Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳамкории Амрико бо Бунёди Оғохон


Барак Обама
Барак Обама

Барак Обама миёни Амрико ва Шветсияву Бунёди рушди Оғохон ҳамкорӣ эълон кард. Ҳадаф аз ин ҳамкориҳо тарбияи ҷомеаи шаҳрвандии мутаҳаррику устувор дар саросари ҷаҳон будааст.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, бо ҳукумати Шветсия ва Бунёди рушди Оғохон, ки дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон шабакаву намояндагии худро дорад, ҳамкорӣ эълон кардааст. Оқои Обама гуфта, ки барои ҳимоят ва барқарор кардани робитаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷаҳон ин корро пеш гирифтаанд ва он тавассути Марказҳои минтақаии навовариҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ анҷом хоҳад шуд.

“Вазифаи мо ба унвони як кишвари озод ва ба унвони як миллати озод истодан дар канори мардуми навовар ва гурӯҳҳҳои шуҷои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Гурӯҳҳое, ки барои адолату озодӣ ва истиқлоли инсонҳо дар саросари ҷаҳон фаъолият мекунанд. Ман хушҳолам, ки имрӯз бо ҳамкорони нав дар ҷаҳон мепайвандем. Ин ҳамкорони нав ҳукуматҳо, гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла раҳбарони онҳо мебошанд”,-таъкид кардааст раиси ҷумҳури Амрико.

Дар хабаре, ки дафтари матбуоти Кохи Сафед дар ин бора пахш кардааст, гуфта мешавад, дар давоми ду соли оянда дар саросари ҷаҳон 6 Маркази навовариҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил хоҳанд шуд. Ин марказҳо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкорони навро дар минтақаҳо ва дар саросари ҷаҳон ба ҳам васл мекунанд. “Онҳоро бо барномаҳо таъмин мекунанд, то ба воситаҳо ва таҷҳизоте, ки дар корашон кумак менамояд, дастрасӣ дошта бошанд. Онҳо садои ҷомеаи шаҳрвандиро ба гӯши ҷаҳониён мерасонанд”,-гуфта шудааст дар хабари Кохи Сафед.

Оғохони чор чанд бор ба Тоҷикистон омада, бо мақомти кишвар гуфтугӯ анҷом додааст
Оғохони чор чанд бор ба Тоҷикистон омада, бо мақомти кишвар гуфтугӯ анҷом додааст

Бунёди рушди Оғохон, ки акнун Барак Обама онро ба унвони ҷониби ҳамкор дар ҷаҳон муаррифӣ кардааст, дар дунё яке аз шабакаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад.

Дар посух ба ибтикори ҳамкории Обама бо Бунёди рушди Оғохон ин бунёд эълон кардааст, дар давоми панҷ соли оянда аз 6 марказе, ки раиси ҷумҳури Амрико зимни суханони худ дар Кохи Сафед ёдоварӣ намуд, барои ташкили 2 Маркази минтақаии навовариҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ 5 миллион доллар сарф хоҳад кард. Яке аз ин марказҳо дар нимҷазираи Африқо ва дигаре дар Осиё хоҳад буд. Маҳалли дақиқи осиёии ин марказ эълон нашудааст, вале Бунёди рушди Оғохон дар Тоҷикистон яке аз бузургтарин намояндагиҳои худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ дорад.

Бунёди Оғохон дар торнамои худ навиштааст, дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва бунёдҳои саршинос аз ниҳодҳои ҷомеи шаҳрвандӣ дар маҳалҳо ҳимоят мекунад ва ҳадафи он боло бурдани сатҳи зист, таъмини демократия, таъмини рушди устувор ба хотири коҳиши фақр, ба хусус дар миёни қишрҳои осебпазири ҷомеа, мебошад. Ин бунёд аз гурӯҳи оҷонсиҳои хусусии рушд иборат аст, ки онро Оғохони чор, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ташкил кардааст. Фаъолияти ин оҷонсиҳо бахшҳои омӯзишу парвариш, меъморӣ, фарҳанг, рушди минтқааҳои дурафтода, коҳиши хатари фоҷеаҳо, ҳимоят аз бахши хусусии тавлидот ва барқарор кардани ҷойҳои таърихӣ дохил мешавад.

Бунёди Оғохон дар соли 1967 бо ташаббуси Оғохон ташкил шудааст ва бори нахуст ин бунёд ҳамкориҳояшро бо Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ оғоз кард ва мардуми дурафтодаи вилояти Бадахшон ва водии Рашт аз ин кумакҳо баҳраманд шуда буданд. Сипас дар ин манотиқ бо ҷалби мардуми маҳаллӣ бунёди мазкур барномаҳои ободониро рӯи даст гирифт. Шоҳзода Карим Оғохони чаҳор раҳбари кунунии ин бунёд борҳо аз Тоҷикистон боздид ва бо мақомоти раҳбарии ин кишвар барномаҳои ҳамкориро баррасӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG