТАФСИРИ БАРҒАЛАТ АЗ ДИН

Коршиносони масоили мазҳабӣ мегӯянд, ки таблиғгарон бештар ояҳои Қуръонро барғалат тафсир карда, ҳадафи худро асоснок мекунанд.

Саидаҳмад Қаландаров, коршиноси масоили мазҳабӣ мегӯяд, бештар он ҷавононе ба Сурия ҷалб мешаванд, ки ноумеди комил фарогирашон шудааст ва ба ҳали мушкилоташон чандон бовар надоранд: “Ин ҷавонон дар ин дунё ноумед шудаанд ва онҳоро бо ваъдаи зиндагии беҳтар дар он дунё, яъне биҳишт ба ҷиҳод ҷалб мекунанд. Инҳо ҷавононе ҳастанд, ки дар Русия таҳқир шудаанд, кори хуб пайдо накардаанд ва дониши хуб надоранд. ”

Шабакаи иҷтимоии “Одноклсcникӣ”, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 500 ҳазор корбар дорад, пур аз акси ҷавонони силоҳбадасти тоҷик аст, ки зоҳиран ҳамроҳ бо гурӯҳҳои тундгаро меҷанганд. Тибқи иттилои расмӣ, то кунун 50 ҷавони тоҷик дар Сурия кушта шудааст. Ҳарчанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гуфтаи муҳоҷирон аз номи "духтарон", ҷавонон ба "ҷиҳод" даъват шаванд ҳам, вале то кунун мавориди ширкат духтарони тоҷик собит нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG