Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Амрико дар Душанбе ба нерӯи посдори сулҳи вазорати дифои Тоҷикистон 5 худрави ҳозиразамон ва як синфхонаи муҷаҳҳази таълимиро тақдим кард.

Маросими тақдими 5 худрави тамғаи “Ҷип” ба баталёни посдори сулҳи вазорати дифои Тоҷикистон аз ҷониби сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, рӯзи ҷумъаи 6 ноябр дар қароргоҳи ин воҳиди низомӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳалли ин маросим иттиллоъ медиҳад, ки “дар ин маросим раҳбарияти вазорати дифои Тоҷикистон ва масъулони сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе ширкат карда ва тақдими худравҳои ҳозиразамонро маҳсули равобиту ҳамкориҳои муфид миёни Тоҷикистон ва Амрико дар бахши низомӣ гуфтанд.

Ҳамчунин дар ҳамин баталён аз ҷониби сафорати ИМА як синфхонаи муҷаҳҳаз бо васоили муосири таълимӣ барои низомиён сохта ва ба истифода дода шуд. Кӯмаки ироакарда аз ҷониби сафорати ИМА ба вазорати дифоъ маблағи беш аз 1 миллион долларро ташкил медиҳад.

Сафорати Амрико аз соли 2009 то кунун танҳо ба вазорати дифои Тоҷикистон маблағи беш аз 6,5 миллион доллар кӯмак кардааст.

Тақдими худравҳо ба баталёни посдорони сулҳи вазорати дифои Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи июли соли ҷорӣ сафорати Амрико ба Сарраёсати қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон ва “Алфа”-и КДАМТ, дастаҳои ОМОН –и вазорати кишвар ва Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир 87 худрави тамғаҳои “Тайота”, “Ҷип” ва микроавтобусҳоро таслим кард, ки барои минтақаҳои мушкилгузари кӯҳистонӣ пешбинӣ шудаанд.

Сюзан Эллиотт, собиқ сафири ИМА дар Тоҷикистон зимни суханронӣ дар маросими тақдими ин худравҳо он вақт гуфта буд, ки кӯмаки мазкур дар чорчӯби ҳамкориҳои Амрико бо Тоҷикистон ва ба хотири таҳкиму тақвияти марз сурат мегирад.

Хонум Эллиотт, мизони кӯмаки мазкурро беш аз 5 миллион доллар арзёбӣ кард ва гуфт, ки ин худравҳо дар ҷиҳати мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон кӯмаку мусоидат хоҳад кард. Хонум Эллиотт гуфта буд, ки кишвараш дар оянда низ кӯмак ба Тоҷикистон дар арсаҳои мухталифро идома хоҳад дод.

Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи омори расмӣ, ИМА аз соли 1992 то кунун ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар кӯмакҳои билоиваз кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG