Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи ҷумъа ИМА ба маркази эндокринологии шаҳри Душанбе ба маблағи 29 миллион доллар инсулин тақдим кард, ки барои муолиҷаи тамоми беморони Тоҷикистон дар давоми як сол кифоят мекунад.

Рӯзи 30 май Сюзан Эллиотт-сафири Амрико дар Душанбе ба арзиши бештар аз 29 миллион доллар кӯмакҳои беҳдоштии кишварашро ба “Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ”-и Тоҷикистон тақдим кард. Ин кӯмакҳо аслан аз доруворӣ иборат аст.

Ширкатҳои дорусозии амрикоӣ чун кӯмаки хайрия онро таҳия кардаанд ва он аз ҷониби вазорати корҳои хориҷаи Амрико ва лоиҳаи ҲОУП (“имконоти тандурустӣ барои мардум дар тамоми ҷаҳон”) ба мардуми Тоҷикистон дастрас хоҳад шуд.

Ин кӯмакҳо аз инсулин ба маблағи 5,4 миллион доллар ва инчунин воксинаҳои зидди кузоз ва гулӯзиндонак ба маблағи 10,2 миллион долларро дар бар мегирад. Ин доруҳо ба таври ройгон ба мардуми Тоҷикистон тақсим карда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG