Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 миллиард $ барои ихроҷи 24 000 мошин ва 20 000 контейнер


Вазорати дифои ИМА – Пентагон мехоҳад ба суръат ҳудуди 24 ҳазор воситаи нақлия ва 20 ҳазор контейнерҳоро аз Афғонистон хориҷ кунад, ки ҳазинаи интиқоли он ҳудуди ҳафт миллиард доллар тахмин зада мешавад.

Ин таҷҳизоти васоили низомии нерӯҳои амрикоӣ бояд то таърихи 31-уми декабри соли 2014 аз тариқи роҳи заминӣ ва ҳавоӣ аз Афғонистон хориҷ шавад.

Як мақомт амрикоӣ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард аст, ба оҷонсии хабарии Рейтерз гуфтааст, соири таҷҳизоти таври заминӣ аз тариқи Покистон интиқол меёбад. Ин мақоми амрикоӣ ҳамчунин гуфтааст:

«Ҳамаи васоил ва таҷҳизоти амрикоӣ аз Афғонистон хориҷ сохта мешавад. Таҷҳизоте, ки изофӣ дониста мешавад, ба дастрасии нерӯҳои Афғонистон қарор дода шуда, қисме аз он барои кишвари муттаҳиди Амрико, ки ба доштани он алоқамандӣ нишон додаанд, фурӯхта хоҳад шуд ва қисми дигар тахриб ва аз байн бурда мешавад.»

Мақомоти амрикоӣ қабл аз сафари Эштон Картер, муовини вазири дифои Амрико ба Афғонистон, рӯзи ҷумъаи 13-уми сентябр бо ироаи маълумот дар мавриди талошҳо барои хуруҷ аз Афғонистон, моҳи декабри соли 2014-ро як таърихи муҳим хонда гуфтаанд, «барои татбиқи ин барнома корҳо ба таври дастрас идома дорад».

Оҷонсии хабарии Рейтерз менависад, қарор аст Эштон Картер, муовини вазири дифои Амрико дар ҷараёни сафараш ба Афғонистон бо Ҳомид Карзай, расиси ҷумҳури Афғонистон, мақомоти аршади ин кишвар ва бо нерӯҳои амниятии Афғонистон сӯҳбат кунад.

Эштон Картер, ҳамчунин бо ҷараёни интиқоли васоил ва таҷҳизоти амрикоӣ аз Афғонистон низ ошно хоҳад шуд.

Гуфта мешавад нерӯҳои амрикоӣ барои интиқоли васоил ва таҷҳизот аз се тариқа мумкин аст истифода кунанд:нақлиёти ҳавоӣ, нақлиёти мухталифи ҳавоӣ ва баҳрӣ, тавре ки таҷҳизот ба наздиктарин бандар интитқол ёфта, баъд тавассути киштиҳо интиқол дода мешавад ва тавасути нақлиёти роҳи заминӣ, ки умдатан аз хаттути иртиботии заминӣ аз тариқи Покистон таҷҳизот ба бандар интиқол ёфта, баъд тавассути киштиҳо интиқол меёбад.

Аммо масири Покистон дар гузашта душвориҳои зиёде доштааст. Баъд аз он ки 24 низомии покистонӣ дар асари як ҳамлаи ҳавоии НАТО дар минтақаи Хайбар кушта шуданд, ин масир барои ҳудуди ҳафт моҳ ба рӯи НАТО масдуд шуд.

Вазорати дифои Амрико ё Пентагон ҳазинаи интиқоли васоил ва таҷҳизотро аз Афғонистон аз панҷ то ҳафт миллиард доллар тахмин кардааст, ки бо дар назардошти шева интиқоли таҷҳизот аз Афғонистон ин ҳазина тағйир хоҳад хурд.
XS
SM
MD
LG