Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори сафири Амрико ба Қирғизистон


сафир Памела Спратлен
сафир Памела Спратлен

Сафири ИМА дар Қирғизистон мегӯяд, «ҳамкориҳои танготанги кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия» талошҳои ИМА дар амри пуштибонӣ аз демократия дар Қирғизистонро бо чолиш рӯбарӯ мекунад.

Сафири ИМА дар Қирғизистон мегӯяд, «ҳамкориҳои танготанги кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия» талошҳои ИМА дар амри пуштибонӣ аз демократия дар Қирғизистонро бо чолиш рӯбарӯ мекунад. Дар матлабе, ки ахиран дар сомонаи Шӯрои сафирони Амрико нашр шудааст, сафир Памела Спратлен мегӯяд, ки «ҳамкориҳои қавӣ»-и раиси ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва президенти Русия Владимир Путин «ба талошҳои мо таъсир мегузорад». Сафир ин суолро гузоштааст, ки «Чигуна Қирғизистон масири демократии худро бунёд мекунад, вақте бояд дар фикри ҳамкориҳояш бошад?».

Памела Спратлен мегӯяд, бисёр сокинони Қирғизистон хабарҳоро аз матбуоти Русия дарёфт мекунанд ва дар мавриди бӯҳрони Украина ҳам «шеваи шадиди зиддиамрикоии таблиғоти Русия ба тафаккури ҷомеа таъсир гузошта", мавқеии Маскавро роҷеъ ба он ҳодисаҳо дар зеҳнияти мардум ҷо кардааст.

Вақтҳои охир Қирғизистон аз чандин ташаббуси Маскав пайгирӣ кардааст, ки яке аз онҳо таҳияи тарҳи қонун дар бораи манъи равобити ҳамҷинсгароӣ ва ба унвони ҷосуси хориҷӣ сабт шудани созмонҳои хориҷии дар қаламрави ин кишвар амалкунанда мебошад. Ба ақидаи сафири Амрико, раисиҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев бо президенти Русия, Владимир Путин коршарикии зич ба роҳ монда, бар ин аст, ки Русия яке аз чанд имконияти ӯ барои дарёфти кӯмак аст. Ин наздикӣ сабаб шуд, ки Қирғизистон аз ИМА бастани Маркази транзитӣ дар фурудгоҳ "Манас" тақоз кунад, дар ҳоле ки Русия пойгоҳи ҳарбии "Кант"-и худро дар наздикии шаҳри Бишкек густариш медиҳад. Бо вуҷуди ин Амрико хостори таҳкими равобит бо Қирғизистон аст, аммо, зоҳиран, наздикии бештари Бишкек бо Маскав аз ҳисоби коҳиши муносибатҳои он бо Амрико рӯй медиҳад.

Дар идомаи паёми худ сафири Иёлоти Муттаҳида аз майли Қирғизистон барои узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ интиқод карда, онро як ниҳоди "протексионистӣ" медонад, ки ба рушди Қирғизистон мусоадат нахоҳад кард. Ба назари сафир ҳам сарварони сиёсӣ ва ҳам соҳибкорони пешсаф нисбати ин тасмим шавқи зиёд нишон намедиҳанд, аммо маҷбуранд ин интихобро, ки аз ноилоҷӣ пеш омадааст, қабул кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи сафир, "ҳимояти густардаи ИМА ва Иттиҳоди Аврупо аз пешрафти демократӣ дар Гурҷистон ва Украина тасаввури маҳаллиеро ба миён овардааст, ки Қирғизистон "бояд бо роҳи худ равад", ҳарчанд пуштибонии мо аз Қирғизистон дар Осиёи Марказӣ баландтарин аст. Бо вуҷуди вазъе, ки Памела Спратлен тасвир кардааст, вай хулоса мекунад, ки Қирғизистон аз бисёр тӯфонҳо гузашт ва дар ин байн ҷомеаи қавии шаҳрвандие бунёд намуд. Ин ҷомеа дар Шӯрои ҷамъиятии машварат саҳми бузург дорад, ки назорати шаҳрвандиро бар кори зиёда аз 40 вазорати идораи ҳукуматӣ таъмин менамояд. Дар ин замина, ба ақидаи сафири Амрико, Қирғизистон ҳамоно ба ҳайси "Ҷазираи демократия дар Осиёи Марказӣ" боқӣ мондааст ва дар сурати истифодаи беҳтар аз ҳимояти Амрико ва Аврупо метавонад, муваффақияти худро густариш диҳад.

Сафири Амрико Памела Спратлен изофа мекунад, ки тарафии қирғиз, ба шумули раисиҷумҳур Отамбоев ӯро бовар бахшидаанд, ки мардуми Қирғизистон хоҳише барои пасрафт ба гузаштаро надоранд ва ҳокимияти куллии як нафарро тоқат нахоҳад кард. Онҳо, албатта, ба сатҳи болотари зиндагии ҳамсоягонашон дар Қазоқистон бо ҳасад менигаранд, вале таъкид мекунанд, ки хостори озодиҳои демократиянд. Худи Отамбоев ҳам борҳо гуфтааст, ки президентҳои қаблӣ бо бастани фазои демократӣ иштибоҳи бузург карданд ва ӯ бо ин роҳ нахоҳад рафт. Вай ҳамчунин гуфтааст, дар соли 2017, бо поёни мӯҳлати раёсатҷумҳурияш аз ин мақом хоҳад рафт, аммо нигарон аст, ки бъдаш чӣ хоҳад шуд.

Дар поёни паёмаш сафири ИМА мегӯяд, бо ҳама каму костиҳояш Қирғизистон дар ҳоли ҳозир ягона демократияи амалкунанда дар минтақа аст ва Иёлоти Муттаҳида пуштибонияшро аз он дар оянда ҳифз хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG