Пайвандҳои дастрасӣ

Сафир: «Амрико дар Афғонистон иштибоҳи соли 1989-ро такрор нахоҳад кард»


Ричард Улсон - сафири ИМА дар Покистон

Ричард Улсон - сафири ИМА дар Покистон

Ричард Улсон, сафири ИМА дар Покистон, мегӯяд, кишвараш дар Афғонистон иштибоҳи соли 1989-и Шӯравиро такрор нахоҳад кард.

Ричард Улсон, сафири ИМА дар Покистон, 6 март изҳор дошт, ки кишвараш дар таъмини сулҳу оштӣ дар Афғонистон якҷо бо Покистон кор мекунад ва ду кишвар ҳамчунон дар мубориза бо терроризм низ ҳамкорӣ доранд.

Сафири Амрико зимни суханронӣ дар як конфронси дурӯза таҳти унвони «Интихобҳо ва чолишҳо баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014 аз Афғонистон», ки дар шаҳри Исломобод баргузор шуд, ба аҳамияти расидан ба ин ду ҳадаф - сулҳу оштӣ дар Афғонистон таъкид намуд.

Сафири Амрико афзуд, дар чанд соли ахир дар ташкили муассисоту ниҳодҳои миллӣ дар Афғонистон пешрафтҳои зиёде ҳосил шудааст. Вай изҳори умед кард, ки дастовардҳои чанд соли Афғонистон баъд хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО низ ҳифз хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи сафир, афғонҳо нисбат ба ҳар вақти дигар имрӯз озодии мадании бештар доранд ва шумораи атфоли мактабхон ҳашт баробар бештар шудааст, ки сеяки ин теъдодро духтарон ташкил медиҳанд.

Ҷаноби Улсон гуфт, ки кишвараш минтақаро раҳо намесозад ва иштибоҳи соли 1989-и Шӯравиро низ такрор нахоҳад кард.

Сафири Амрико суханони президент Барак Обамаро иқтибос овард, ки гуфтааст, мо мушорикати доимиро бо Афғонистон эъҷод мекунем, то ин кишвар бори дигар ҳаргиз ба як маҳали ҳамла бар Амрико табдил нашавад.

Муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Ҷалил Аббос, ки раёсати ин конфронсро ба зимма дошт, дар суханронии худ изҳор дошт, ки Покистон барои сулҳу оштӣ дар Афғонистон дар сатҳи дуҷониба ва сеҷонибаю чандҷониба кор мекунад. Ӯ афзуд, Покистон орзу дорад, ки Афғонистон ба ҳолати ободӣ баргардад. Ба гуфтаи вай, сулҳ дар Афғонистон натанҳо барои худи ин кишвар, балки барои тамоми минтақа ва махсусан Покистон, муҳим аст.

Ба таъкиди ҷаноби Аббос, кишвараш бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ дар бозсозиву рушди Афғонистон саҳмгузор аст. Покистон ба тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии Афғонистон эҳтиром дорад ва барои расидан ба сулҳу оштӣ дар ин кишвар ҳамаҷониба кӯмак мекунад, - афзуд муовини вазири корҳои хориҷии Покистон.
XS
SM
MD
LG