Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар садри феҳрасти ҷоизадорҳои Олимпиадаи Рио


Рӯзи ҳафтуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия натиҷагирӣ шуд.

Дар маҷмӯъ то имрӯз дар садри феҳрасти ҷоизадорҳои олимпӣ – мунтахаби ИМА бо 20 медали тилло, 13 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ қарор дорад. Дар ҷои дуюм Чин бо 13 медали тилло, 10 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ, дар ҷои сеюм Британияи Кабир бо 7 медали тилло, 9 нуқра ва 6 биринҷӣ мебошанд.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Ҷопон (7-3-14), Кореяи Ҷанубӣ (6-3-4), Олмон (6-3-2), Русия (5-9-8), Фаронса (5-7-5), Австралия (5-6-7) ва Венгрия (5-5-3) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 64 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 40 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шудаанд.

Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз нӯҳ кишвар - Қазоқистон (2 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ – ҷойи 14-ум), Украина (2 медали нуқра ва як биринҷӣ – ҷойи 43-юм), Озарбойҷон (2 медали нуқра – ҷойи 44-ум), Гурҷистон (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ – ҷойи 46-ум), Литва (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ – ҷойи 46-ум), Беларус (1медали нуқра – 49-ум), Узбакистон (2 медали биринҷӣ – ҷойи 56-ум), Қирғизистон (1 медали биринҷӣ – ҷойи 60-ум) ва Эстония (1 медали биринҷӣ – ҷойи 60-ум)- ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома мекунанд.

Аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, панҷ нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Боз ду нафари дигар аз Тоҷикистон - Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ва Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ) - дар мусобиқоти Олимпиадаи Рио ширкат хоҳанд кард.

Муҳаммадшо Абдуллоев, раҳбари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Олимпиадаи Рио ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамакнун мо танҳо аз Дилшод Назаров медали олимпиро чашмдорем ва умедворем ин гурзандози пуртаҷриба, ки барои бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, ин дафъа имконияти худро аз даст намедиҳад.”

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016

15 август, варзиши сабук

Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод НАЗАРОВ

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.

XS
SM
MD
LG