Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО аз масири Русия -- Афғонистон даст кашид


Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО созишномаи интиқоли таҷҳизоти низомии худро ба воситаи Русия ба Афғонистон бекор кардааст.

Паймони НАТО созишномаи интиқоли аслиҳа ва таҷҳизот аз роҳи Русия ба Афғонистонро, ки мӯҳлати он дар аввали моҳи январи соли ҷорӣ ба поён расид, нахост тамдид кунад. Раиси бюрои иттилоотии НАТО дар Маскав Роберт Псзел (Robert Pszel) ба хабаргузории "Интефакс" гуфтааст, НАТО бо роҳҳои мухталиф метавонад мушкилоти нақлиётии худро ҳал кунад ва бинобар ҳамин, барои тамдиди қарордоди транзитие, ки бо Русия дошт, ҳеҷ пешниҳоде накард.

Ин масъули НАТО хотирнишон кардааст, ки НАТО ҳангоми маъмурияти ISAF ё нерӯҳои байналмилалӣӣ кӯмак ба амният дар Афғонистон, ба шумули Русия бо чандин кишвар созишномаҳои транзитӣ имзо кард. Ӯ афзудааст, ки ин санадҳо вуҷуд дошт ва дар зинаҳои мухталиф аз он истифода шуд, вале маъмурияти ISAF дар моҳи декабри соли 2014 ба поён расид.

Дар гузориши "Интерфакс" омадааст, ки Русия аз 15 майи соли ҷорӣ интиқоли транзитии аслиҳа ва таҷҳизот ба Афғонистонро мутаваққиф сохт ва нахуствазири он кишвар Дмитрий Медведев як фармони махсус дар ин робита имзо кардааст. Дигар расонаҳои русӣ ҳам гузориш додаанд, ки Маскав созишномаҳои убури аслиҳа ва таҷҳизоти низомии НАТО аз тариқи Русия ба Афғонистонро лағв кардааст.

Маскав дар сои 2008 ба НАТО иҷоза дод, ки дар интиқоли таҷҳизоти низомии ғайри ҷангии худ ба Афғонистон ва ё хориҷ сохтани он аз ин кишвар, метавонад аз қаламрави Русия истифода кунад.

Ба навиштаи ИТАР ТАСС, ин фармон дар чаҳорчӯбаи татбиқи қарори моҳи декабри соли 2001-и Шӯрои амнияти рӯи даст гирифта шуда буд, ки аз ҳама кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва дигар кишварҳои узви СММ тақозо кард, то ба нерӯҳои байналмилалии кӯмак ба амният ё ISAF шароити парвоз ва интиқолот таҷҳизотро фароҳам кунад.

XS
SM
MD
LG