Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари сафири ИМА ба Бадахшон


Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон.
Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт зимни сафари худ ба Бадахшон дар кушодашавии маркази робита бо ҷомеа ва гушаи амрикоӣ дар ин минтақа ширкат намуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни сафари чандрӯза дар ВМКБ сафири ИМА бо роҳбарияти шаҳру вилоят, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мулоқот кард.

Дар ҳошияи мулоқоти сафир бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ Алим Шерзамонов, раиси бахши вилоятии ҳизби сотсиал-демократ ба «Озодӣ» гуфт, ки вай дар мулоқот бо сафир оиди қонуншиканиҳои мақомот, ки дар маъракаи ҷамъоварии имзо гурӯҳҳои ташаббускор бо он рӯбарӯ шуданд ва ҳамчунин сабаб ва оқибатҳои ҳаводиси Хоруғ изҳори назар кардааст. Алим Шерзамонов гуфт, вай аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки сабаби асосии ҳодисаи порсолаи Хоруғ «фасод дар вазоратҳои қудратӣ буд ва ин фасод ҳанӯз ҳам идома дорад ва адолати судӣ дар вилоят мавҷуд нест». Ҳамчунин вай гуфтааст, бархурдҳое, ки имрӯз ин сохторҳо карда истодаанд, боиси эътимоди тарафайн шуда наметавонад.

Ба гуфтаи раиси бахши вилоятии ҲНИТ Саодатшо Адолатов, намояндагони ҳизбашон аз қонуншиканиҳо дар маъракаи ҷамъоварии имзо барои номзад аз ИНОТ ва идомаи фишор болои аъзоёни ҳизб ва масъулини ҲНИТ дар минтақа бо хонум Сюзан Эллиотт сӯҳбат кардаанд. Ҷаноби Адолатов баён доштаст, ки рӯзи саввум, боз раиси шаҳри Хоруғ ба варақаҳои ҷамоварии имзо мӯҳр намегузорад ва мегӯяд, ки танҳо пас аз ҷамъоварии имзо ва шиносоӣ бо ин варақаҳо ба онхо мӯҳр хоҳад гузошт. Аммо ҷамъоварии имзо дар варақаҳои бо мӯҳри мақомот тасдиқ нашуад, ғйриқонунӣ аст ва раиси шаҳр дидаву дониста аъзои гурӯҳи ташаббускорро ба қонуншиканӣ тела медиҳад.

Ба иттилои масуълони равобит бо ҷомеаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт дар ноҳияи Мурғоб ҳамчунин ба фаъолияти гӯшаи амрикоӣ оғоз бахшид. Барои кушодани ин гӯша сафорат 30 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос дода, утоқҳои барҳаво, кампутар ва интернети ройгон дар хизмати сокинон қарор дода шуданд.

Дар Хоруғ бо ширкати сафир ва раиси ин шаҳ маркази ҳамкории милиса бо ҷомеа дар маҳаллаи Хоруғи Боло кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳ сафир таъсис чунин як марказро дар Хоруғ иқдоми муҳим дар роҳи боло бурдани сатҳи боварӣ ва ҳамкорӣ байни милистсия ва ҷомеа унвоан кард. Вай гуфт ки қаблан дар ҳамкории сафорат бо вазорати корщои дохила чунин марказҳо дар манотиқи дигари Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Хонум Эллиотт баён дошт, «ин марказ барои милиса ва шаҳрвандон, як ҷойе мешавад, ки дар ин ҷо ҳамавақт ҳамкорӣ мешавад ва мардум бо боварӣ ба ин ҷо меояд.»

Дар Хоруғ сафир ҳамчунин бо гурӯҳи кӯдакони маъюб ва волидонашон мулоқот карда, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати лӯлаи оби ошомиданӣ барои 2000 нафар сокинони як маҳаллаи Хоруғ ширкат намуд.
XS
SM
MD
LG