Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати адлияи ИМА ҳабси 300 миллион доллари Гулнораро талаб дорад


акс аз як маҷаллаи фаронсавӣ гирифта шудааст

акс аз як маҷаллаи фаронсавӣ гирифта шудааст

Пулҳои аз роҳи ришва бадастовардаи духтари калонии президенти Ӯзбакистон дар бонкҳои Ирландия, Люксембург ва Белгия нигаҳдорӣ мешаванд.

Вазорати адлияи ИМА аз додгоҳ хостааст, ки сурат-ҳисобҳои бонкии духтари президенти Ӯзбакистон дар Аврупо ҳабс шаванд. Манзур 300 миллион доллар маблағест, ки дар натиҷаи ришваситониҳои Гулнора Каримова аз ширкатҳои русии МТС ва "Вымпелком" барои ворид шуданашон ба бозори Ӯзбакистон гирифта шудааст.

Вазорати адлияи ИМА фаъолияти ин ширкатҳои русиро бо он сабаб таҳқиқ мекунад, ки онҳо дар биржаҳои ИМА (МТС дар биржаи NYSE ва "Вымпелком" – дар NASDAQ) вориди тиҷорат шудаанд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс гузориш додааст. Пулҳое, ки мавриди шубҳаи муфаттишони амрикоӣ қарор гирифтаанд, дар сурат-ҳисобҳои бонкии Bank of New York Mellon дар кишварҳои Ирландия, Люксембург ва Белгия нигаҳдорӣ мешаванд.

Таҳқиқи парвандаи марбут ба хонаводаи президенти Ӯзбакистонро инчунин полиси Ҳолланд идома медиҳад. Дар шаҳри Амстердам қароргоҳи ширкати "Вымпелком" ҷойгир аст. Чунин тафтишҳо чанд соли пеш инчунин дар Швейсария, Шветсия ва Комиссиюни авроқи гаронбаҳо ва биржаҳои ИМА (SEC) шурӯъ шуда буд. Ин тафтишҳо боиси аз вазифаҳои раҳбарикунанда рафтани директори генералии ширкати мухобиротии TeliaSonera Ларс Нюберг ва чанд мудири калони дигари ин ширкат шудааст.

Дар аризаи вазорати адлияи ИМА таъкид мешавад, ки МТС ва "Вымпелком" аз хизмати созишномаҳои машваратии тақаллубӣ ва ҳам ширкатҳои маснӯие, ки барои гирифтани ришва аз ҷониби хонаводаи президенти Ӯзбакистон таъсис шудаанд, истифода кардаанд.

Дар гузашта собит шудааст, ки Гулнора Каримова барои ба бозори мухобироти Ӯзбакистон роҳ ёфтани ширкатҳои хориҷӣ ва ҳам пуштибонии фаъолияти онҳо 1 миллиард доллар ришва гирифтааст. Гузориши Маркази таҳқиқоти ҷиноятҳои созмонёфта ҳокист, ки "Вымпелком", Alfa Telecom, МТС ва чанд ширкати дигар дар маҷмӯъ ба ҳисобҳои духтари Каримов 980 миллион доллар пулро интиқол додаанд. Муаллифони ин гузориш мегӯянд, TeliaSonera ба Гулнора Каримова 381 миллионр доллар, "Вымпелком" ва ширкати зери назари он "Альфа-Телеком" – 176 миллион доллар ва МТС 350 миллион долларро ҳадя кардаанд. Илова ба ин, тахминан 90 миллион доллари дигарро духтари президент аз ду ширкати дигар ҳам дастрас кардааст, ки дар Ӯзбакистон бо насби ноқилҳои фибронурӣ машғул будаанд. Намояндаи ширкати "Вымпелком" Артем Минаев ба Интерфакс гуфтааст, ки дар бораи тафтиши ҳукумати ИМА хабар дорад ва ин ширкат бо муфаттишон ҳамкориро ба роҳ мондааст. Минаев гуфтааст, ки аз ин беш чизе гуфта наметавонад.

Аз рӯи иттилои қаблӣ, додситонии куллии Ӯзбакистон ҳам Гулнора Каримоваро барои азхудкунии 53 миллион доллар пул муттаҳам мекунад. Баъди моҷарои калони хонаводагӣ дар оилаи президент Ислом Каримов, пахши асрори тиҷоратии ҳамдигар аз ҷониби Лола ва Гулнора Каримоваҳо зидди ҳамдигар дар матбуот ва интернет, иттиҳоми ҳамдигар дар азхудкунии маблағҳову назорати бахши азими бизнеси хусусӣ дар Ӯзбакистон, бунёди хайрияти Гулнора Каримова дар Тошканд баста, баъзе кормандонаш ба зиндон андохта шуданд, худи Гулнора ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Президент Ислом Каримов ҳеҷ гоҳ ин қазияро дар мазҳари ом шарҳ надодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG