Пайвандҳои дастрасӣ

Сендӣ, интихобот ва рӯҳияву бовари сокинони Ню-Йорк


Салими Аюбзод

Салими Аюбзод

Хабарнигори Озодӣ, ки дар Ню-Йорк қарор дорад, гуфт, тӯфони Сендӣ барои интихоботи ИМА мушкили зиёде эҷод кардаааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, Салими Аюбзод, ки ин шабу рӯз дар Ню-Йорк ба сар мебарад ва ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳури Амрикоро пайгирӣ дорад, гуфт, тӯфони Сендӣ ва вокуниши ҳукумат ба он дар Ню-Йорк ва Ню-Ҷерсӣ ба як навъ санги маҳаки интихоботи президентии Амрико табдил ёфтааст. Бархе аз интихобкунандагон вокуниши ҳукумати Обама ба рафъи пайомадҳои тӯфонро ситоиш мекунанд, вале қисми дигари раъйдиҳандагон мегӯянд, ҳукумат онҳоро дар ин фоҷеа танҳо гузошт ва фаромӯш кард.

Ба қавли хабарнигори "Озодӣ", тӯфони Сендӣ дар ин ду иёлат ва шаҳри бузургтарини соҳили шарқии Амрико таъсири амиқ гузоштааст. Вай мегӯяд, дар тамоми навоҳии соҳилӣ зиёда аз шашсад маркази раъйдиҳӣ тахриб шуда, марказҳои овоздиҳӣ ба манотиқи дигар кӯчонда шудаанд. "Мардум бояд ба минтақаҳои дигар рафта, овоз диҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар аксари минтақаҳо маводи сӯхт камчин аст, нағлиёт намегардад, барқ нест ва на ҳамаи ин минтақаҳо бо хатти метро пайванданд",-мегӯяд ӯ.



Ба гуфтаи хабарнигори мо Салими Аюбзод, дар ин шароите ки ҳаст, агар касе барои раъйдиҳӣ биравад, мегуяд, корнамоӣ хоҳад кард. Вай илова кард, ки дар ҳоли ҳозир 1 миллион сокини манотиқи соҳилӣ аз нерӯи барқ маҳруманд ва мақомоти ҳам Ню-Йорк ва ҳам Ню-Ҷерсӣ ба мардум иҷоза додаанд, ки тавассути факс ва ё имейл раъй диҳанд. Аммо интихобкунандагон мегуянд, чунин навъи раъйдиҳй бисёр мушкил ва печида аст.

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, агарчӣ назарсанҷиҳо ба бартарии Обама ишора мекунанд, як навъ дилсардие ба миён омадааст, ки дар ин муддат ҳукумати Обама натавонистааст, пайомадҳои тӯфони Сендӣ дар Ню-Йоркро рафъ намояд. "Рӯҳия ва боваре, ки то ин тӯфон дар Ню-Йорк қавӣ буд, ҳоло ин гуна нест",-гуфт ӯ.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико дар аксҳо:


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳоиFacebook, TwitterваYoutubeниз ҳамроҳӣ кунед!

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳоиFacebook, TwitterваYoutubeниз ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG