Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Амрикоро чӣ гуна интихоб мекунанд?


Интихоботи навбатии раёсати ҷумҳури Амрико рӯзи 8 ноябр баргузор хоҳад шуд. Аммо ин интихобот аз зинаҳои гуногун иборат аст, ки бояд ҳар ҳизб ва ҳар довталаби ин курсӣ онро тай бикунад.

Соли ҷорӣ ду давраи чаҳорсолаи раёсати Барак Обама ба ҳайси президенти Амрико ба поён мерасад ва ӯ қонунан дигар ҳаққи иштирок дар интихоботро нахоҳад дошт. Барои ҳамин, дар баробари Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ҳамҳизбиёни Барак Обама аз Ҳизби Демократ низ бояд як номзади навро дар интихоботи моҳи ноябр ба раъйдиҳандагон муаррифӣ кунанд.

Ба ин тартиб, раванди начандон кӯтоҳи интихоби номзади ниҳоӣ барои интихоботи Амрико оғоз меёбад. Мунозираҳои интихоботӣ аз моҳҳо пеш шуруъ мешавад. Дар ин мунозираҳо теъдоде аз намояндагони ин ду ҳизби аслӣ барои ширкат дар интихобот изҳори омодагӣ мекунанд.

Аммо пирузӣ дар мақоми раёсати давлатӣ, ки бузургтарин иқтисоди кураи заминро дорад ва қудратмандтарин артиши ҷаҳон зери фармондеҳии ӯст, кори осон нест.

ИНТИХОБОТИ МУҚАДДАМОТӢ

Номзадҳое, ки дар марҳилаи интихоботи аввалия боқӣ мемонанд, ҳафтаҳо дар шабакаҳои пурбинандаи Амрико ба мунозира бо якдигар мепардозанд. Баъд аз он интихоботи даруниҳизбии ҷумҳурихоҳон ва демократҳо оғоз меёбад. Аз аввали моҳи феврал то моҳи июн ҳар иёлату минтақаи Амрико барои интихоби номзади ниҳоӣ раъйгирӣ мекунанд.

Дар бештари иёлатҳо ҳаводорони ҳизбҳо дар “интихоботи муқаддамотӣ” мустақим ба номзади мавриди алоқаи худ раъй медиҳанд. Баъзе аз иёлатҳо, монанди Айова, даст ба баргузории “анҷумани ҳизбӣ” ё CAUCUS (Кокас) мезананд. Дар ин анҷуманҳои ҳизбӣ баҳсу баррасиҳои даруниҳизбӣ сурат мегирад ва ширкаткунандагон роҷеъ ба номзади ягона ба тавофуқ мерасанд.

CAUCUS вожаи амрикоиҳои бумӣ аст, ки ба маънои нишаст ё ҷаласаи бузургони қабила истифода мешавад. Дар давраи интихоботи муқаддамотӣ ҳар як аз номзадҳои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Ҳизби Демократ аз як сӯ ба сӯи дигари Амрико ҳазорон километрро тай карда, бо мардуми кӯчаву хиёбонҳо мулоқот мекунанд ва ба хостҳояшон гӯш медиҳанд.

Интихоботи аввалия дар иёлати Айова, сипас дар Нию Ҳампшайер ва дар Каролинаи Ҷанубӣ аз якум то 20 феврал баргузор мешавад. Аммо иёлатҳо дар рӯзҳои гуногун раъй намедиҳанд. 14 иёлат ва як минтақа ҳамзамон якуми март барои номзади мавриди назари худ раъй медиҳанд. Ин раъйдиҳиҳо нишон медиҳад, ки чанд нафар аз намояндагони иёлатӣ ба “конгресси миллӣ” мераванд ва дар он ҷо ба ҷонибдорӣ аз номзади ниҳоӣ раъй хоҳанд дод. Шумориши теъдоди мақомҳои ҳизбии интихобшуда дар он иёлат муайян карда мешавад.

Номзади ҷумҳурихоҳ бояд дар гирдиҳамоиҳои ниҳоӣ ё “конгрессҳои миллӣ” аз 2 ҳазору 472 раъйи иёлатҳо ба камияш соҳиби 1 ҳазору 237 раъй шавад. Аммо номзади демократҳо аз 4 ҳазору 764 намояндаи 50 иёлат бояд соҳиби 2 ҳазору 373 раъй шавад.

ФАСЛИ РАҚОБАТ

Пас аз интихоботи аввалия номзади ниҳоиро ҳизбҳо дар давоми се моҳи дигар интихоб мекунанд. Номзадҳои мустақил ва номзадҳо аз ҳизбҳои хурд низ вориди ин марҳила мешаванд. Вале таваҷҷуҳ аслан ба ҳамин ду ҳизби аслӣ мебошад.

Дар ин муддат номзадҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ё матбуот ба мунозираҳои мустақим мепардозанд.

РАВАНДИ РАЪЙГИРӢ

Дар Амрико раисиҷумҳур бар асоси маҷмӯи орои умумии рехташуда дар сандуқҳои раъй интихоб намешавад. Ҳар як аз иёлатҳо шумораи намоянда доранд, ки ба онҳо “интихобкунанда” гуфта мешавад. Шумораи ин интихобкунандагон баробар бо шумораи намояндагонест, ки ҳар иёлат ба Маҷлиси Намояндагони Амрико мефиристад.

Масалан, иёлати пурҷамъияти Калифорния 55 намоянда дорад, вале иёлати Аляска дорои 3 намоянда аст.

Ҳар номзади ниҳоии ҳизб, ки дар иёлатҳо бештар аз 50 дарсади раъйи ин намояндаҳоро ба даст орад, пирӯзӣ насиби ҳамон номзад мешавад. Дар маҷмӯъ, дар ҳамаи иёлатҳои Амрико 583 интихобкунанда мавҷуд аст. Ҳар номзаде, ки аз ин шумора раъйи бештар аз 270 намояндаро ба даст овард, роҳии Кохи Сафед хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG