Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон аз кӣ ҳимоят мекунанд? Трамп ё Клинтон? ВИДЕО


Даҳ ҳазор километр дуртар аз Иёлоти Муттаҳида, дар Тоҷикистон ҳам интихоботи президентии Амрикоpo бо таваҷҷӯҳ мушоҳида мекунанд. Аксари онҳое, ки муҳимтарин рӯйдоди сиёсии Амрикоро тавассути телевизион ё интернет пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, аз лаҳни баҳсҳои тунди сиёсии номзадҳои аслӣ – Доналд Трамп ва Ҳилларӣ Клинтон чандон хуш нестанд, вале бовар доранд, ки номзади арзанда шояд интихоби демократҳо бошад. Интихоботи Амрико рӯзи 8 ноябр баргузор мешавад.

Чор соли пеш, моҳи октябри соли 2011, Ҳиллари Клинтон, ки он вақт вазири корҳои хориҷии Амрико буд, ба Тоҷикистон омада, бо мақомодорон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ сӯҳбатҳо анҷом дод.

Мирзо Шукуров, сокини 62-солаи Душанбе, ки солҳои тӯлонӣ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор кардааст, мегӯяд, аз назари ӯ, тамаркузи аслии баҳсҳо болои масоили хусусӣ рӯи мушкилоти муҳими Амрико ва ҷаҳон соя афкандааст. Ӯ рӯзи 26 октябр гуфт, солҳо маъракаҳои интихоботии Амрикоро назорат мекунад, вале ҳеҷ гоҳ номзадҳо то ба ин ҳад ба зиндагии шахсии якдигар ва масоили кӯчак пойбанд набуданд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Дар Тоҷикистон тарафдори Трамп ҳастанд, ё Клинтон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Дар интихоботи гузашта, ба гуфтаи ӯ, Барак Обама барои ҳалли мусолиматомези барномаи ҳастаии Эрон ваъда супурд, ки хеле умедворкунанда буд. Аммо Шукуров мегӯяд, ҳоло ҳарфҳои муҳими ин ду номзад, ки атрофи онҳо расонаҳо тамаркуз мекунанд, занозор будани Трамп ва “бемору нодаркор” будани Ҳиллари Клинтон аст. “Аз рӯзе, ки мунозираҳои интихоботӣ оғоз шуд, ягон ҳарфе ба манфиати Амрико ва ҷаҳон нагуфтанд. Ваъдае, ки ҷаҳон ва Амрикоро ба ояндаи хубе умедвор кунад, аз забонашон нашунидам”, - гуфт ӯ.

Маҳдии Собир
Маҳдии Собир

Аммо Маҳдии Собир, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, аз шаффофият ва озодбаёнӣ дар баҳси номзадҳои интихоботи президентии Амрико ситоиш кард. Вай гуфт, “ҷолибаш он аст, ки интихобот хеле шаффоф мегузарад ва ду номзад ҳамдигарро интиқод мекунанд. Интихоб бо миллати Амрико аст, аммо бештар аз Клинтон ҷонибдорӣ мекунам.”

Маъракаи интихоботии Амрико ба поёни худ наздик мешавад ва баҳсҳои ду номзади аслӣ ба мақоми президентӣ дар ин кишвар шадидтар шудааст. Дар Тоҷикистон бештар Ҳиллари Клинтонро мешиносанд. Дақиқан, чор соли пеш моҳи октябри соли 2011 Ҳиллари Клинтон, ки он вақт вазири корҳои хориҷии Амрико буд, ба Тоҷикистон омада, бо мақомодорон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ сӯҳбатҳо анҷом дод.

Назар Зоҳиров, мансабдори собиқадор низ аз шеваи баҳсҳои сиёсии ду номзад хушҳол нест, аммо мегӯяд, Ҳиллари Клинтон ягона номзаде ҳаст, ки аз Тоҷикистон шинохти дуруст дорад. “Ба ҳар ҳол, Клинтон нисбат ба Трамп одобро риоя мекунад. Аз нигоҳи дипломатӣ ҷаҳонбинии Клинтон барои мардуми Тоҷикистон наздиктар аст. Трамп хеле дағал аст”, - мегӯяд ӯ.

Ҳилларӣ Клинтон бо вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ. Душанбе, октябри 2011
Ҳилларӣ Клинтон бо вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ. Душанбе, октябри 2011

Далери Эмомалӣ, ҳунарманди ҷавони тоҷик гуфт, сӯҳбатҳои ду номзад дар масоили муҳоҷирон аз якдигар хеле тафовут дорад. Ба қавли ӯ, “Клинтон аз башардӯстӣ сӯҳбат мекунад ва дарҳои боз барои муҳоҷиронро мехоҳад, вале Трамп, баръакси онро ҷонибдор аст”. Далер мегӯяд, Трамп сармоядор аст ва агар ободие барои Амрико мехоҳад, шарт нест, ки президент бошад.

Дар миёни чанд ҳамсӯҳбати мо танҳо Озода Раҳимова, як омӯзгори 31-сола буд, ки Трампро президенти ояндаи Амрико дидан мехоҳад. Ӯ гуфт, “хубтар аст, Трамп президент шавад, чун ӯ мард аст. Ба фикри ман зан наметавонад, як кишвари абарқудратро раҳбарӣ кунад.” ​Фирӯза Раҳматуллоева, корманди Институти астрофизикаи Академияи илмҳо мегӯяд, барои Тоҷикистон муҳим он аст, ки президенти ояндаи Амрико муносибаташро бо Русия хуб кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати хуб будани муносибатҳои Амрико бо Русия Тоҷикистон низ аз он бурд хоҳад кард.

8 ноябр дар Амрико интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд. Назарпурсиҳои пешазинтихоботӣ нишон медиҳанд, ки Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби демократи Амрико дар ин корзори интихоботӣ пешсаф аст. Президенти нав Барак Обамаро, ки ду давраи чорсолӣ раҳбари Амрико буд, иваз хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG