Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико Эронро бузургтарин кишвари ҳомии терроризм хонд


Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши солонаи худ дар бораи вазъияти "терроризми ҷаҳонӣ", Эронро "бузургтарин кишвари ҳомиии терроризм дар ҷаҳон" дар соли 2015 муаррифӣ кард.

Дар гузориши солонаи вазорати умури хориҷии Амрико, ки рӯзи панҷшанбеи 2-юми июн нашр шуд, омадааст, ки Эрон аз тариқи "ироаи кӯмакҳои молӣ, омӯзишӣ ва муҷаҳҳаз кардани гурӯҳҳои ифротӣ монанди "Ҳизбуллоҳ" -и Лубнон, ҳамчун бузургтарин кишвари пуштибони терроризм дар дунё шинохта мешавад.

Вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчунин истифода аз нерӯи Қудси Сипоҳи посдоронро барои пиёда сохтани ҳадафҳои Эрон дар сиёсати хориҷӣ, ки "сабаби нооромӣ дар саросари Ховари Миёна мешавад", ҳамчун далели дигари қарор доштани номи Эрон дар садри ин феҳрист гуфтааст. Ба ҷуз ин, пуштибонии Теҳрон аз ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, низ яке аз далелҳои дигари дар садри ин феҳрист қарор гирифтани Эрон гуфта шудааст.

Вазорати умури хориҷии Амрико таъкид кардааст, ки Эрон ғайр аз ҳимояти молӣ ва муҷаҳҳаз кардани "Ҳизбуллоҳ" ва ҳукумати Башор Асад, ба гурӯҳҳои зиддиисроилӣ монанди "Ҳамос" ва шибҳинизомиён дар Баҳрайн кӯмак мекунад.

Сурия ва Судон пас аз Эрон дар феҳристи давлатҳои пуштибони терроризм қарор доранд. Дар пайи барқарорсозии робитаҳои ҳасана миёни Вошингтон ва Гавана, Куба аз ин феҳрист хориҷ шудааст.

Амрико дар ҳоле ҳамчунон Эронро бузургтарин давлати пуштибони терроризм дар дунё дар соли 2015 медонад, ки дар ин сол муваффақ шуд ҳамроҳ бо дигар қудратҳои ҷаҳонӣ ба созиши ниҳоӣ дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон даст ёбад.

Вазорати умури хориҷии Амрико дар ҳоле Эронро пуштибони терроризм дар ҷаҳон ном мебарарад, ки аз ин қабл Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, Амрикоро "ҳомии терроризм" хонда буд.

Дар гузориши вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчунин гуфта шудааст, ки ҳамлаҳои террористӣ дар ҷаҳон давоми соли 2015 "13 дарсад коҳиш ёфтааст". Аз соли 2012 ба ин тараф барои нахустин бор аст, ки вазорати умури хориҷии Амрико аз коҳиши мизони ҳамлаҳои террористӣ дар ҷаҳон хабар медиҳад.

Дар ин гузориш аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамчунин бузургтарин таҳдиди террористии ҷаҳон ном бурда шудааст. Вазорати умури хориҷии Амрико аз Афғонистон, Покистон, Ироқ, минтақаи Сайно дар Миср, Сомалӣ, Сурия, Либия, Ҷануби Филиппин, Яман ва бахшҳое аз Колумбия ба унвони "паноҳгоҳҳои амни террористӣ" дар дунё ном бурдааст.

XS
SM
MD
LG