Пайвандҳои дастрасӣ

Бӯҳрони Сурия. Амрико ва Русия ба тавофуқ "наздик" шуданд


Амрикову Русия мегӯянд, ки дар робита ба барқарории оташбас дар Сурия ба тавофуқ наздик шудаанд, аммо ҳанӯз баъзе ихтилофи ҷузъӣ ҳалли худро наёфтааст. Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров, вазирони корҳои хориҷии Амрико ва Русия, рӯзи ҷумъа барои даҳ соат дар Женева дар робита ба вазъи Сурия ва роҳҳои бурунрафт аз ин бӯҳрон суҳбат карданд.

Ҷон Керрӣ баъди ин музокироти тӯлонӣ ба хабарнигорон гуфт, ки “аксар масъалаҳои фаннӣ ва коршиносӣ дар мавриди барқарории дигарбораи оташбас ва дастрасӣ ба ёриҳои башардӯстона такмил шуд”.

Бо вуҷуди ин, вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, ду тараф омода нестанд, ки ба таври қатъӣ аз тавофуқи нав сӯҳбат кунанд. Вазири умури хориҷии Амрико дар идома ба тарҳи оташбас, ки дар оғози соли ҷорӣ барои барқарории сулҳ дар Сурия ба даст омаду аммо нақз шуд, низ ишора кард ва гуфт, “коршиносони ду кишвар дар Женева хоҳанд монд, то масъалаҳои боқимондаро баҳсу баррасӣ кунанд”.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ Русия ва Амрико бар сари тарҳи оташбас дар Сурия тавофуқ карданд. Вале ба дунболи даргирӣ байни нерӯҳои давлатии Сурия ва мухолифон, ва ба хусус даргириҳои шадид дар шаҳри Ҳалаб, ин оташбас нақз шуд.

Музокироти рӯзи ҷумъаи Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров дар идомаи гуфтугӯҳои ин ду нафар дар Маскав дар моҳи гузашта сурат гирифт. Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, мақомҳои Русия ва Амрико аз моҳи июн ба ин тараф бар сари тарҳе барои барқарории оташбас дар Сурия ва шикаст додани гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар он кишвар бо ҳам музокира доранд.

Панҷ сол қабл, баъди эътирозҳои алайҳи Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия дар шаҳри Даръо оташи ҷанг дар ин кишвар аланга гирифт ва то кунун ҳазорҳо қурбонӣ бар ҷой гузошта, ҳазорҳо тани дигарро барои фирор ба гӯшаҳои гуногуни дунё маҷбур кардааст.

XS
SM
MD
LG