Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони сабаби сӯхтор дар бинои марказии “Амонатбонк”


Сабаби сӯхтор дар бинои марказии "Амонатбонк" дар Душанбе эълон шуд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 22 феврал гуфтанд, ки бино ба иттилои коршиносон сабаби ин сӯхтор "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ" будааст.

Вазорат мегӯяд, дар ин ҳодиса касе осеб надид, вале таҳқиқи ҳодиса ҳамчунон идома дорад. Ба қавли манбаъ, "ҳангоми ҳозир шудан ба ҷойи ҳодиса муайян гардид, ки қисмҳои чӯбини боми бинои мазкур дар масоҳати 250 метри мураббаъ оташ гирифтааст. Дар натиҷаи гузарондани амалиёт роҳҳои паҳншавии алангаи оташ дар ҳама самтҳо пешгирӣ карда шуд."

Сӯхтор дар бинои марказии "Амонатбонк" дар наздикии бозори Шоҳмансури пойтахт баъд аз зӯҳри 21 феврал рух дод. Як корманди бонк ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор дар маҳалли баргузории конфронсҳо иттифоқ афтода, онҳо талош кардаанд, тамоми ҳуҷҷат ва "сервер"-ҳоро ба берун бароваранд. Мақомот мегӯянд, барои хомӯш кардани сӯхтор 13 нақлиёти оташнишонӣ сафарбар шуданд.

XS
SM
MD
LG