Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нақш"-и харҳо дар интихоботи Афғонистон


Дар маъракаи интихоботии раёсати ҷумҳури Афғонистон, харҳои борбар дар бурдани қуттиҳои райъдиҳӣ ба манотиқи дурдаст нақши муҳим доштанд.

Мақомоти афғон беш аз 3 000 харро барои интиқоли лавозимоти интихоботӣ ба дурдастарин гӯшаҳои Бадахшон, Нуристон, Ғазнӣ, Қунар ва дигар навоҳӣ ба иҷора гирифта, аз хизмати онҳо истифода карданд. Роҳбари Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон Нурмуҳаммад Нур мегӯяд: «Мо ин ҳайвонҳоро аз сокинони бумӣ ба иҷора гирифтем ва онҳоро ба соҳибонашон баъд аз интихобот бармегардонем.»

Ин ҷонварон барои расонидани варақаҳои раъйдиҳӣ ба марказҳои ноҳияҳо барои шуморидани овозҳо баъд аз анҷоми интихобот ҳам хизмат мекардаанд. Ба соҳибони ҳайвонҳо гуфтаанд, ки бо пеш омадани зарурати давраи дувуми интихобот, харҳоро дубора ба иҷора мегиранд.

ДАСТРАСӢ ДАР 3 МАРҲАЛА

Масъулони Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон гуфтаанд, ки дастрасии қуттиҳо ва варақаҳои раъйдиҳӣ ба ҳавзаҳои интихоботӣ дар се марҳала анҷом дода мешавад. "Аввал, мо аз ҳавопаймову мошинҳои боркаш барои интиқоли лавозимот аз Кобул ба марказҳои вилоятҳо истифода мекунем. Дувум марҳала ба марказҳои ноҳияҳо бурда мешавад ва марҳалаи ниҳоӣ лавозимоти интихоботиро ба ҳар як ҳавзаи интихоботӣ бурда мерасонем»

Вазорати дифои Афғонистон барои дастрасии варақаҳои интихоботӣ ба 49 ноҳияи дурдаст, ки мошинҳои боркаш рафта наметавонанд, даҳҳо чархбол ҷудо кардааст. Рӯзи 2-уми апрел мақомоти афғон гуфтаанд, ки бо сабаби номусоидии боду ҳаво то ҳол натавонистаанд варақаҳои раъйдиҳиро ба 10 ноҳия расонанд. Аммо масъулон умедворанд, ки бо истифодаи ҳайвонҳои борбар дар наздиктарин фурсат варақаҳои раъйдиҳиро ба деҳаҳои дурдастарин мерасонанд.

ТАҲДИДИ АМНИЯТӢ

Дар саросари Афғонистон ҳудуди 28 500 нуқтаҳои раъйдиҳӣ кушодаанд, аммо ҳудуди 10 дарсади ҳавзаҳои раъйдиҳӣ бо далоили амниятӣ аз ҷониби Толибон, ки интизор меравад 5-уми апрел раванди интихоботро халалдор кунанд, баста боқӣ хоҳанд монд.

Дар раванди омодагӣ ба интихобот гурӯҳи Толибон ба марказҳои раъйдиҳӣ ва масъулони интихобот ҳамла карданд. Нур Муҳаммад Нур мегӯяд, «хушбахтона то ҳол ҳамлаҳои силоҳӣ ба корвони ҳайвонҳои боркаш нашудааст.»

Ба гуфтаи мақомот, барои таъмини амнияти мардум дар рӯзи интихобот беш аз 350 000 низомӣ сафарбар карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG