Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

USCIRF: Амрико бояд ба Тоҷикистон фишор биорад


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико дар гузориши солонааш вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро ба интиқод кашида, аз Амрико хостааст, то бо талаби ислоҳи вазъ ба Душанбе фишор биорад.

Саид Аҳмадов, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва раҳбари собиқи Кумитаи дини ин кишвар рӯзи 3 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар вокуниш ба гузориши солонаи Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико гуфт, ин ниҳод дар арзёбиҳояш аз вазъи озодиҳои дин дар Тоҷикистон ду масъала – озодиҳои дин ва муборизаи мақомоти Душанбе бо ифротгароиро бо ҳам омехта кардааст: «Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, дар Тоҷикистон ягон санади ҳуқуқие тасвиб нашудааст, ки озодиҳои диниро маҳдуд кунад. Аз тарафи дигар, низоми давлатии Тоҷикистон дунявист ва давлат касе маҷбур ба пайравӣ ба ин ё он равияи мазҳабӣ намекунад. Дин ва интихоби дин дар Тоҷикистон озод аст. Вале баъзе ҳаракатҳои ифротӣ, ки ҷомиаро ба низоъ меандозанд, зиддиятро дар ҷомиа бармеангезанд ва вазъро хароб мекунанд, муборизаи давлат бар зидди чунин ҳаракатҳост. Давлат муваззаф аст, ба хотири пешгирии гароиши шаҳрвандонаш ба чунин равияҳо мубориза барад. Мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро набояд бо озодиҳое, ки қонунҳои Тоҷикистон додаанд, набояд дастак кард барои танқиди Тоҷикистон.»

Аммо Саид Аҳмадов ҳамзамон вуҷуди бархе мавридҳои, ба гуфтаи ӯ, тундравӣ аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ дар масоили мубориза бо ифротгароиро низ эътироф мекунад: «Ҳар гуна сиёсат дар амалия ба баъзе тасодуфҳо ё ҳолатҳое дучор мешавад, ки дар бархе маҳаллҳо онро нодуруст маънидод ва иҷро мекунанд. Ин ҳолатҳо метавонанд ба эҳсосоти диндории мардум таъсири манфӣ ҳам расонда бошад. Дар чунин сурат давлат вазифадор аст, ки чунин ҳолатҳоро ошкор карда, пеши роҳи тундгароии аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ анҷомшударо низ бигирад.»

Кумиссиюни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба озодиии динии байналмилалӣ (USCIRF) рӯзи 2 май гузориши солонааш дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои дунёро нашр кард. Дар бахши Тоҷикистони ин гузориш, ки ба забони тоҷикӣ низ алоҳида нашр шудааст, гуфта мешавад, ки “ҳукумати Тоҷикистон ҳама гуна фаъолияти динии мустақил ва берун аз назорати давлатӣ, аз ҷумла фаъолиятҳои мусулмонон, протестантҳо ва шоҳидони Яҳуваро саркӯбӣ карда, ба ҷазо мекашад.” Бино ба ин гузориш, аз соли 2009 дар Тоҷикистон “як силсила қонунҳое ҷорӣ карда шудаанд, ки ба таври шадид озодии диниро маҳдуд месозанд. Ҳукумат инчунин шахсони алоҳидаро бо иттиҳомоти ҷиноии собитнашудаи марбут ба фаъолиятҳои динии исломӣ ба зиндон мекашад.”

Муаллифон аз ҷумла дар соли 2015 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби “экстремистӣ” манъ шудани фаъолияти ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ ва боздошти 100 тан аз пешвоён ва аъзои ин ҳизбро зикр карда, гуфтаанд, ки Кумиссиюни озодиҳои мазҳабӣ “бори дигар дар соли 2016 тавсия менамояд, ки Ҳукумати ИМА Тоҷикистонро мувофиқи Қонуни байналмилалии озодии дин (IRFA) ба сифати “кишвари боиси нигарониҳои хос” ё (CPC) муайян намояд. Қаблан Тоҷикистон, аз соли 2009 то соли 2011, дар сатҳи 2-и USCIRF (номи пешинааш Рӯйхати пайгириҳо) ҷой дода шуда буд.»

Аз ҳукумати Амрико ҳамчунин хоста шудааст, то "ба Ҳукумати Тоҷикистон фишор оварад, то ин ки Қонуни дин аз соли 2009 ва қонунҳои марбутаи дигарро ба тааҳҳудоти байналмилалӣ, аз ҷумла тааҳҳудоти марбут ба озодии дин ё эътиқод, мувофиқ намояд, инчунин ба таври умумӣ нақзи ин тааҳҳудотро аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон мавриди танқид қарор диҳад."

Ҳамчунин дар гузориш гуфта мешавад, ки Амрико бояд «дар бобати муносибати репрессивии Тоҷикистон дар масоили танзими дин ва мубориза бо ифротгароӣ, аз ҷумла хафви ифротгаро кардани аҳолии кишвар» бо ҷомиаи байналмилалӣ ҳамкорӣ кунад ва ҳукумати Тоҷикистонро ба таъмини боздидҳои гузоришгарони вижаи СММ дар масоили озодии дин ва шиканҷа розӣ кунонад. Ҳамин тавр, аз Вошингтон хостаанд, ки «дар болотарин сатҳҳо пофишорӣ кунад ва барои таъмини озодии фаврии ашхоси ҳабсшуда барои фаъолиятҳои осоиштаи динӣ ё мансубияти мазҳабияшон кор барад.»

Тақозои дигари омода дар гузориши кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико марбут ба шеваи ироаи ёриҳои Амрико ба Тоҷикистон аст. Ба ақидаи муаллифон, ҳукумати Амрико бояд «боварӣ ҳосил намояд, ки кӯмаки ИМА ба Ҳукумати Тоҷикистон, ба истиснои кӯмакҳои башардӯстона ва барои пешрафти ҳуқуқи башар пешбинишуда, дар сурате анҷом мегирад, ки агар ҳукумат ҷадвали замонии иқдомоти мушаххасро барои ислоҳоти Қонуни дин ва беҳбуди шароити озодии динӣ ва эътиқод мураттаб ва амалӣ намояд.»

Матни пурраи гузориш инҷост:

Матни пурраи гузориши солонаи Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG