Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлати Амрико ва Толибон рӯзи 18-уми июн эълом карданд, ки ба зудӣ дар Доҳа, пойтахти Қатар ба гуфтугӯ менишинанд.

Дувоздаҳ сол пас аз оғози ҷанг дар Афғонистон, ин нахустин бо аст, ки ба таври расмӣ гуфтугӯи рӯбарӯ дар сатҳи намояндагони давлати Амрико ва Толибони Афғонистон сурат мегирад. Бо вуҷуҷи он, ки хабарҳои аввалият замоне барои ин гуфтугӯҳо таъйин накардаанд, аммо Вошингтон Пост, чопи Амрико навиштааст, ки музокироти ҷонибҳо рӯзи панҷшанбеи 20-уми июн баргузор мешавад. Кохи Сафед пештар эълон карда буд, ки нахустин гуфтугӯ дар рӯзҳои оянда сурат мегирад. Мақомҳои амрикоӣ даст бардоштани Толибон аз хушунат, эҳтиром ба Қонуни асосии Афғонистон ва қатъи робита бо Ал-Қоидаро аз ҷумлаи шартҳои гуфтугӯ унвон кардаанд.

Маросими кушоиши Дафтари Толибон дар Қатар

Маросими кушоиши Дафтари Толибон дар Қатар

Як сухангӯи Толибон дар баёнияе, ки ба шакли зинда аз телевизион дар Доҳа пахш шуд, гуфт ин гуруҳ «ҳаргиз алоқа надошт то дар хоки худ ба кишварҳои дигар садамае бизанад» ва омода будааст то бо дигар афғонҳо гуфтугӯ кунад.

Ҳуҷуми Амрико ба Афғонистон пас аз ҳамлаҳои террористии 11-и сентябри соли 2001 сурат гирифт. Дар он замон Ҷорҷ Буш раёсати Амрикоро ба ӯҳда дошт ва ин ҳамла ба ин далел сурат гирифт, ки Толибон ба Ал-Қоида паноҳ дода буданд. Ал-Қоида масъули ҳамлаҳои маргбори 11-и сентябр буд ва Толибон низ дар оғози ҳазораи нав бар Афғонистон ҳукумат мекард. Ҳамла ба Афғонистон, Толибонро сарнагун кард, вале оғози ҷанг ва нооромиҳое шуд, ки то ҳоло идома дорад.

Гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон ба унвони роҳи ҳалле барои поён додан ба ин хушунатҳоро арзёбӣ шудааст. Бо интишори хабарҳо дар мавриди даври тозаи гуфтугӯҳои сулҳи тарафҳо дар Афғонистон, пайкорҷӯёни Толибон рӯзи сешанбе ба таври расмӣ дар Доҳа-пойтахти Қатар, намояндагӣ боз карданд.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон пеш аз кушоиши ин дафтар мувофиқати худро бо он эълон карда буд. Ӯ дар айни ҳол гуфтааст, ки аз қабл хоҳони баргузории гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон буда, аммо бо тақозои бархе кишварҳо бо бозгушоии ин дафтар дар Доҳа мувофиқат кардааст. Оқои Карзай мушаххас накардааст кадом кишварҳо аз ӯ чунин дархосте доштаанд, аммо мақомҳои Кохи Сафеди Амрико гуфтаанд, ки раиси ҷумҳури Амрико худ кушоиши дафтари Толибон дар Қатарро пайгирӣ мекард.

Дафтари Толибон дар Қатар.

Дафтари Толибон дар Қатар.

Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, «ҳимоят аз терроризм ва истифодаи абзорӣ аз он хилофи усули ҳамсоягӣ аст.» Ӯ бар нақши Покистон ва низ ваъдаи ҳамкории онҳо бо Афғонистон низ таъкид кардааст.

Ҳамла ба Афғонистон, даргириҳо, ҳамлаҳои террористӣ ва набарҳои дохилӣ миёни артиш, нерӯҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико ва Толибон, аз соли 2001 то кунун қурбониҳои зиёде дар пай доштааст. Дар ҳоле, ки шумораи дақиқи ғайринизомиёни кушташуда дар ин буҳрони 12-сола мушаххас нест, вале аз нерӯҳои эътилоф тайи ин солҳо беш аз се ҳазору сесад нафар кушта шудаанд, ки бахши бузурги онҳо сарбозони амрикоӣ мебошанд.

Ҳамзамон бо интишори хабарҳо дар мавриди оғози раванди гуфтугӯҳои сулҳ, нерӯҳои афғон низ сар аз рӯзи гузашта ба таври комил раҳбарии амалиёти низомӣ дар тамоми хоки Афғонистонро ба ӯҳда гирифтанд.

XS
SM
MD
LG